САЙИД АМИРИ КУЛОЛ САОДАТИ САЙИДӢ

(Пири шашум)

Сайид Амири Кулол ибни Амир Ҳамза ибни Амир Иброҳим пири шашуми тариқати ҳоҷагон-нақшбандия маҳсуб мешавад. Дар силсилаи заррине, ки аз Муҳаммад (с.а.в.) оғоз меёбад, ҳалқаи 15-ум мебошад. Ӯ муриди пири Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд – Бобои Самосӣ аст. Ризқи хеш аз паси касби кулолӣ пайдо кардааст. Биноан, бо лақаби Кулол машҳур шудааст. Падараш Амир Ҳамза ибни Амир Иброҳим аз шаҳри Мадина буда, насабаш ба Муҳаммад (с.а.в.) пайғамбар мепайвандад. Ба Мовароуннаҳр кӯчида дар атрофи Бухоро умр ба сар бурдааст. 
Дар сарчашмаҳо омадааст, ки Амири Кулол марди қадбаланд, фарохшона, дароздаст, абрукамон ва ба он андоза хоксор буда, ки эътирозу саркашӣ чист намедонистааст. 
Бино ба натиҷагириҳои олимон Амиру Кулол соли 1281 дар деҳаи Сухори (дар манбаъ Афшина омадааст) ноҳияи Когони кунунӣ дида ба дунё кушодааст. Қисми зиёди умраш дар Бухоро пушти сар шудааст. Бино ба маълумоте як муддат дар Насаф (Қаршии кунунӣ) низ ба сар бурдааст. Соли 1370 дар деҳаи Сухор вафот карда, бино ба ҳисоби милодӣ 89 сол умр ба сар бурдааст. Ӯро дар қабристони деҳа дафн кардаанд. Тӯли солҳои истиқлол дар болои қабраш мақбара ва дар атрофи мақбара маҷмаае бунёд гардид. Маҷмаа мақбара, боғ ва масҷиди ҷомеъро дар бар мегирад. Ҳоло ин маскан ба зиёратгоҳи ҳамватанон ва оламиён табдил ёфтааст. 

БАШОРАТИ «АМИРИ КАЛОН Ё САЙИД ОТА»

Амири Кулол бо лақаби «Амири Калон» низ машҳур аст. Аҷобаташ дар он, ки ин лақаб ба ӯ пеш аз таваллудаш дода шудааст.
Падари Амири Кулол бо яке аз намояндагони тариқати Яссавия – Сайид Ота дӯстӣ дошт. Ин авлиё ҳар боре, ки ба Бухоро ояд, бо ӯ вомехӯрдааст.
Боре башорат кардааст, ки дар хонадони Амир Ҳамза фарзанди бузурге ба дунё хоҳад омад, ки ба ӯ аз рӯйи эҳтиром лақаби «Амири Калон»-ро медиҳанд. Тифл ба дунё меояд. Ин бор, вақте Сайид Кулол ба Бухоро меояд, ба сари Амири Кулоли чорсола ними саллаашро печонда, дар ҳаққи ӯ дуо мекунад. 

АВЛИЁИ ПАҲЛАВОН

Амири Кулол ҷисмонан марди нируманд буд. Ин нирӯ ӯро ба гӯштингирӣ хонд. Ба сифати паҳлавоне, ки тахтапушташ ба замин нарасидааст, ба воя расид. 
Боре, вақте дар Ромитан машғули гӯштингирӣ буд, Бобои Самосӣ ташриф фармуда, ӯро ба тариқат даъват менамояд. Пир муриди ҷавони худро 20 сол тарбия кард. Баъди вафоти Бобои Самосӣ бори роҳбарии тариқат ба дӯши Амири Кулол меафтад. 

УСТОДИ ШОГИРДАШ БИСЁР 
ё пири калони Амир Темур 

Амири Кулол дар байни ҳафт пири тариқати ҳоҷагон – нақшбандияи Бухоро сермуридтарин устод аст. Дар манбаъҳо доир ба 114 муриди ӯ маълумот дода шудааст, ки баробар аст ба теъдоди сураҳои Қуръони карим. Дар байни онҳо машҳуртаринашон Баҳоуддини Нақшбанд, Шамсиддини Кулол ва Хоҷа Орифи Деггарон аст. Шамсиддини Кулол пири Амир Темур ба шумор меравад. Пас, маълум мешавад, ки Амири Кулол барои Амир Темур пири калон аст. Ин дар он давр  аз мақоми баланд доштани тариқати хоҷагон – нақшбандия дарак медиҳад. 

ПАДАРЕ, КИ ТАРБИЯИ ПИСАРАШРО БА МУРИДИ ХУД ВОГУЗОШТААСТ

Дар «Насоим-ул-муҳаббат...»-и Навоӣ омадааст, ки боре ба шогирдаш – Баҳоуддин чунин мегӯяд: «Устод вақте шогирдеро ба тарбияи худ гирифт, натиҷаи кори худро дидан мехоҳад. Дар кору рафтори шогирд нуқсе бинад, ба ислоҳи он мекӯшад. Инак, писарам Мир Бурҳон дар тарбияи маънавии пире қарор надорад. Тарбияи ман натиҷаи матлуб намебахшад. Мехостам, ки бо тарбияи ӯ машғул шавед».
Магар, тарбияи фарзанди устодро ба зимма гирифтан кори осон аст? Баҳоуддин гӯш ба ин суханони устод дода, сукут варзид. Устод гуфт: «Сукут наварзед». Баҳоуддин бо тарбияи писари пир машғул шуд. Бад-ин тариқ дар рӯҳи Сайид Бурҳон дигаргунӣ рӯй дод, ба қавли Навоӣ: «Ҳолати қавӣ дар ӯ падид омад ва осори шукри ҳақиқӣ зоҳир гардид».

ИҶОЗАТ БАРОИ ТАЪЛИМИ ТАКРОРӢ

Аз силсилаи мақолаҳои «Ҳафт пир» шуморо маълум аст, ки Бобои Самосӣ дар назди Амири Кулол вазифа гузошта буд, ки тарбияи Баҳоуддини ҷавонро ба зимма гирад. Шогирд ин вазифаро бекаму кост иҷро кард. Рӯзе Амири Кулол Баҳоуддинро ба наздаш хонда гуфт: «Васиятро дар мавриди ту пурра иҷро  кардам». 
Гуфт: «Ҳар чӣ дар боби тарбият буд, бароят додам». Сипас ба сари сина имо карду афзуд: Ин пистонро барои ту хушк кардам ва мурғи рӯҳонияти ту аз байза (тухм) берун шуд. Аммо шаҳбози ҳиммати ту баландпарвоз омад». Аз ин баҳои устод эътирофи истеъдоди беназири шогирд эҳсос мешавад. Бад-ин тариқ, ӯ ба Баҳоуддин иҷозат медиҳад, ки аз пири дилхоҳаш таълим гирад. Шогирд барои таълиму тарбия ба Насаф – ба ҳузури яке аз пирони тариқати яссавия Қусам Шайх меравад. 

РӮҲ ДИГАР АСТУ ҶИСМ ДИГАР

Дар «Мақомоти Амири Кулол» бисёр кароматҳои Амири Кулол оварда шудаанд. Аз ҷумла, гуфта шудааст, ки ӯ дар овони бачагӣ ба бародараш моҳибирён мебурд, як умр ҳарчанд аз ҳудуди Бухорою Насаф берун нарафтааст, тӯли 32 сол ҳар сол дар ғайб ба зиёрати ҳаҷ мерафт, ҳар рӯзи ҷумъа ғоибона дар масҷиди Рум имомӣ мекард, хоҳиши муридонро аз дур истода пиёда ва ҳайвонҳои ваҳширо ба осонӣ ром мекард.

ТИР ЧАРО АЗ КАМОН БЕРУН МЕҶАҲАД? 

Амири Кулол ба забони форсӣ-тоҷикӣ шеърҳо ба мерос гузоштааст. Баъзе аз онҳо пурмуҳтавоянд.
Мутаваҷҷеҳ бошед: 
Бо бад манишину бош бегонаи ӯ,
Бар дом афтӣ, гар бихӯрӣ донаи ӯ.
Тир аз пайи ростӣ камонро каҷ дид,
Дидӣ, ки чӣ гуна ҷаст аз хонаи ӯ.

АЗ ХУДО ДУР, АЗ ХЕШ БЕГОНА БУДАН БЕҲ

Байти зерин ҳар касро водор месозад, ки аз тарзи ҳаёти худ биандешад: 

Маёзор мӯру маёзор кас,
Раҳи росткорӣ ҳамин асту бас.

ФАРЗАНДИ ПОК

Ҳақиқатҳое вуҷуд доранд, ки бо гузашти давру замонҳо аҳамияти худро аз даст намедиҳанд. Ин чор сатри мондагори Амири Кулол далели гуфтаи мост:

Нишони он, ки ман фарзанди покам,
Падар ҳам пок, модар ҳам афифа.
Дилам пок асту доман пок дорам,
Тариқи ростраҳ – бӯйи ҳақиқа.

ИЛМ  ВА АМАЛ

Дар байни халқ сухани ҳикматомезе ҳаст, ки ин аст: «Гуфтаи муллоро иҷро куну кору амалашро на».
Дар замири ин панд фикри «Гӯяндагон худ ба суханашон амал намекунанд» нуҳуфтааст.
Ин суханонро беҳуда намегӯям. Итминонат қавӣ бошад, ки Амири Кулол ба ғояҳои тарғибнамудааш худ қотеона амал кардааст. Дар рӯзгори чунин бузургон сухан по ба пойи амал рафтааст. Онҳо намунаҳои олии илму амалро намоиш додаанд.

Султонмурод ОЛИМ,
адабиётшинос, 
Ходими шоистаи 
фарҳанги Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: