Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ 14-16 сентябри соли равон бо сафари расмӣ дар кишвари мо буд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.
Бинобар натиҷаи гуфтушунидҳои дараҷаи олии ӯзбекистониву эронӣ 18 ҳуҷҷат ба имзо расид, ки ҳамкориҳои ҷабҳаҳои мухталифро дар бар мегиранд.
Иброҳим Раисӣ ҳамчунин дар ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар Самарқанд баргузор шуд, ширкат ҷуст.
Хабарнигори Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бобати даврони нави муносибатҳои тарафайни байни ду кишвар ва натиҷаҳои пешбинишудаи муоҳидаҳое, ки дар доираи ҳамоиши СҲШ ба имзо расиданд, суҳбат кард.
– Ҷаноби Президент, шумо дар муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон кадом масъалаҳоро муҳим мешуморед?
– Дар ибтидои суҳбат вазифаи худ медонам, ки ҳукумат ва халқи Ӯзбекистонро бо сиюякумин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон муборакбод намоям.
Аз рӯзҳои нахустини истиқлоли Ӯзбекистон Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибатҳо бо кишвари шумо эътибори махсус медиҳад. Аз оғози фаъолияти ҳукумати сенздаҳум, ки пас аз Президент интихоб шудани ман ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ташаккул ёфт, яке аз самтҳои бартариноки мо бинобар сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ рушди ҳамкориҳои бисёрҷанба бо кишварҳои ҳамсоя ва наздик, аз ҷумла бо Ӯзбекистон гардид, ки дӯст ва ҳамсояи мост. Агар масъалаи мазкурро дар доираи умумӣ баррасӣ намоем, равшан мегардад, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз роҳи сиёсати хориҷии худ пас намегардад ва бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳар ҷиҳат ҳамкорӣ менамояд.
Сафари расмии ман ба Ӯзбекистон бинобар даъвати расмии бародарам Шавкат Мирзиёев, ҳамчунин ба сифати эҳтироми махсуси ман ба Аълоҳазрат баргузор шуд. Ду кишвари асосии минтақа – Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро умумияти таърихӣ, фарҳангӣ ва тамаддун алоқаманд мекунад, бинобар ҳамин ҳам рушди муносибатҳои тарафайни мо ҳатмист. Ҳангоми сафар ба шаҳри зебои Самарқанд ман хуб дарк намудам, ки решаҳои умумии байни халқи кишварҳои мо амиқанд, халқи бузурги Ӯзбекистон бошад, сармояи асосии давлат аст, ин мардуми кушодадилу меҳнатдӯсте мебошанд, ки барои шукуфоии мамлакат ва муваффақ шудан ба ҳадафҳои олӣ хастанопазирона кор мекунанд. Халқҳои Эрон ва Ӯзбекистон бисёр шахсиятҳои бузурги илму адаб, аз ҷумла Хоразмӣ, Абу Алӣ ибни Синоро тарбия карда, ба хидмати ҷаҳониён гузоштаанд. Ин шахсиятҳо, бидуни шубҳа, ифтихори халқҳои тамоми олам ба шумор меравад.
Кишварҳои мо дар соҳаҳои мухталиф ҳамкорӣ доранд. Табодули ҳайатҳои дараҷаҳои гуногун дар соҳаҳои сиёсат ва амният амалӣ мешаванд, машваратҳои сиёсӣ мунтазам баргузор мегарданд, барои танзими осоиштаи вазъият дар Афғонистон, ки бо ҳар ду мамлакат ҳамсоя мебошад, дар байни сохтор ва созмонҳои нирӯйӣ, ки барои мубориза бо ҷинояткории муташаккил, экстремизм, терроризм ва тиҷорати нашъа масъул мебошанд, ҳамчунин вазоратҳои корҳои хориҷӣ ҳамкориҳо амалӣ мешаванд. Баробари ин ҳар ду мамлакат дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони Милали Муттаҳид робитаҳои қаринро дастгирӣ мекунанд.
Соҳаи савдову иқтисод аз ҷумлаи ҷанбаҳои пешомадноки муносибатҳои ду кишвар ба шумор меравад. Афзудани ҳаҷми савдои тарафайн исботи равшани ин гуфтаҳо мебошад. Ӯзбекистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавқеи хуби транзитӣ дорад, имкониятҳои мусоиди транзитии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз он шаҳодат медиҳанд, ки соҳаи нақлиёту транзит аз ҷумлаи ҳалқаҳои муҳими муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳои мо маҳсуб меёбанд. Ҷумҳурии Исломии Эрон барои истифодаи бандаргоҳҳои Эрон, аз ҷумла бандари муҳими баҳрии Чобаҳор барои Ӯзбекистон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст.
Сайёҳӣ низ аз соҳаҳои асосӣ дар муносибатҳои байни кишварҳои мост. Бо назардошти муҳимияти соҳаи мазкур ва имкониятҳое, ки дар ин ҷанба мавҷуданд, шахсони расмӣ ва соҳибкорон бояд баҳри рушди муносибатҳо дар ин самт бештар саъю кӯшиш кунанд.
Умумияти таърихӣ ва фарҳангии ду мамлакат – барои ҳамкорҳои муфиди тарафайн асоси хуб мебошанд. Ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои эҳёи ёдгориҳои таърихӣ, иштирок дар намоишгоҳ ва чорабиниҳои соҳаи фарҳанг ва санъат, кино ва варзиш аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки татбиқ мешаванд ё худ дар рӯзномаи кории ду мамлакат қарор доранд. Баробари ин бояд ҳамкорӣ дар соҳаҳои табодули донишҷӯён, ҷудо кардани стипендияҳо ва ҳамкориҳои тарафайни байни муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ инкишоф ёбанд. Дар ҷараёни сафари ман ба имзо расидани як қатор ҳуҷҷатҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ намоиши қатъияти кишварҳои мо бобати ҳамаҷониба инкишоф додани муносибатҳои муфиди дуҷониба гардид.
– Аҳолии ду мамлакат яксаду бист миллион нафарро ташкил медиҳад. Ин бозори бузург аст. Вай маънои онро дорад, ки истеҳсоли маҳсулот ва пешниҳоди хидматҳои гуногун барои соҳибкорони Эрон ва Ӯзбекистон имконияти бағоят хубро фароҳам меоварад. Ба ин маънӣ дар бораи пешомади муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии Эрон ва Ӯзбекистон чӣ метавон гуфт?
– Тавре ки шумо дуруст зикр кардед, Эрон ва Ӯзбекистон аз ҷумлаи кишварҳои сераҳолитарини минтақа ба шумор мераванд. Ин барои рушди ҳамкорӣ дар ҷанбаҳои мухталиф имконияти хуб аст. Бисёр муоҳида ва шартномаҳое, ки ба вусъат додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ нигаронида шудаанд, ба имзо расиданд. Вале, аз назари мо, онҳо ба иқтидори мавҷудаи ду мамлакат мусоидат намекунанд. Бешубҳа, ҳар ду кишвар барои пешниҳоди бартариҳои худ ва таъсири мусбат ба иқтисодиёти якдигар имконият доранд. Чунончи, захираҳои азими энергетикӣ, инфрасохтори нақлиёт, ки бандаргоҳҳо ва роҳҳои оҳанро фаро мегиранд, технологияҳои замонавӣ, комёбиҳои мо дар соҳаҳои тиб ва кишоварзӣ метавонанд аз ҷониби соҳибкорони ӯзбекистонӣ истифода шаванд. Дар навбати худ Эрон метавонад аз имкониятҳое, ки шумо доред, истифода бубарад.
Дар даврони президентии Шавкат Мирзиёев рушди назарраси муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳои мо, аз ҷумла афзудани ҳаҷми савдои тарафайн, ҳамчунин мавҷудияти имконияти бузург дар самти мазкур қайд карда мешавад. Шубҳае нест, ҳукумати ду мамлакат бояд барои аз байн бардоштани монеаҳои мавҷуда дар роҳи рушди муносибатҳои байни корчаллонҳо саъю кӯшиш кунанд. Ҳар ду мамлакат дар муҳлатҳои кӯтоҳ бояд саъй намоянд, ки ҳаҷми савдои тарафайн дучанд афзояд. Ширкатҳои эронӣ барои ворид шудан ба Ӯзбекистон ва ба роҳ мондани истеҳсолот дар ин кишвар имконятҳои зиёд доранд. Сармояҳои муштарак метавонанд аз воситаҳои хуби таҳкими робитаҳои иқтисодӣ гарданд.
Тавре ки дар боло зикр шуд, бо назардошти миқдори зиёди аҳолӣ сайёҳӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд боз як самти назаррас ба шумор меравад, ки кишварҳои мо метавонанд куллан инкишоф диҳанд. Хурсандиовар аст, ки ҳар ду давлат бобати ҷонибияти сайёҳӣ дар ҷаҳон мавқеи баланд доранд. Мо метавонем сайёҳиро аз тариқи татбиқ сохтани чорабиниҳо бинобар афзудани миқдори хатсайрҳои тарафайни авиатсионӣ ва муқаррар кардани режими бидуни раводид инкишоф диҳем.
– Самтҳои эронӣ, аз ҷумла гузаргоҳҳои нақлиётиву транзитие, ки ба бандари Чобаҳор мебаранд, барои Ӯзбекистон воситаи хеле мусоид бобати баромадан ба баҳри кушод мебошанд. Хоҳишмандем, дар бораи корҳое, ки барои рушди ҳамкории ду мамлакат дар ин самт татбиқ мешаванд, ҳарф занед.
– Ҷумҳурии Исломии Эрон омодааст ба кишвари шумо дар ин масъала ҳарчи бештар кумак расонад. Аз рӯзи аввали истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон мо таъкид намудем, ки шабакаи роҳҳои оҳан, автомобилгард ва баҳрии мамлакати мо, аз ҷумла бандаргоҳҳои Бандари Аббос ва Чобаҳор имкон доранд ба соҳибкорони ӯзбекистонӣ ба мақсади кашондани бор аз Ӯзбекистон ва давлатҳои дигар истифода шаванд. Вобаста ба ин дар чаҳорчӯбаи Муоҳидаи Ашхобод, шартномаи сеҷонибаи байни Эрон, Ӯзбекистон ва Афғонистон, як қатор дигар муоҳидаҳо саъю кӯшиши фароҳам овардани шароитҳои ҳукуқӣ, консулӣ ва гумрукӣ барои ҳамкорӣ дар самти мазкур амалӣ шуданд.
Мувофиқи барномаҳои нави Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бунёди бисёр иншооти инфрасохтори роҳи оҳан ба нақша гирифта шудаанд, ки аз онҳо соҳибкорони ӯзбекистонӣ метавонанд барои ба роҳ мондани савдои хориҷии худ истифода бубаранд. Мо ҳамчунин ният дорем дар бандари Чобаҳор барои иштирок ва сармоягузории кишварҳои манфиатдор имкониятҳои зарурӣ ва мувофиқро фароҳам оварем. Мо тайёрем Ӯзбекистонро ба Муоҳидаи Чобаҳор дохил ва гузаргоҳи Шимол-Ҷанубро пешниҳод кунем. Дар байни мамлакатҳои мо бинобар масъалаи мазкур бисёр сафар ва гуфтушунидҳо гузаронида шуданд. Баробари ин, роҳҳои оҳан ва автомобилгарди Ӯзбекистон барои сафари тоҷирони эронӣ ба кишварҳои дигар мусоид дониста мешаванд ва мо аз онҳо дар доираи муоҳидаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ истифода мебарем.
– Шумо ба вазъи кунунии Ӯзбекистон дар ҷомеаи ҷаҳон, ҳамчунин сиёсати хориҷие, ки кишвари мо татбиқ менамояд, чӣ гуна баҳо медиҳед?
– Ман ба муносибати ҳукумати Ӯзбекистон дар соҳаи сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ баҳои хуб медиҳам, онро ҳамаҷониба андешидашуда, мантиқӣ ва мусбат меҳисобам.
Сиёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи ҳамкориҳои муфиди тарафайн бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, ташаббусҳо дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар таҳкими сулҳу салоҳ ва эътидол дар минтақа нақши муҳим мебозанд.
Ҷамъомади Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар чунин вохӯриҳое, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил карда шудаанд, сазовори баҳои баланд мебошанд. Дар анҷоми суҳбат вазифаи худ медонам, ки ба бародарон ва хоҳарони мо аз Ӯзбекистон бинобар истиқболи сазовор ва меҳмоннавозиашон миннатдории амиқ изҳор намоям.
– Мо низ ба Шумо барои он ки баҳри ҷавобдиҳӣ ба саволҳои мо вақт ҷудо кардед, ҳамчунин барои муносибатҳои самимии Ҷумҳурии Исломии Эрон нисбати халқ ва давлати мо сипосгузорӣ мекунем. Барои суҳбати пурмазмун миннатдорам!
Мусоҳиб
Аслиддин СУЮНОВ,
хабарнигори ӮзА.