«САФИНАИ СУХАН»

Шукри беҳад, баъди хуб шудани муносибатҳои дипломатии ду ҷумҳурии бародар – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон равобити сиёсиву иқтисодӣ ва маданӣ-маърифатӣ хеле мустаҳкам шуд.

Дар доираи ин ҳамкориҳо бисёр корҳои оламшумул ба сомон расиданд. Ҳар навгоние, ки вобаста ба ин ҳамкориҳо рух медиҳад, касро шоду мамнун мекунад, албатта. Алалхусус, ба аҳли эҷод ин шавқу завқи беандоза мебахшад.

Ба қарибӣ боз як хушхабар зуд дар Ӯзбекистони мо паҳн шуд. Бо саъю ибтикори эҷодкори маъруф, тазкиранигор Иброҳими Наққош дар нашриёти «Эр-граф»-и шаҳри Душанбе китобе бо номи «Сафинаи сухан» рӯйи чопро дид, ки аз он намунаҳои эҷоди беш аз 90 нафар шоирони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷой гирифтааст. Аз ҷумла, дар ин китоби пурмӯҳтаво эҷоди 32 нафар шоирони ӯзбекистонӣ бо тарҷумаи ҳолашон шомил гардидаанд, ки боиси ифтихор аст. 
Дар соли 2021 тазкиранигор Иброҳими Наққош китобе бо номи «Суханварони водии Ҳисор» ба нашр расонида буд, ки дар он низ 12 нафар шоирони воҳаи Сурхон шомил гардида буданд.
 Дар пешорӯйи китоб чунин сатрҳоро мехонем:
«Китобе, ки дар ихтиёри шумост фарогири намунаҳои эҷоди беш аз 90 нафар қаламкашони маъруф ва ҷавону номашҳури минтақаҳову музофоти гуногуни ҷумҳуриҳои ҳамсоя — Тоҷикистону Ӯзбекистон буда, метавонад вазъи имрӯзаи адабиёти тоҷикии ин ду кишварро ба андозае муаррифӣ намояд. Тазкира бо мақсади густариши дӯстии ду кишвар ва равобити адабии онҳо мураттаб ва тадвин шудааст. Умед бар он мебандем, ки ҳаводорони адабиёт онро ба хубӣ истиқбол менамоянд».
Ин аз он далолат медиҳад, ки дӯстии халқҳои ду ҷумҳурии ҳамҷавор ва ҳамкориҳои адабии онҳо рӯз то рӯз мустаҳкам мегарданд. Ин гуна тазкираҳо қимати пурарзиш доранд, албатта, зеро барои донистани муҳити адабӣ ва муаррифӣ намудани намояндагони он нақши бориз доранд. Чунончи, тавассути тазкираҳои муқаддам иншошуда мероси адабии ҳазорон нафар эҷодкорони ниёгонамон то ба мо омада расиданд. Ба ҷуз девонҳои оламшумул тавассути тазкираҳои бебаҳо аз мероси ниёгон баҳраманд мегардем. Чун ҳама имкони чопи китоби алоҳидаи худро надорад, дарҷи ин гуна тазкираҳо барои муаррифӣ кардани эҷодкорон, алалхусус, ҷавоншоирон, нақши муҳим дорад. Ба илҳомашон болу пар мебахшад.
Дар ҳамин замина тафаккур бояд кард, ки чаро дар Ӯзбекистон низ чунин тазкираҳои калонҳаҷм, ки фарогири беш аз 100 нафар эҷодкор бошад, дарҷ нагардад. Дуруст, тазкираҳои «Гулдастаи Самарқанд», «Сарводаи Сурхон», «Ҷилои ахтарони Сӯх», «Гули санг«, «Сапедадам», «Рози чашмасор» ва дигарҳо намунаҳои эҷоди ҳар минтақаро алоҳида чоп кардаанд, вале тазкирае, ки фарогири эҷодиёти аҳли қалами сартосари ҷумҳурӣ бошад, кам аст. Умед мекунем, ки ин кори хайр идома пайдо мекунад.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: