САХОВАТИ ЗАМИН

7 сентябри соли ҷорӣ шодию хурсандии аъзои хоҷагии фермерии «Азамат Наимович»-и ноҳияи Шофиркон андоза надошт.

Онҳо дар ҳудуди Вардонзе дуюмин шуда ба марраи мурод расиданд.
Пахтакорони асил чун одат дар давоми сол суботкорона  меҳнат карда, ҳосили фаровон рӯёнданд. Ниҳоят мавсими ғунучини ҳосил фаро расиду онҳо бо рӯҳбаландӣ ба пахтачинӣ оғоз намуданд ва супоришоти солонаи пахтасупорӣ дар давоми якчанд рӯз иҷро шуд. 
Ба давлат 30 тонна хомашёи пурқимати навъи аввал инъом гардид ва ҳосилнокии 8 гектар майдони пахта ба 38,5 сентнерӣ рост омад. Муҳимаш нақшаи солона бо чинаки якумбора ба сомон расид. Нисфирӯзӣ ба ин муносибат роҳбари хоҷагӣ Азамат Раҳимов дар бошишгоҳи саҳроӣ дасторхони пурфайз ороста, барои аъзоён, чинакчиён ва меҳмонон ош дод. Вай ба пушту паноҳи хоҷагӣ Исмат Қудратов, Иззат Қудратов, Давлат Юсуфов, бародарон Абдуллою Нуралӣ Нуруллоев, Одил Раҳимов, Гулбаҳор Юсуфова, Лола Қудратова, Дилфуза Раҳимова, Норбегим Орифова, саркори хоҷагӣ писараш Аброр Наимов ва дигарон, ки таи солҳо баробараш заҳмат кашидаанду мекашанд: арзи сипос намуд.
***
Деҳқони асил Наим Раҳимов ва ҳамсари вай колхозчӣ Мукаррам Раҳимова соҳиби се духтару се писар буданд. Онҳо ҳамчун волидони худ меҳнатдӯст ба воя расиданд. Гуфтан ҷоиз аст, ки Наимамаки раҳматӣ инсони ҳамиятнок буд. Вай яке аз ташкилотчиёни ба деҳа овардани гази табиӣ ба шумор мерафт. Азамат писари хурдии онҳост. Ӯ баъди хатми синфи IIХ мактаби ҳамон вақт тоҷикӣ таҳсилро дар омӯзишгоҳи касбу ҳунар давом дод ва онро баъди се сол хатм кард. Дар соли 1991 3,5 гектар замин гирифта, ба хоҷагии боғу токпарварии «Мукаррам» асос гузошт. Ҳамин тариқа, ба истеҳсоли ангур, себ ва меваҳои дигар шурӯъ кард. Азбаски вақти кофӣ дошт, соли 1995 ба заводи компрессори гази Газлӣ низ бо смена ба кор даромад. Моҳи октябри соли 2012 ҳокими ноҳия ӯро ба наздаш даъват кард ва гуфт:
– Замоне буд онҳое, ки фермериро сарчашмаи даромади бемеҳнат гумон карда, ба даҳҳо гектар замин соҳиб шуда, ниҳоят фаҳмиданд, ки саҳв кардаанд, оқибат гурехтанд. Аниқтараш мо нагузоштем, ки қитъаҳо бесоҳиб монда, ба шӯразору хорзор табдил ёбанд. Мутаассифона, бо касофати ин тоифаи муфтхӯр ҳосилнокии майдонҳо сол аз сол коста гардид, – лаҳзае хомӯш монд ҳоким ва ба мақсад гузашт:
– Баъди андешаи зиёд қарор додам, ки замин бояд соҳиби ҳақиқии худро ёбад. Хулоса, боварӣ дорам, ки шумо ҳамчун деҳқонзодаи асил бо маслиҳати падар бобати ҳосилхез шудани қитъаҳои шафати роҳи «Ғалаба» кумак мерасонед ва дар ғаллаю пахтакорӣ низ комёб мегардед. Агар ёрие лозим бошад, марҳамат, – гуфт ӯ.
Азамат таклифи ҳокимро рад карда натавонист.
  ***
Деҳқонони асил мегӯянд: «Бидеҳу тамаъ кун». Агар ба замин «нигоҳ» кунед, ҳамвору суфта намоед, сари вақт обу нурӣ диҳед, шудгор кунед, пору андозед, киштзорро нарм карда аз алафҳои бегона раҳонед, вай шуморо комёб мегардонад. Агар гӯем, ки соли аввали фермерии А. Раҳимов ҳосилнокии ғаллазор аз ҳар як гектар майдон ба 7 сентнерӣ ва  пахта ба 5 сентнерӣ рост омад, шояд касе бовар намекунад. Аммо ин ҳақиқат аст. Ба заҳматкашони хоҷагии фермерии «Азамат Наимович» лозим омад, ки то фатҳи қуллаи мақсад панҷ-шаш сол ранҷи бешумор кашанд. Ба нокомиҳо бурдборона сабру тоқат кунанд. Ниҳоят истодагарии устуворона, татбиқи маслиҳати деҳқонони пуртаҷриба, риояи қатъии қоидаҳои агротехникӣ, ҳар сол ба қитъаҳо партофтани ҳаштод присеп нурии маҳаллӣ барин омилҳо имконият дод, ки замин саховати худро барои деҳқонони ҳимматбаланд дареғ надорад. Ҳамин тариқа, соли чорум аст, ки деҳқонон дар қатори аввалинҳо ҳам супоришоти солонаи ғалла ва ҳам пахтасупориро сарбаландона иҷро мекунанд.
– Имсол истеҳсоли ғалларо дар 11 гектар ғаллазори хоҷагӣ ба 75 сентнерӣ расондем. Насиб бошад, ҳосилнокии пахта аз 45 сентнерӣ мегузарад, – моро бовар кунонд фермер.
– Шукр, чор сол ин тараф даромади аъзоёни хоҷагӣ аз дигарон кам не, – илова намуд вай.   

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: