САЙРИ ЧАМАНИСТОНИ ҒАЗАЛИЁТ

Чанде қабл аз ҷониби нашриёти «Адабиёт» бо эҳтимоми Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ҷилди якуми «Девон»-и шоири шинохтаи тоҷик Паймон (Тӯхтамиш Тӯхтаев) ба нашр расид.

Китоби мазкур бо теъдоди 1000 нусха интишор шудааст. Шоир ғазалиёт, мустазод ва мухаммасҳои худро дар сурати девон мураттаб намудааст. Дар китоб беҳтарин ашъори шоир гулчин гардидаанд, ки табъи ҳар як хонандаро бо мазмуни баланду лафзи ширин болида месозанд. Тавре ки дар сарсухани девон доктори улуми филологӣ, профессор Ҷумъа Ҳамроҳ мегӯяд: «Паймон дар эҷоди ғазал ҳунарманд ва тозаҷӯ аст. Ба коргирии забони содаву равшани тоҷикӣ, ҳунарнамоии ғайримутакаллифона дар тасвиркориҳо ва мусиқии дилчаспи шеър, таъсирпазирӣ аз таҷрибаи шоирони ҳунарманди форсу тоҷик ва навҷӯиҳояшро дар ин самт метавон ба унвони вижагиҳои ҳунари ғазалсароии Паймон зикр кард, ки чеҳраи хоси ҳунариашро шакл медиҳад...»
Паймон ҳоло дар идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» муҳаррири бахши фарҳанг аст, ки бинобар ин мо – ҳамкорон низ бо ин рӯйдод ифтихор менамоем.
Асарҳои Паймон пештар бо номҳои «Санги навишта», «Шабовез», «Шабоҳанг», «Даҳ пурсишу даҳ посух» нашр гардидаанд. Шоир аъзои  иттифоқҳои нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мебошад.
Умед дорем, ки хонандагони китоб аз сайри чаманистони ғазалиёти шоир баҳра мебаранд.

М.МАМАҶОНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: