САФИ МИНТАҚАҲОИ САНОАТИИ МАМЛАКАТ ПУРРАТАР ШУД

Дар шаҳри Намангон минтақаи кӯчаки саноатии «Орзу» ба кор сар кард.

Дар чорабинии тантанавие, ки ба ин муносибат созмон дода шуд, намояндагони созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, соҳибкорону корчаллонҳо, собиқадорони меҳнат, ҷавонон иштирок намуданд.
Дар минтақаи кӯчаки саноатии «Орзу» татбиқ намудани 22 лоиҳа ба маблағи умумии зиёда аз 142 миллиард сӯм дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноати сабук, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоти ноширӣ, техникаҳои тиббӣ, борхалтаҳои полиэтиленӣ ва плёнкаҳо, фурӯзонакҳои каммасраф пешбинӣ шудааст.
Президенти мамлакати мо Шавкат Мирзиёев ҳангоми сафараш ба вилоят, ки моҳи майи соли равон ба вуқӯъ пайваст, бо лоиҳаҳое, ки дар ин минтақаи кӯчаки саноатӣ татбиқ мешаванд, шинос шуда, бобати сари вақт ва босифат татбиқ намудани онҳо супоришҳои дахлдор дода буд.
Дар давраи сипаришуда дар доираи иҷрои супоришҳои мазкур ба масъалаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои субъектҳои соҳибкорӣ, ташаккул додани инфрасохтори роҳ, низоми таъминоти электр ва об, ҷудо кардани маблағҳои вомӣ эътибори махсус дода шуд. Бино бар корҳои вобаста ба фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои ба роҳ мондани истеҳсолоти саноатӣ дар ҳудуди минтақа 10 корхона сохта ба истифода супурда шуданд.
– Дар минтақаи кӯчаки саноатии мо, ки мувофиқи ташаббуси Президенти кишвар ташкил гардид, мо боз як корхонаи истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагиро кушодем, – гуфт роҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Истиқлол дизайн маркази» Б. Умаров. – Камзӯлҳои мо, ки таҳти тамғаи тиҷоратии «Идеал» истеҳсол мешаванд, нафақат дар мамлакатамон, балки дар бозори хориҷӣ низ талаботи зиёд доранд. Ба роҳ мондани чунин минтақаҳо барои соҳибкорон имконияти хуб ба шумор меравад, муҳим аст, ки аз ин сарфакорона истифода бубарем.
Дар ҳудуди беш аз ним гектар аз ҷониби корхонаи «Orzu Ideal tekstil» лоиҳаи арзишаш 24 миллиард сӯмина татбиқ гардид. Дар корхонаи мазкур, ки иқтидори истеҳсолиаш соле 250 ҳазор адад либос мебошад, мо ният дорем ҳаҷми содиротро ба 2 миллион доллар ва миқдори ҷойҳои кориро ба 500 адад расонем. Баъд аз ба кор гузоштани давраи навбатии лоиҳа боз 250 нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд. Ғайр аз ин дар минтақаи кӯчаки саноатии «Орзу» ҳамчун туҳфаи сазовор ба ҷашни истиқлолият аз ҷониби корхонаҳои зерин «Porloq tekstil liboclari», «Nurobod sifat tekstil», «Ulug-B», «White gold towel tekstile», «Kvars sanoat servis», «Bosir tekstil servis», «Sugdiyona fayz tekstil», «Universal Food Trade», «Mega eco plast» тақрибан ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам оварда шуданд.
Иштирокдорони маросими кушоиш бо ҷараёни истеҳсолоти дастаи нахустини маҳсулот дар корхонаҳои минтақаи кӯчаки саноатии «Орзу», шароитҳое, ки барои кормандон фароҳам оварда шудаанд, шинос гардиданд.
Баъд аз пурра татбиқ намудани тамоми лоиҳаҳои пешбинишуда иқтидори солонаи истеҳсоли маҳсулоти минтақаи кӯчаки саноатии «Орзу» аз 82 миллиард сӯм мегузарад, тақрибан 4 ҳазор нафар бо кор таъмин мешаванд. Қисми асосии маҳсулот содир карда мешавад.
Тавре ки дар маросими кушоиш зикр гардид, дар шаҳри Намангон боз се минтақаи кӯчаки саноатӣ – «Юксалиш», «Пахталикӯл», «Хонобод» ташкил мешаванд. Ин имкон медиҳад, беш аз 12 ҳазор ҷойҳои озоди корӣ фароҳам  оянд.
Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Намангон Х.Бозоров баромад кард.

Акромҷон САТТОРОВ,
хабарнигори ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: