САФИРОНИ ӮЗБЕКИСТОН БА ЛИТСЕЙИ АКАДЕМӢ КОМПЮТЕР ВА ҶИҲОЗҲОИ ТАЪЛИМӢ СУПУРДАНД

Сафирони Ӯзбекистон дар кишварҳои хориҷӣ ба литсейи академии назди Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дипломатия маводи таълимӣ бо забонҳои хориҷӣ, компютер ва дигар ҷиҳозҳои зарурӣ тақдим намуданд.

Дар чорабинӣ сафири кишварамон дар Озарбойҷон Баҳром Ашрафхонов, сафир дар Қазоқистон Саидикром Ниёзхӯҷаев, сафир дар Русия Ботирҷон Асадов, роҳбари намояндагии дипломатӣ дар Арабистони Саудӣ Улуғбек Мақсудов, роҳбари намояндаи миссияи дипломатӣ дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов, сафир дар Туркманистон Акмалҷон Қӯчқоров ва сафир дар Туркия Алишер Аъзамхӯҷаев иштирок доштанд.
Дар вохӯрӣ донишҷӯён имкон пайдо карданд, ки бо ҷиҳатҳои ба худ хоси фаъолияти дипломатҳо, равобити мутақобилаи Ӯзбекистон ва кишварҳои хориҷӣ шинос шаванд ва ба саволҳои худ посух гиранд.
Бояд қайд намуд, ки ба мактаб дар ноҳияи Учтеппа, ки Вазорати корҳои хориҷӣ ба сарпарастӣ гирифтааст ва Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дипломатия кӯмаки ҳамаҷониба расонда мешавад.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: