«САЙРИ ҶАВОНОН» ДАР КИТОБ

Дар ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Сайри ҷавонон» баргузор гардид, ки ҳазорҳо нафар пиру барноро аз тамоми гӯшаву канори вилоят гирдиҳам овард.

Ин чорабинии фарҳангиву таблиғотӣ дар маҳаллаи Қайнари ноҳияи Китоб, болои гилеми сабзи табиат, дар доманакӯҳи хушбоду ҳавое доир гардид. Мардуми қаламравро ба ин маскан шиори « Қомусе, ки қадри инсонро баланд кард!» фаро хонд ва аз фараҳмандии онҳо ҳувайдо буд, ки ба маъракаи раъйдиҳии умумии тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни ҷумҳурӣ бетафовут нестанд. Дар дили дашти васеъ ва саросар сабзпӯш саҳнаи азиме сохта буданд ва ҷо-ҷо намунаҳои ҳунари косибони маҳаллӣ ҳам дар маърази тамошо қарор гирифта, фурӯши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ низ роҳандозӣ шуда буд. Намояндагони ҳар як ноҳияи вилояти Қашқадарё гӯшаеро обод карда, ба шукӯҳи ин чорабинӣ меафзуданд. Аз ҷумла, деҳқонони ноҳияи Кӯкдала нахустсамари меҳнати худ – тарбузҳои кунун пухтаро низ ин ҷо оварда буданд, ки ҳозирон бо камоли майл аз он даҳон ширин намуданд. 
Атрофи саҳнаи васеи музайян пур аз ҷавон буд ва дар баландиҳои ду ҷониби саҳна марду занҳои хушҳол, кӯдакону наврасон ва пирони рӯзгордида рӯи сабза нишаста, суханронии мубаллиғон ва баромади консертии ҳофизони номдори ҷумҳуриро, бо камоли шавқ мешуниданд ва тамошо мекарданд. Чунин ба назар мерасид, ки дар домани ин дашти саросар сабзпӯш хурсандиҳо дар ҷӯш буд ва ҳар кӣ он ҷо ҳузур дошт, замоне аз ташвишҳои ҳаёти мураккаб канор омада, занги дил бадар меорад ва барои фардои зиндагӣ неруи сабзе захира мекунад. Ғизои маънавие, ки мардум соҳиб гардиданд, ҳисоб надошт. Агар як сӯ баромади хубу хотирмони ҳофизон ба дилҳо сурур ангезад, дар ҷониби дигар паҳлавонони номдори қаламрав майдон гирифтаву вориди сабқат мешуданд ва ҳунари гӯштингирии худро намоиш медоданд. Дар тарафи дигари доманакӯҳи деҳаи Қайнар маросими бузкашӣ доир мешуд, ки даҳҳо нафар човандозони моҳир ҷамъ омадаву ба як мусобиқаи пуршиддате оғоз бахшида буданд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: