САХОВАТ

ё ки воқеаи як ҷуръа об

Рӯзҳои гарми тобистон.
Ҷавонмарди бистсола дар саҳрое, ки аз деҳа дуртар аст, алафдаравӣ мекард. Танҳо садои дарав ба гӯш мерасид. Бӯйи хуши алафу сабзаҳо дили ӯро ба хуруш меовард. Ҳатто пирамардеро, ки ба наздаш омад, пай набурд. Муйсафед кори ҷавонро камтар тамошо карда, салом дод:
– Ассалому алайкум, писарам, монда набошӣ! 
– Воалайкум ассалом. Мебахшед, омадани шуморо пайхас накардаам, бобоҷон.
– Писарам, ҳаво хеле тасфид, оби кӯзаам тамом шуд. Аз обат як ҷуръа медодӣ, ба деҳа мерасидам.., — муйсафед бо умед ба кӯзаи ҷавон нигарист.
 Афти ҷавон дигаргун шуд. Аввал ба кӯза, баъд ба мӯйсафед нигоҳ кард.
– Чаро дар кӯзаи калонтар об наовардед?.. Ман то шом алаф медаравам. Баъдан дар зарфи ман об кам аст, субҳ вақте аз хона мебаромадам, ба хаёлам наомадааст, ки касе аз ман об мепурсад. 
— Фақат як ҷуръа об деҳ, бачам?.. — гулӯи пирамард қоқ шуд.
Ҷавон гӯё чизеро нашунида бошад, корашро давом дод.
Мӯйсафед ноумед шуд. Пас аз андаке бо овози шикаста, оҳиста «—Майлаш писарам, саломат бош», – гуфт ва даст ба дуо кушод: «–Омин, чашмат бинаду дастат набинад, дастат дидаро чашмат набинад, Аллоҳу акбар».
Ҷавон ҳайрон шуда пурсид:
– Чаро шумо суханҳои нофаҳмо мегӯед? Оё дуо чунин мешавад?
Пирамард ба ақибаш нигоҳ карду чизе нагуфт. Ҷавон вонамуд кард, ки ҳодисае рӯй надодааст ва корашро давом дод.
Пас аз муддате ташна шуд. Даҳони кӯзаи пури обро аз халтаи худ бароварда, кушод. Кӯзаро эҳтиёткорона бардошта, ба лабонаш овард, лабони бача тар шуду об бозистод. Ҷавон кӯзаро баланд бардошт. Боз ду қатра об лабонашро тар кард. Ҷавони парешонхотир лаҳзае ба кӯза чашм дӯхт ва бо ғазаб кӯзаро бардошт. Боз ду қатра! Дигар на! Вай ба воҳима афтод. Бо пояш кӯзаро зад, обаш ба замин рехт. Ҷавон дарҳол кӯзаро аз замин бардошта, ба даҳонаш бурд, ду қатра монда буд... 
— Ин кори пирамард аст. Маро дуои бад кард. Ман чашмгуруснагӣ кардам. Афсус.., — пушаймон шуд ӯ. 
Аз ҳамон рӯз баракаи рӯзгори ҷавон парид.
Панҷоҳ сол гузашту ҷавон пир шуд. Рӯзе ба беморхона афтод. Шинос, хешу табор ва фарзандони беморон ба аёдат меомаданд. Вале аз ҳоли ӯ касе хабар намегирифт.
Дар палатае, ки ӯ хоб мекард, пирамарде муолиҷа мегирифт. Хушфеъл, саховатманд, сарватманду серфарзанд ва хоксору самимӣ буд. Ҷавони ба пирӣ расида ӯро ба худаш наздик гирифта, воқеаи як ҷуръа оберо, ки солҳои пеш руй дода буд, нақл кард.
Пири саховатманд суханони ӯро шунида, бо чашмони ашкбор гуфт: Оҳ, дӯстам! Ҳамон сол, он мӯйсафед назди ман низ омада, як ҷуръа об хоста буд. Ман кӯзаи худро, ки як ҷуръа об дошт, ба дасти ӯ дода будам...

Дилмурод МУҲАММАДӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: