САФИРИ ИНДОНЕЗИЯ: ИСЛОҲОТ ДАР ӮЗБЕКИСТОН – АСОСИ МУСТАҲКАМ КАРДАНИ ДЕМОКРАТИЯ ВА РУШДИ ИҚТИСОДӢ

Дар рӯзҳои ҷашни 27-умин солгарди истиқлолияти Ватани мо хабарнигорони Оҷонсии иттилоотии «Дунё» чун анъана бо сарони ҳайатҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ, ки дар Тошканд номнавис шудаанд, ба мақсади бо чашми дипломатҳои хориҷӣ мушоҳида намудани комёбиҳои мо суҳбат мекунанд.

Ин дафъа суҳбат бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Анак Агунг Где Алит Сантика ба вуқӯъ пайваст.
– Ман мебинам, ки Ӯзбекистон тӯли солҳои истиқлолият ба комёбиҳои назаррас ноил шуд. Тӯли ду соли охир бошад, бо назардошти ислоҳот ва сиёсати нави стратегии ҷумҳурӣ пешрафти азим ба даст омад. 
Дар мамлакат рушди баланди иқтисодӣ нигоҳ дошта мешавад, инфрасохтор беҳтар мегардад. Сулҳу субот, мулоқоти ошкорои ҳукумат бо халқ, озодкунии иқтисодиёт, ҳифзи ҳуқуқи инсон, рағбатноксозии тиҷорати хурд, таъмин намудани ҳамоҳангии байнимиллӣ ва байнидинӣ, адолати иҷтимоӣ, ҳамчунин фаъол шудани ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя, афзудани нақши ҷумҳурӣ дар арсаи байналхалқӣ аз ҷумлаи дастовардҳои бузург мебошанд. 
Ҳамаи ин ба шарофати барномаи мустақиму мақсадноки пешрафте, ки роҳбарияти Ӯзбекистон амалӣ менамояд, имконпазир гардид. 
Ислоҳоти фарогири иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ барои таҳкими кишвари озоду демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди устувори иқтисодӣ асос ба шумор мераванд. 
Мо ба ташаббусҳои Ӯзбекистон бобати созмон додани Конфронси байналхалқии «Амният ва пешрафти устувор дар Осиёи Марказӣ», ки 10-11 ноябри соли 2017 дар Самарқанд баргузор шуд ва Конфронси доир ба Афғонистон «Ҷараёни сулҳхоҳона, ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният ва шарикии минтақавӣ», ки 27 марти соли 2018 дар Тошканд ба вуқӯъ пайваст, баҳои баланд медиҳем.
Индонезия аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабул шудани Баённомаи оид ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ бинобар таъмин сохтани сулҳу субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказиро дастгирӣ кард ва ба он шарик шуд. Мо бар онем, ки сулҳ ин фақат коҳиши зиддиятҳо ва аз байн рафтани ҷангҳо нест, балки осоиши фарогире мебошад, ки рушди воқеиро ба миён меоварад, боиси фаровонҳоливу пешрафт мегардад, халқҳоро ба қариншавӣ равона мекунад. 
Ман мехостам бинобар ҳамкории тарафайни кишварҳоямон бигӯям, ки мо ҳам дар муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи бисёрҷанба ба комёбиҳои бузург ноил гардидем. Табодули сафар дар дараҷаҳои гуногун хеле авҷ гирифтанд.
Мо аз ҷорӣ шудани режими бидуни раводид барои индонезиён, ки мехоҳанд ба кишвари зебои шумо, ки мероси ғановатманди таърихиву фарҳангӣ ва имкониятҳои бузурги сайёҳӣ дорад, сафар кунанд, хурсандем. Муътақидам, ки сиёсати тарафайни бидуни раводиди байни мамлакатҳои мо ифодаи дӯстӣ ва эътимоди амиқи дуҷониба ба шумор меравад. 
Ман ҳамчунин эътимоди қавӣ дорам, ки муносибатҳои байни Индонезия ва Ӯзбекистон минбаъд низ бомуваффақият инкишоф меёбанд ва мустаҳкам мегарданд.
Мехостам аз номи мардуми Ҷумҳурии  Индонезия халқ ва роҳбарияти Ӯзбекистонро ба муносибати ҷашни 27-умин солгарди истиқлолияти кишваратон сидқан муборакбод намоям.
Ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон шукуфоӣ ва саодат, ба пешрафти ҳамкориҳои дуҷонибаи мо комёбиҳо орзу мекунам.

ОИ «Дунё».
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: