САФИРОН БО САЛОҲИЯТИ САРМОЯГУЗОРИИ НАЗДИАРАЛ ОШНО ШУДАНД

Ҳайати иборат аз сафирони Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар 32 давлати хориҷӣ ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ташриф оварданд.

Ҳайати иборат аз сафирони Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар 32 давлати хориҷӣ ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ташриф оварданд.
Пеш аз ҳама онҳо дар Жуқорги Кенгеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон қабул карда шуданд. Дар он Раиси Жуқорги Кенгеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон М.Камолов сафиронро бо ташрифашон ба Наздиарал хайрамақдам гуфта, дар бораи  корҳои васеъмиқёсе, ки бо ташаббуси роҳбари давлати мо дар ин ҷо татбиқ мегарданд, маълумот дод.
Тавре ки таъкид гардид, Президенти мамлакат ҳангоми сафараш ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон вазифаҳои устувори аз ҷиҳати иҷтимоиву иқтисодӣ инкишоф додани Наздиарал, пешбурди тарзи ҳаёти ободи аҳолиро мушаххас карда буд. Дар ин бобат қарори роҳбари давлат аз 11 ноябри соли 2020 «Дар бораи чораҳои дар тӯли солҳои 2020-2023 маҷмуан инкишоф додани ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон» аҳамияти махсус касб менамояд. Барои ҳар як ноҳия ва шаҳрро бо суръат инкишоф додан ва ҳаллу фасли ҳарчи зудтари мушкилот ба онҳо вазирон ва бонкҳо вобаста карда шуда буданд. Барои ба амал татбиқ сохтани ин вазифаҳо кӯмаки сафирони мамлакати мо дар давлатҳои хо-риҷӣ беқиёс мебошад.
Дар натиҷаи ҳамҷиҳатона ба амал татбиқ намудани корҳо дар даҳ моҳи гузаштаи соли ҷорӣ муомилаи савдои хориҷии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон 519,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбати то ҳамин давраи соли гузашта 121 фоиз бештар аст. Аз ҷумла, ҳаҷми содирот ба 329 миллион доллари ИМА расид. То имрӯз зиёда аз 200 корхонаи содиротгар ба 34 кишвари ҷаҳон маҳсулоти худро содир менамоянд. Солҳои охир доираи содирот ба ИМА, Мянма, Канада, Марокко барин давлатҳо вусъат пайдо мекунад. Бинобар кӯмаки амалии сафоратхонаҳои мамлакати мо дар давлатҳои хориҷӣ соли равон миқдори корхонаҳои содиротгар ба 20 адад зиёд шуд.
Пас аз ташрифи сафирони Фавқулодда ва Мухтор, роҳбарони ваколатхонаҳои дипломатӣ, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ки моҳи декабри соли гузашта ба вуқӯъ пайваст, 273 лоиҳаи сармоягузорӣ ва грантии арзиши умумиашон беш аз 1 миллиард доллар, ҳамчунин шартномаҳои содиротӣ ба имзо расиданд.
Дар асоси муоҳидаҳои мазкур ҳоли ҳозир дар Наздиарал бинобар соҳаҳои истеҳсолот, ҳифзи нигаҳдории тандурустӣ, таълим ва ғайра лоиҳаҳои муштарак ба амал татбиқ карда мешаванд. Ташрифи навбатии сафирон барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои замонавии инноватсионӣ, баланд бардоштани салоҳияти содирот ва сайёҳии минтақа хидмат хоҳад кард.
Дар саридораи Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон тақдимоти лоиҳаҳое, ки дар минтақа бояд амалӣ шаванд, баргузор гардид.

Довуд АБИБУЛЛАЕВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: