Бибиам ба мо, наберагон боре дар бораи фаранҷӣ нақл карда буданд.
Бибиам ба мо, наберагон боре дар бораи фаранҷӣ нақл карда буданд. Ба гуфтаи он кас ҳанӯз дар нӯҳсолагӣ фаранҷӣ ба сар намудаанд. Зеро он замон ба фаранҷӣ ба кӯча баромадани занону духтарон куллан манъ будааст. Гузашта аз ин, мо намуди гуногуни фаранҷиро дар филмҳои таърихӣ тамошо мекунем. Аммо замонаҳо тағйир ёфтаву пӯшидани сатр ё фаранҷӣ низ дар байни занону духтарони мо аз байн рафтааст.
То солҳои наздик баъзе занони калонсоли қӯқандӣ, марғелонӣ, тошкандӣ ва амсоли он, ки дар бозорҳо дӯппӣ мефурӯхтанд, фаранҷӣ ба сар мекарданд. Аммо аксар вақт фаранҷии худро пушти сар партофта, ба савдои дӯппӣ машғул мешуданд. Дар баъзе минтақаҳои кишварамон имрӯзҳо арӯсро то хонаи домод бо фаранҷӣ мебаранд. Дар пояш кафшу маҳсӣ низ мепӯшонанд, ки хоси суннатҳои миллии мо мебошад.
Як қатор арзишҳои миллии фаромӯшшуда аз тариқи осорхонаҳо ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Дар либосҳои миллӣ бошад, баъзе урфу одат, муносибатҳои иҷтимоӣ, маърифатию фарҳангӣ, идеалҳои зебоӣ, вижагиҳои идоракунӣ ва баъзе паҳлӯҳои ҳаёти оилавии мардумони мо акси худро ёфтаанд. Яке аз чунин либосҳо фаранҷист. Он ҷомаи калону васеъ буда, сар то по бадани занҳоро мепӯшонад.
Фаранҷӣ остинҳои дарозу борик дорад, ки баъзан ба пушт мепартоянд ва ё онро дӯхта мемонанд. Он ба ҳамин маънист, ки остинҳо мавриди истифода қарор намегиранд.
Фаранҷӣ вожаи арабӣ буда, маънои либоси васеъро медиҳад. Онро баъзан чодар низ меноманд, ки муслимаҳо дар сар мекунанд. Фаранҷӣ дар Миср пайдо шудааст ва баъд паҳн гардидааст. Дар замони салтанати Шайбонӣ (асри шонздаҳ) ҷома-фаранҷиро дар Осиёи Миёна уламо мепӯшиданд. Дар замони шоҳигарии Бобур ва салтанати Темуриён фаранҷӣ либоси фокираи давлатмандон, уламо ва рӯҳониён маҳсуб меёфт.
Маънои вожаи фаранҷӣ либоси мардона ва занонаро низ медиҳад. Либоси остиндарозе, ки аз болои пироҳан ё курта сари китфон мепӯшанд, як ашёи маъмулии муҷассамаҳои терракотӣ будааст, ки дар шаҳри бостонии Самарқанд ва атрофи он пайдо кардаанд (Терракота истилоҳе маънидод мешавад, ки одатан барои муҷассамасозии гилин истифода мекунанд). Ин муҷассамаҳо олиҳаи Аноҳито – симои ҳимоятгари қувваҳои мусбати обу табиат мебошанд.
Дар “Авасто” Аноҳито ҳамчун духтари ҷавон ва сарватманд тасвир ёфтааст. Бешубҳа, сару либоси вай намунае аз либосҳои маҳаллиро инъикос менамояд, аз ин рӯ муҷассамаҳои терракотаи Аноҳито аз бозёфтҳои арзишманде шумурда мешаванд, ки чи гуна болопӯш доштани занону духтарони замонро барои мо бозтоб медиҳанд. Ин болопӯш, ё ба истилоҳ фаранҷӣ, дар давраҳои гуногуни таърихӣ мувофиқи завқу табъ тағйир ёфтааст, аммо ҳамеша ҳамон шакли қадимии худро маҳфуз доштааст.
Дар асри XIX занони мусалмон ҳангоми берун аз хона шудан рӯсарӣ доштанд. Маҳз дар ҳамин аср фаранҷӣ ба сифати ҷузъи ҷудонашаванда ва ҳатмии либоси занон роиҷ гардид. Он чор кунҷ дорад ва аз ёли асп тайёр карда мешавад. Атрофаш бо матоъи гулдӯзишуда зинат ёфтааст. Яке аз вижагиҳои пӯшидани фаранҷӣ дар он будааст, ки духтарони аз 9-сола боло зимни беруни ҳавлӣ рафтан онро ба сар мекашиданд. Барои онҳо фаранҷии махсуси духтарона медӯхтанд, ки аз рӯи шакл тақрибан бо фаранҷии занон яксон буд. Аммо ба далели он ки он духтарона буд, ранги суп-сурх ё сурхи тираро мегирифт ва он фаранҷии муваққатӣ шумурда мешуд. Баъди ба шавҳар баромадан духтар фаранҷии занонро ба сар мекард.
Дар замонҳои гузашта фаранҷии занон аз матоъи арзон сохта мешуд. Намунаи ҳамин фаранҷиҳо, ки соли 1860 дӯхта шудаанд, дар осорхонаҳо маҳфузанд. Он ду навъ буда, аз калобаи оддӣ ва матоъи абрешимӣ дӯхта мешуд.
То солҳои 1900 фаранҷӣ тарзе тайёр карда мешуд, то ки таваҷҷӯҳи одамон, хусусан мардонро ба худ ҷалб нанамояд. Фаранҷиҳои аз матоъи банорас сохташуда нимабрешимӣ буда, ранги якхеларо мегирифт. Ҷавонзанҳо ва арӯсҳо фаранҷии аз банорасҳои нуқрафом тайёркардашударо мепӯшидаанд.
Маъмулан, ин гуна фаранҷиҳо ҳамчун маҳр барои духтарони хонаводаҳои сарватманд дӯхта мешуданд. Бо гузашти айём фаранҷиҳои маҳаллии қиммат ва шоҳӣ, кимхобу атласи қошғарӣ пайдо шуданд. Дар солҳои навадуми садаи нӯздаҳ фаранҷиҳои махмалӣ ба ҳукми анъана даромаданд, ки рангҳои сиёҳ, сабз, кабуд, зард ва амсоли онро доштанд ва ба фаранҷии қашангу зебо, дурахшону гулдӯзишуда мубаддал гардиданд.
То солҳои 30-юми қарни XX тарҳи фаранҷиҳои Тошканду Фарғона тағйир наёфтааст. Пештар дарозии фаранҷӣ ба ҳамон гуна будааст, ки пироҳани зан ба чашм намоён нашавад. Бо гузашти айём он камтар кӯтоҳ шудааст ва то хами зону мерасидааст. Ин дар ҳоле будааст, ки фаранҷиҳои пештараро занону духтарон рӯ-рӯи замин кашола мекардаанд.
Фаранҷӣ, ба истиснои бархе аз қисматҳои он, ҳатто баъди пайдо шудани мошинҳои дарздӯзӣ низ дастӣ дӯхта мешуд. Гиребони онро бо мошини дарздӯзӣ гулкорӣ мекарданд. Он ҳамеша астардор дӯхта мешуд. Одатан матои чити арзонро ба сифати астар корбаст мекарданд. Дӯхтану тайёр кардани фаранҷӣ кори саҳлу сода набуд. Дӯзандагони он ҳамеша серкору сертараддуд буданд ва дар ивази он музди хуб мегирифтанд. Агар матоъ ҳар қадар гароннарх бошад, арзиши дӯзанда низ боло мерафт. Зеро мебоист вай эҳтиёткорона фаранҷиро дӯзад ва ҳувайдост, ки барои он вақти зиёд сарф мекунад. Ҳатто дар байни занон овозаҳо мавҷуд будааст, ки баъзан барои дӯхтани як фаранҷӣ дӯзанда ду моҳ вақт сарф менамояд.
Ду-се фаранҷӣ барои як зан як умр мерасидааст. Аммо барои хонаводаҳои сарватманд як зан то 4 фаранҷӣ дошта, он аз матоъи гароннарх дӯхта мешудааст. Бо гузашти солҳо фаранҷӣ аз истеъмоли доимӣ баромадааст ва онро танҳо дар маросимҳо истифода мебурдагӣ шудаанд. Аз ҷумла, дар аввалҳои асри бистум арӯсро ба хонаи домод дар фаранҷӣ меовардаанд ва арӯс дар назди гулхани афрӯхташуда чанд лаҳза менишастааст. Маҳз ҳамин урф дар бархе аз минтақаҳои кишварамон ҳанӯз боқӣ мондааст.
Дар маросими саломи арӯс низ вай зери фаранҷӣ мебаромадааст ва ба хонаи падар низ бори аввал дар фаранҷӣ ё сарандоз (рӯймоли сафед) меомадааст.
Дар байни мардум одат будааст, ки то вақти вафоти соҳиби фаранҷӣ онро дар сандуқ нигоҳ медоштаанд. Вақте ки вафот мекунад, онро дар тарафи сари майити тобут мегузоштаанд. Фаранҷӣ синну соли майитро низ маълум мекардааст: агар духтарчаи то 9-сола вафот карда бошад, болои тахти равон фаранҷии сурх мепартофтаанд, агар зани ҷавон вафот кунад, беҳтарин фаранҷии ӯро мепӯшонидаанд, агар зан миёнсол ё пир бошад, фаранҷии оддии хокистаррангро болои тобут мепӯшонидаанд.
Нуктаи дигаре, ки аз рӯи фаранҷӣ метавон муқаррар намуд, тарзи ҳаёти иҷтимоӣ ва мақоми зан дар ҳамон ҷомеа мебошад. Дар айни ҳол дар минтақаҳои гуногуни кишварамон фаранҷиҳо дар шакл ва рангҳои гуногун дӯхта мешаванд.
Фаранҷиҳои Тошканду Фарғона ороишӣ, бой ва беназиранд ва бо гулдӯзии абрешимӣ, зеҳ ва лентаҳои гуногун зинат дода шудаанд.
Дар воҳаи Қашқадарё ду намуди фаранҷӣ мавҷуд будааст: фаранҷӣ ва ҷелак ё либоси сабуки беастар. Дар байни ин ҳарду ва намудҳои дигари он фарқи ҷиддӣ дида намешавад. Аммо дар ин вилоят барои фаранҷиҳо матоъҳоеро интихоб мекунанд, ки хираанд ва чашми касро намебаранд. Калобаи ҷелакро ба астар медӯзанд. Лаби остинҳои барои фасон дӯхташударо бо лентаи аз атласи сиёҳ дӯхташуда ва гулдӯзии дастӣ ороиш медиҳанд. Занони Қашқадарё ва Сурхондарё дар тобистон аз ҷелак бештар истифода мекунанд.
Фаранҷиҳои Хоразм бо поракунии худ аз фаранҷиҳои дигар тафовут доранд. Қисми болоии он аз алочаҳо ва астари он аз матои чит дӯхта мешавад. Дар байни абраву астари он андак пахта мегузоранд. Гуфта мешавад, ки шояд ин ҳол ба шароити иқлими Хоразм ва сардии ҳавои он бастагӣ дошта бошад.
Занон барои он ки чеҳраи худро аз мардҳо пинҳон доранд, рӯй ва сари синаи худро бо чиммат мепӯшонанд, ки аз ёли сиёҳи асп бофта шудааст. Он аз пешонӣ то миёни занҳоро маҳкам медорад. Он дар минтақаҳои гуногун бо андозаҳои худ фарқ мекунад. Тибқи маълумотҳо онро бештар аҳли Истаравшан ва Чуст, инчунин ҷӯгиёни ҳунарманде месозанд, ки ба истеҳсоли элак ва ғалбер машғул шудаанд.
Беҳтарини онро дар Истаравшан месохтаанд. Он нарм буда, бо мурури замон намешикастааст ва муддати дароз хидмат мекардааст. Инчунин сарбандҳои фаранҷиҳо зинат дода мешаванд. Он бо сӯзан дӯхта шудааст ва баъзан сарбандҳои бофтаро низ занон пеши рӯй мекашиданд. Аммо оҳиста фаранҷӣ ва сарбанди он аз истеъмол баромад ва он давраҳои гуногуни таърихи ҳаёти мардуми моро бозтоб медиҳад. Дар айни ҳол ҷойи фаранҷӣ ва сарбандҳо дар осорхонаҳои мухталифи кишварамон мебошад.
Дилафрӯз МУСТАФОЕВА,
корманди осорхонаи давлатии таърих ва фарҳанги вилояти Навоӣ.