Сафир Зеавит бен ХИЛЕЛ: ЛАВҲАИ ХОТИРАВИИ ТОШКАНД ИНЪИКОСКУНАНДАИ ҶАСОРАТ, КУШОДАДИЛӢ ВА НАМУНАИ БУЗУРГИ ИНСОНПАРВАРИИ ХАЛҚИ ӮЗБЕКИСТОН АСТ

26 май дар «Боғи Ғалаба»-и пойтахт маросими кушодашавии муҷассамаи хотиравӣ, ки ифодагари миннатдорӣ ба халқи Ӯзбекистон барои халос кардани яҳудиён дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон мебошад, баргузор шуд.

Сафири Исроил Зеавит Бен Хилел дар баромади худ таъкид кард, ки лавҳаи ёдгорӣ таҷассумгари намунаи бузурги инсонпарварӣ, ҷасорат ва таҳаммулпазирии халқи Ӯзбекистон аст. Тавре ки сарвари миссияи дипломатӣ тазаккур дод, «ғайр аз ин, муҷассама насли наврасро дар хотир доштани воқеаҳои таърихӣ, ҳифзи осудагӣ ва гиромидошти муносибатҳои дӯстонаи ӯзбеку яҳудӣ, ки дар давоми асрҳо такомул ёфтааст, даъват мекунад».
Дар маросим мушовири вазири мудофиа, роҳбари маҷмӯи ёдгории «Боғи Ғалаба» Шӯҳрат Юсупов, раиси ҷамъияти дӯстии «Ӯзбекистон – Исроил» Саидаҳрор Ғуломов, директори архиви давлатӣ Улуғбек Юсупов ва роҳбари Марказ оид ба омӯхтани яҳудиёни Осиёи Марказии назди Донишгоҳи Байтулмуқаддас, профессор Зеев Левин баромад карданд.
Пас аз қисми расмӣ сафир бо муаллифи муҷассама, ходими илмии Академияи бадеии Ӯзбекистон Марина Бородина лавҳаи хотиравиро кушод.
Дар пештоқи он дар чаҳор забон: ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ ва яҳудӣ матни зерин сабт шудааст: «Дар солҳои вазнини 1941-1942 Ҷанги дуюми ҷаҳон ба Ӯзбекистон зиёда аз якуним миллион гуреза ва эвакуатсияшудагон оварда шудаанд. Дар байни онҳо садҳо ҳазор нафар яҳудиён низ буданд. Ба туфайли баҳам дидани нону намак ва меҳмоннавозии ин халқ гурезаҳо аз ин ҷо наҷот ва сарпаноҳ ёфтанд. Халқи яҳудӣ ва давлати Исроил инро бо некӣ ёд мекунад ва аз халқи ӯзбек сипосгузор аст». 

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: