САХӢ ДАР ҲАР ДУ ОЛАМ САРБАЛАНД АСТ

Дар чорроҳаи зиндагӣ ҳар кас роҳеро ихтиёр менамояд.

Дар чорроҳаи зиндагӣ ҳар кас роҳеро ихтиёр менамояд. Оне, ки роҳи савобу хайрро интихоб мекунад, бешак ба манзили мурод мерасад. Зеро Худованд ба ӯ иноят мекунаду дуои халқ мустаҷоб мегардад. Қаҳрамони мо низ шахсест, ки бо амалҳои хайру савобаш ба дили инсонҳо раҳ ёфта, аз ҷавонӣ то кунун дар кӯйи некномӣ қадам мегузорад.
Ҳайиталӣ Алламуродовро дар вилояти Сурхондарё хуб мешиносанд. Ӯро натанҳо ҳамчун тадбиркор ё худ бинокори моҳир, балки чун як инсони дорои фазилатҳои накӯ, саховатпешаву дасткушод медонанду қадр мекунанд. Ӯ кори хайру савобро чун баъзеҳо на барои худнамоӣ мекунад. Балки мебинад, ки дармондае ба ӯ рӯи ниёз овардааст, ё  беваю бечорае муҳтоҷи ёрӣ асту кӯмак расонидан ба ӯ ногузир, зуд дасти мадад дароз мекунад. Ёхуд мебинад, ки дар ягон маҳал мардум аз норасоиҳову муаммоҳо азият мекашанд, вазъиятро омӯхта ба мадади онҳо мешитобад. Мебинад, ки ҷое нообод асту маишати зиндагии мардум хароб, ёрмандӣ мекунаду пайи ободии он камарбаста мешавад. 
Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти роҳбарии ӯ ва корхонаи ихтисосонидашудаи сохтмону таъмири “Термез-тезкор-қурилиш”, ки дар тасарруфаш чандин фирмаву корхонаҳои гуногунпеша шомиланд, ҳоло сухан намеронем. Зеро дар ин бора борҳо дар матбуоти маҳалливу марказӣ мақолаҳо ба нашр расидаанду барномаҳои телевизионӣ таҳия гардидаанд ва ҳоҷат ба муаррифӣ ҳам нест. Дар бораи корҳои неке, ки тӯли солҳо кардааст, низ ҳарфе намезанем. Зеро дар як мақола ҷой додани онҳо низ  душвор аст. Чунки ҳамаи онҳо дар номаи аъмоли ӯ сабт шудаву лоиқи китоб аст. Хизматҳои Ҳайиталӣ Алламуродов дар назди халқу Ватан борҳо қадр шуд. Соли 2018 ба ордени “Дӯстлик” сарфароз гардид. Соли 2020 барои хизматҳояш дар шароити пандемия ва карантин бо нишони сарисинагии “Меҳр-саховат” қадр карда шуд. Декабри соли 2019 номзадии ӯро аз ҲХД Ӯзбекистон ба намояндагии шӯрои вилоятӣ аз ҳавзаи интихоботии Учқизил-14 дар ноҳияи Тирмиз пешбарӣ ва якдилона депутат интихоб намуданд. Акнун масъулияти ӯ даҳчандон афзуд. Рӯзҳои пандемия ба кӯмаки иҷтимоӣ муҳтоҷбудагон беш аз пеш дар ҷомеа маълум шуда монд. Ҳайиталии ҷавонмард, ки саховатпешагӣ ва кори хайру савоб амали доимии ӯст, аз аввалинҳо шуда ба кӯмаки дармондагон шитофт.
Инак, ин ҷо мо тасмим гирифтем ҳоло танҳо дар бораи фаъолияти кунунии депутатии ӯ ва корҳои хайру савобе, ки дар соли 2020 дар вақти карантин амалӣ намудааст, ҳарф занем. 

КӮМАК БА ТИРМИЗИЁН

Ҳайиталӣ, ки ҳоло сокини Тирмизшаҳр асту аксари корхонаҳояш дар ин ҷо фаъолият доранд, аз ҳолу аҳволи муҳтоҷон хабар гирифт. 
Бо ташаббуси ӯ дар арафаи Наврӯзи соли ҷорӣ ба 14 хонадон қариб панҷ миллион сӯм, дертар боз ба 100 хонадон қариб 50 млн. сӯм ва бо хоҳиши прокуратураи шаҳр ба 75 хонадон қариб 25 млн. сӯм, инчунин бинобар муроҷиати шаҳрвандон ӯ ҳамчун депутат ҷамъ ба 194 хонадон ба маблағи қариб 80 млн. сӯмина маҳсулоти хӯрокворӣ тақсим карда дод. Ҳамчунин, ба сокини маҳаллаи “Дӯстӣ” Дилшода Расулова ба маблағи қариб 4 млн. сӯм ва ба маъмурияти мактаби рақами 10-уми Тирмизшаҳр барои гузаронидани камераи назоратӣ 10.235.000 сӯм  кӯмак  кард. Ба шуъбаи вилоятии бокси ҷумҳурӣ бошад, қариб 180 млн. сӯмина ёрдам дод.

ҲАЙИТАЛӢ – ФАРЗАНДИ  САЙРОБ

Ҳайиталӣ Алламуродов аслан зодаи деҳаи Сайроби ноҳияи Бойсун аст. Дар ҳаққи ӯ мардуми деҳа бисёр дуо мекунанд ва номашро доимо бо ҳурмат ба забон мегиранд. Зеро ӯ барои ободонии зодгоҳ бисёр корҳои ибратнок ба сомон расонидааст, ки нақли он мавзӯи алоҳида аст. Дар давраи карантин низ ӯ аз ҳоли ҳамдеҳагон хабар гирифт. Ба 101 хонадони деҳааш ва ҳамсоядеҳ Минчоқ ба маблағи қариб 22 млн. сӯм 9 намуди маҳсулоти хӯрокворӣ оварда тақсим кард.

ДЕПУТАТИ САХОВАТПЕША

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ҳанӯз ҳам ҳастанд депутатҳое, ки дар маъракаи пеш аз интихоботӣ ваъдаҳои хушку холӣ дода, баъди депутат шудан аз ҳоли мардум хабар намегиранд. Лекин Ҳайиталӣ Алламуродов пешакӣ ба ҳеҷ кас ваъдае надод, ӯ ба иродаи халқ бовар кард. Ба муносибати иди Наврӯз ба 242 хонадон ба маблағи беш аз 100 млн. сӯмина маҳсулоти хӯрокворӣ бурда тақсим кард. Ҳамчунин, ба маҳаллаҳои “Қаҳрамон”, “Нурафшон” ва “Нурли диёр” 3 тоннагӣ орд тақсим намуд. Ӯ дар рафти тақсимкунии маводи хӯрока дар ноҳия аз аҳволи мӯҳтоҷу дармондагон аз наздик хабардор шуд. Бо интихобкунандагонаш рӯ ба рӯ суҳбат намуда, бо камбудиву муаммоҳои аҳли маҳалла шинос шуд. Маълум гардид, ки мардум бештар аз муаммои роҳ азият мекашанд. Ба роҳҳои 7 маҳалла – “Янгиобод” 5 км, “Нурафшон” 4 км, “Қаҳрамон” 5 км, Янги ҳаёт” 1 км, “Орол” 3,5 км, “Ат-Тирмизӣ” 2,2 км, “Тинчлик” 1 км – ҷамъ 22 км шағал рехта, ҳамвор кард. Дар ин тадбир 116 мошин шағал ба маблағи 2.2 млрд. сӯм масраф гардид. Инчунин, дар маҳаллаҳои “Қӯнғирот” 12.8 млн. сӯм, “Янги ҳаёт” 7.6 млн. сӯм, “Орол 7 млн. сӯм маблағ барои кандани ҷӯй ҷудо намуд. Барои корҳои таъмиру тармим ба мактаби рақами 1-и ноҳия 2.245.824 сӯм, рақами 2-и ноҳия қариб 2 млн. сӯм, рақами 3-юми ноҳия 5,2 млн. сӯм ҳомигӣ кард. Дар кӯчаи Истиқлоли маҳаллаи “Янги ҳаёт” ба маблағи 32,7 млн. сӯм кӯпрук сохт. Ба маҳаллаҳои “Қаҳрамон”, “Янгиобод” ва “Халқобод” 1 донагӣ трансформатори қувваташ 250 ВТ бурда шинонид. Ҳамчунин, ба 11 нафар хонадони камбизоати маҳаллаҳои номбурда кӯмаки моддӣ расонида, дар таъмири манзили зисташон ёрмандӣ кард. Аз рӯи сарҳисобҳо зиёда аз 32 млн. сӯм ба дармондагону муроҷиаткардагон пули нақд тақсим кард. Мардум аз ин саховатпешагӣ ва корҳои хайри ин ҷавонмард пайваста дасти дуо бардошта ба корҳояш омад мехостанд.

ҲИММАТИ МАРДОНА ДАР САРДОБА

Аз фоҷиаи Ғамангези обанбори Сардоба дилҳои мардум хира, ҳазорҳо одамон маҳрум аз хонаву дар гаштанд. Мардуми баоқибат ва саховатпешаи мо дасти ҳам гирифта, паи бартараф намудани оқибатҳои нохуши он камари ҳиммат бастанд. Қаҳрамони мо Ҳайиталии дасткушоду равшанзамир, ки дар тинаташ фақат некиву накӯкорист, наметавонист ин фоҷиаро дар канор истода наззора кунад. Бо роҳбарии ӯ бригадаи сохтмониаш сӯи Сардоба роҳ пеш гирифт. Онҳо дар маҳаллаи «Учтом»-и ноҳияи Оқолтин барои бунёди маҳаллагузар камар бастанд. Ин маҳаллагузар аз 19 хонадон иборат буда, дар он беш аз 2 млрд. сӯм маблағ масраф шуд.
Ҳайиталӣ воқеан ҳам бинокори моҳир. Дар шаҳри Тирмизу навоҳии вилоят биноҳои мустаҳкаму боҳашамати бунёд кардаи ӯ зеби диёрамон аст. Харидорон низ бештар ба ӯ рӯ меоранд. Ӯ хуб медонад, ки кори босифат ва хайру саховат манбаи даромад мебошанд. Бубинед, ки танҳо дар тӯли 10 моҳи сипаришуда аз ҳисоби даромади корхона зиёда аз 4  миллиарду ҳаштсаду ҳаштод миллион сӯм маблағро дар роҳи хайру савоб, кӯмаки моддӣ ва ҳомигӣ сарф кардааст.
Дуруст, дар урфият «Кори хайри бо як даст кардаатро дасти дигарат набинад» гуфтаанд. Ҳеҷ касе надидааст ва ё нафаҳмидааст, ки Ҳайиталӣ кори кардаашро дар ҷое гуфта мағрурӣ карда бошад. Ин чиз аз табиати ӯ бегона аст. Дер боз ин рақамҳоро гирифта натавонистем. Ниҳоят, бо кӯмаки котиби матбуоти корхонааш Нилуфар Хошметова дастрасамон шуд ва хостем барои ибрати дигарон ин сатрҳоро рӯи коғаз оварем. Меарзад кору фаъолият, меҳру саховати чунин мардони сарбаланду ба ҳимматро қадр намуд. Шоир беҳуда нагуфта:
Ҳиммат баланд дор, 
ки мардони рӯзгор,
Аз ҳиммати баланд ба 
ҷое расидаанд.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: