САЙРИ ҶАҲОНИИ АДИБИ МАҲБУБИ БАЧАҲО

Имрӯзҳо бахшида ба 90-солагии яке аз нависандагони маъруфи ӯзбек Худойбердӣ Тӯхтабоев чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ баргузор мегарданд.

Вай асосан барои бачаҳо асарҳои дар шакл ва навъ гуногун эҷод мекард. Гуфтан мумкин, барои хурдсолон, бачаҳову наврасони давраи мо, ки андаке бошад ҳам ба китоб ва осори бадеӣ шавқу ҳавас доранд, писандтарин нависанда буд. Маълум, ки назар ба калонсолон барои бачаҳо навиштан душвортар. Ҳарчанд мегӯянд «фанд додани бача мушкил нест», адабиёти кӯдак махсусият ва ҷиҳатҳои нозуки  ба худ хос дорад. Бача ба ҳамон навиштае бештар таваҷҷуҳ месозад, ки воқеаю ҳодисаҳои шавқангези ба олами афсонамонанди кӯдакӣ ҳамоҳанг шевою зебо қаламдод шудааст. Адибе дар ин самт муваффақ мегардад, ки бо табиат, майлу рағбат, тафаккуру ҷаҳонбинии то дараҷаи маълум содалавҳонаи хурдсолон аз наздик ошност, бо онҳо мисле аз як ҳаво нафас мекашад, ғаму шодишарик аст, бо бачаҳо, ки гӯё дар олами дигар зиндагӣ мекунанд, забон ёфтаву дӯст шуда ва ҳамсуҳбат буда метавонад.
Бачагии ин адиби бачаҳо хеле вазнин гузаштааст. Дар ин хусус вай дар як қатор навиштаҳои хеш, аз ҷумла, хотироташ бо унвони «Лавҳаҳо аз тарҷумаи ҳолам» қайдҳо дорад. Тӯхтабоев дар 30-40 соли охири ҳаёти худ бо радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намуд. Барномаҳо барои кӯдакону наврасон бо иштирокаш зиндаву табиӣ ва шавқангез тарҳрезӣ мешуданд. Солҳое, ки дар радио фаъолият доштам, борҳо бо ӯ вохӯрда ва ҳамсуҳбат шудаам. Чӣ тавр бо сарсонӣ, азобу изтиробҳои рӯҳонию ҷисмонӣ гузаштани айёми тифлию хурдсолиаш нақлҳои таъсирангез мекард. Лекин инсонҳои хуб ҳам, ки сари бачаи аз падар ҷудошударо сила карданд, кам набуданд, мегуфт вай. 
Падараш Тӯхтабойро табъид мекунанд.
Мегурезад, ба даст афтонда наметавонанд. Ҳамагӣ 21 сол дошт вай, зани ҷавонаш бо як кӯдак дар Тагоб мемонанд. Занро шиканҷа медиҳанд, вале ӯ куҷо гурехтан, дар куҷо пинҳон будани соҳиби сарашро намедонист. Баъдтар маълум гашт, ки Тӯхтабой дар деҳаи Чоркӯҳ (Исфара) манзил гирифтааст. Вале солимиаш якбора бад шуда, вафот кардааст. 
Қабри падарам дар Чоркӯҳ, мегуфт бо оҳанги ҳузн Худойбердиака.
Баъди ду соли хабари марги Тӯхтабой завҷаи ӯ Соробибӣ ба Устоқодир ном шахс, ки калонсол ва соҳиби панҷ фарзанд буд, ба шавҳар баромад. Дар асл Устоқодир ба Соробибӣ язна ҳисоб меёфт. Баъде апаи Соробибӣ, ки Ашӯрбибӣ ном дошт, аз  олам гузашт, хешу табор ба ҳамин қарор омаданд. Вале Худойбердӣ ҳамроҳи модар ба хонаи Устоқодир нарафт. Тарбия ва  парастиши ӯро бобояш Эркабой ва модаркалонаш Робиябибӣ ба зимма гирифтанд. Ҳарду нисбати Худойбердӣ ғамхорӣ мекарданд, бобою бибии меҳрубон буданд, вале ҷои падару модарро касе иваз карда метавонад?
Бо вуҷуди ҳамин Х.Тӯхтабоев аз парваришгарони солхӯрда тамоми умр миннатдор монд.
Бобояш асрори боғбонӣ омӯзонд. Бибиаш афсонаву нақлҳои ғароиб мекард. Хуллас, ҳарчи дар характери Худойбердӣ, ки оянда нависандаи барҷаста шуд, бозмонду шакл гирифт, ба туфайли тарбияи неки бобою бибӣ буд. 
Бачагию наврасиаш ба давраи душвори Ҷанги ҷаҳонӣ (1941-1945) мувофиқ омад. Бо вуҷуди ҳамин аз таҳти дил мактаб мехонд, вақти холиашро ба мутолиаи асарҳои бадеӣ сарф менамуд. Баъди хатми мактаби деҳа (Тагоби калон) роҳи Қӯқандро пеш гирифт, ба омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ҳуҷҷат супурд ва қабул гашт. Соли 1949 он даргоҳро бомуваффақият хатм намуд ва ба зодгоҳ баргашт, дар яке аз дабистонҳои таълими умумии ноҳияи Ӯзбекистони вилояти Фарғона ба фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ сохт. Вале муаллимиаш дер давом нанамуд. Ба Тошканд омад. Соли 1955 Донишгоҳи давлатии Тошкандро хатм намуд. Аз соли 1958 ба матбуот гузашт. Ба носозгориҳои давр муросонопазир буд. Мақолаҳои танқидӣ менавишт. Дар ин байн наздик ба 300 фелетонаш рӯйи чоп дид. Тавре ба назараш тофт, зиндагӣ мисли гилеми куҳна аст, бо такондан пок намешавад. Фелетонҳояш, ки алайҳи иллатҳои ҷамъиятӣ нигаронда шуда буданд, гӯё таъсире надоштанд. Душман зиёд карданаш мемонд халос. Гуфт, беҳтараш барои бачаҳо, ки дунёи беғубор доранд, асарҳо менависам. Ҳамин тавр, олами бачагӣ бо ғаму хурсандӣ, сояву равшаниҳо ӯро ба худ кашид,  чизе менавишт акнун барои кӯдакон менавишт. Навиштаҳояш дар ин самт дар маҷаллаҳо ва як қатор рӯзномаҳо ба табъ расиданд. Намунаҳои эҷодаш аз ҷониби нашриётҳо дар шакли китоб ба дасти хонандагон расиданд. Қарор кард ҳаёти минбаъдаашро ба бачаҳо бахшад, фаъолияташро баҳри ғановатманд сохтани олами маънавии насли наврас равона созад. Худаш низ ҳамчун роҳбар дар як қатор нашрияҳо хидмат намуд. Бунёди «Истеъдод»-ро сарпарастӣ кард. Нафақат хурдсолон, баробари ҳамин калонсолон «Сир фош гардид», «Кулоҳчаи сеҳрнок» ном асарҳояшро, ки «Ёш гвардия» ба табъ расонд, бо қаноатмандӣ пазируфтанд. Маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои «Саросема» (1961), «Пайроҳаҳо» (1966), «Суруди муҳаббат» (1967), «Азизам, шарти худ бигӯ» (1969)  ба китобҳои рӯимизӣ табдил ёфтанд. 
Х.Тӯхтабоев, баробари ҳамин, ҳамчун романнавис эътироф гашт. Қобили таваҷҷӯҳ боз он ки кулли романҳояш ба тасвири ҳаёти бачаҳову наврасон нигаронида шудаанд. 
Дар насри муосири ӯзбек «Савори деви зард», «Марги деви зард», «Йигитчаи панҷ фарзанддор», «Сари тиллоии ниқорситон», «Солҳо ва роҳҳо», «Мамлакати харбузаҳои ширин», «Чашмони маҳзун», «Одамони ҷаннатӣ», «Наврасони дилбохта», «Салтанати заргӯшон» барин романҳои қаҳрамони лавҳаи мо мақоми ба худ хос доранд. Дар асоси як қатор асарҳои Х. Тӯхтабоев филмҳои бадеии бисёрқисмата офарида шудаанд.   
Намунаҳо аз маҳсули эҷоди нависандае, ки пурбаракат эҷод кардааст, ба як қатор забонҳои дунё тарҷума шуда, аз ҷумла, дар Финляндия, Булғория, Олмон, Чехия, Италия ва ғайра писанди дӯстдорони насри бадеӣ шудааст. Назар ба маълумотҳо, асарҳояш ба 24 забон баргардонида ва рӯйи чоп дидаанд. 
Ҳанӯз дар ибтидои солҳои ҳафтодуми қарни сипаришуда рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» дар якчанд шумора аз «Кулоҳчаи сеҳрнок» порчаҳо эълон карда буд. Баъд ин асар аз ҷониби нашриёти «Ирфон» дар шакли китоб ба дасти хонанда расид. Шахсан гувоҳ шудаам, ки он чи тавр дастбадаст гашт ва маҳбубият пайдо кард.
Соли 1971 дар Италия Шӯрои нависандагони бачаҳои дунё баргузор гашт. Дар он дар бораи «Савори деви зард»-и Тӯхтабоев суханҳои муҳаббатомез заданд. 
Баъди он дар Аврупо нисбати офаридаҳои ӯ ҳусни таваҷҷуҳ бедор гашт. 
Хидматҳои шоёни Тӯхтабоев дар равнақи адабиёт муносиб тақдир гаштааст. Соли 1972 – дорандаи Мукофоти комсомоли Ӯзбекистон, соли 1982 – Ходими шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон, соли 1989 – лауреати Мукофоти давлатӣ.
Хонанда, ки доранд, асарҳои Нависандаи мардумии Ӯзбекистон Худойбердӣ Тӯхтабоев пайиҳам чоп мешаванд. Бе офаридаҳои ӯ адабиёти кӯдак дар Ӯзбекистонро тасаввур кардан душвор.

Ш. МУҲАММАД.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: