Ба муносибати 33-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Бухоро иди анъанавии XXVI «Сайри харбуза» ба амал омад.
Дар он таҳти роҳбарии ҳокими вилоят Б. Зарифов сарварони секторҳо, ҳокимони шаҳру ноҳияҳои вилоят, деҳқонон аз гӯшаву канори вилоят, фермерони полизкор, соҳибони қитъаҳои наздиҳавлӣ, мутасаддиёни корхонаҳои агросаноат, ташкилотҳои давлатию ҷамоатӣ, меҳмонони хориҷӣ ва сокинони шаҳру ноҳияҳо иштирок карданд.
Ҳокими вилоят ба сухан баромада, иштироккунандагони чорабиниро бо иди наздикомадаистодаи 33-солагии истиқлолияти мамлакат муборакбод намуд. Вай дар бораи таърихи полизкорӣ дар Бухоро, аз ҷумла дар китоби муқаддаси «Авесто» зикр ёфтани харбузаҳои пуршаҳду шакарини ин сарзамин, аз байн рафтани яккаҳокимии пахта ва ҷои вайро ишғол намудани ғаллапарварӣ, сабзавоткорию боғпарварӣ, инчунин рушд ёфтани полизкорӣ ва ғайра таваққуф намуд.
– Боиси хурсандист, ки солҳои истиқлолият анъанаи қадимии полизкорӣ, бештар аз 30 намуди ин соҳа аз қабили «Каллабӯрӣ», «Барчиной», «Гулобӣ», «Шерозӣ», «Амирӣ», «Лӯблоӣ», «Бегзотӣ», «Оби набот», эҳё гардида, ба дастархони мардум файз мебахшад. Дар шароите, ки бо инкишоф ёфтани технологияҳо маҳсулоти сохтаю сунъӣ афзудааст, мардуми олам боз ба маҳсулоти аслии табиӣ рӯ овардааст, зиёд намудани содироти маҳсулоти полиз талаби рӯз аст, — таъкид намуд ҳокими вилоят.
Дар растаҳои шаҳру ноҳияҳо баробари маҳсулоти полиз созмон ёфтани савдои меваю сабзавот, асалу ширавор файзи тадбирро афзуд. Рӯзи аввал қариб 1,5 ҳазор тонна маҳсулоти полизи хоҷагиҳои фермерӣ ба фурӯш рафт. Рӯзи дуюм низ ярмаркаи арзони маҳсулот, ҳунарнамоии дастаҳои фолклорӣ ба шаҳриён кайфияти идона бахшид. Бегоҳии 8 август деҳқонони пешқадам бо диплом ва тӯҳфаҳои ҳокимияти вилоят ҳавасманд гардонда шуданд.
Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.