САФОИ “СУБҲИ САОДАТ”

Адабиёти тоҷик дар ҳавзаи Сурхондарё нисбат ба солҳои пеш тараққии бештаре карда, акнун ба хонанда номи чандин эҷодкори ҷавони умедбахш шинос аст.

Саодат Сангинова яке аз чунин эҷодкорон мебошад, ки солҳои охир бо чакидаи қалами худ манзури хонандагон гаштааст. Вай дар назму наср баробар хомафарсоӣ карда, дар ду ҷабҳа ба муваффақият ноил гаштааст. Шеъру ҳикоёти хондании ӯ дар рӯзномаҳои ватаниву хориҷӣ дарҷ гардидаанд. Вай дар майдони адабиёт як шахси тасодуфӣ нест. Дар роҳи эҷод бо қадамҳои устувор дохил шудаву бо эҷоди асарҳои назмиву насрӣ собит кардааст, ки нияташ пок ва азмаш қавӣ мебошад. Яке аз шоирони беҳтарини вилоят, шодравон Абдуллоҳи Раҳмон ба ӯ устодӣ кардаву дар муҳити шеъри ин шоири шаҳир обутоб ёфтааст. Ин аст ки Саодат Сангинова шеърҳои хубу дилнишине эҷод мекунад.  
Вай зодаи деҳаи Сариҷӯйи ноҳияи Сариосиё буда, 22-юми январи соли 1967 дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби зодгоҳаш фаро гирифтааст. Соли 1998 чун донишҷӯйи Донишкадаи омӯзгории ба номи Қандил Ҷӯраеви Душанбе пазируфта шуд. Ин даргоҳи илмро соли 2003 бо тахассуси педагогика дар методикаи таълими ибтидоӣ хатм намуда, ба зодгоҳ баргашт. Чандин сол дар соҳаи худ кор кард. Ҳоло директори мактаби рақами 82-юми ноҳияи Сариосиё мебошад. Барои муаллимони дабистон рисолаи дастурие бо номи “Дарс ва намудҳои он” таълиф намудааст ва он соли 2018 дар шакли маҷмӯа нашр гардида буд. Кори роҳбариву омӯзгорӣ Саодатро аз роҳи эҷод дур наафканд. Вай бо баробари корҳои мактабу маориф пайваста ба эҷоди шеъру ҳикоя шуғл варзид ва ин кор ба як амали дӯстдоштааш мубаддал гашт. Натиҷаи саъю ҳаракати зиёдаш буд, ки имрӯз ба интишори як маҷмӯаи нав шарафёб гашт. Ба қарибӣ нашриёти “Маҳорат”-и шаҳри Самарқанд қаламиҳои ӯро бо номи “Субҳи саодат” мунташир сохт. Дар ин маҷмӯа осори манзуми шоира гирдиҳам омада, қаламиҳои чандинсолаи ӯ ҷой ёфтаанд. Мавзӯи ашъори вай гуногунанд. Ишқу муҳаббат, тараннуми ҳусни ватани аҷдодӣ, меҳри забони модарӣ, тасвири олами рангини бонувони тоҷик мавзӯъҳои меҳварии эҷодиёти шоираи мо мебошад. Ба “Субҳи саодат” яке аз мунаққидон ва устодони шеърдону шеърсанҷи ҷумҳурӣ Абдуқаюми Ҳасанзод муқаддимае навишта, истеъдоди фитрии Саодатро барҳақ ситоиш кардааст ва ӯро аз шоираҳои комёб хондааст. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: