Дар ноҳияи Сӯх ба варзиш хусусан, ба намудҳои гуногуни варзиши бачагона эътибори махсус дода шудааст.
Дар ноҳияи Сӯх ба варзиш хусусан, ба намудҳои гуногуни варзиши бачагона эътибори махсус дода шудааст.
Шуъбаи маданият ва варзиши ноҳия оиди рушди варзиш корҳои хайру ибратбахшро ба роҳ гузоштааст.
Бачагон ва наврасон дар мусобиқаҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳурӣ ба нишондиҳандаҳои баланд ноил шуда, соҳиби ҷоизаҳои арзанда мешаванд. Дар ҷараёни вохӯрии «Ҳоким ва ҷавонон» ба як гурӯҳ варзишгарон ҷоизаву туҳфаҳоро ҳокими ноҳия Ф. Усаров ботантана супорид. Таъкид бояд кард, ки ҳокимияти ноҳия ёвару дастгири варзишгарони наврас мебошад ва барои пурра ба варзиш ҷалб намудани фарзандон талош мекунад.
Раҳимбердӣ ТОШМАТОВ,
Аҳрори МАҲМУДЗОД,
вилояти Фарғона.
Афрӯзаи шоҳмотбоз
Шоҳмотбоздухтари тоҷик – Афрӯза Ҳамдамова дар мусобиқаи лигаи-1-и Ӯзбекистон, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, аз 8 бозӣ 8 холро ба даст овард ва пеш аз мӯҳлат сазовори мақоми аввал гардид.
Соли ҷорӣ ин дувумин ғолибияти шатранҷбоз мебошад. Қаблан Афрӯза Ҳамдамова дар мусобиқаи духтарони 12-солаи Ӯзбекистон ҳам ба мақоми аввал даст ёфта буд.
Афрӯза Ҳамдамова зодаи ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё буда, ҳоло дар шаҳри Самарқанд зиндагӣ дорад. Ӯ аз чаҳорсолагӣ ба шоҳмотбозӣ машғул аст. Соли 2016 дар шоҳмот меъёри номзади устоди варзиши байналмилалиро ба ҷо овард. То ҳол 10 маротиба ғолиби кишвар, 12 маротиба Ҷоми Осиё ва 5 маротиба ғолиби Ҷоми ҷаҳон (дар намудҳои стандарт, блитс ва рапид) сазовор гардидааст.
Фирӯза МУҲАММАДИЕВА,
вилояти Сурхондарё.