«САЙРИ САЛОМАТӢ» ДАР НОҲИЯИ ВОБКАНД

Мувофиқи фармоиши вазири ҳифзи тандурустӣ А.Иноятов бо мақсади зиёд намудани самаранокии кор бобати пешгирии бемориҳо ва ташаккулдиҳии тарзи солими зиндагӣ байни аҳолӣ дар муассисаҳои тиббии мамлакат моҳонаи «Сайри саломатӣ» идома дорад.

 Бинобар ин, дар ҳудудҳо назорати тиббии профилактикӣ, барномаҳои скринингӣ, тадбирҳои солимгардонӣ ба амал меоянд. 
Бо ин роҳ чораю тадбирҳои барои муолиҷагирӣ ҷалб намудани беморони мӯҳтоҷи дастгирии иҷтимоӣ  ва онҳое, ки ба маризии доимӣ гирифтор ҳастанд, дида мешавад. Шаҳрвандони солхӯрдае, ки мӯҳтоҷи нигоҳубини дигаронанд ва ногироёнро мутахассисон ба манзилашон рафта аз муоина мегузаронанд. 
Ба муносибати 7-апрел – Рӯзи байналмилалии саломатӣ дар ҳудудҳо муоинаи оммавии шаҳрвандон сурат мегирад.
Чунин тадбир дар ноҳияи Вобканд ба амал омад. Дар ин азназаргузаронӣ, ки дар поликлиникаи марказии  ноҳия баргузор гардид, беш аз даҳ нафар шифокорони марказҳои ихтисосонидашудаи тиббии ҷумҳурӣ, духтурони пуртаҷрибаи беморхонаҳои вилоятӣ ва омӯзгорону профессорони  Институти давлатии тиббии Бухоро аҳолиро бемузд муоина карданд. Дар чорабинӣ 542 нафар аҳолӣ иштирок  намуд. Дар натиҷа ба 414 нафари онҳо ёрии амбулаторӣ ва ба 7 нафар кумаки статсионарӣ расонда шуд. Ба 5 нафар бемор барои муолиҷа дар муассисаҳои тиббии вилоятӣ роҳхати имтиёзнок дода шуд. Аз ҷумла, ба сокини маҳаллаи Чармгарон Раҳмон Искандаров ба шуъбаи бемориҳои лор, Мунира Қаҳрамонова (маҳаллаи Кумушкент) ба шуъбаи аллергология, Нозим Давлатов (маҳаллаи Кӯлихатиб) ба шифохонаи маризиҳои чашм, Усмон Раҷабов (маҳаллаи Чӯрикалон) ба беморхонаи дил, Шаҳодат Сайфиева (маҳаллаи Кумушкент) ба шуъбаи ревматология ордери муолиҷагирӣ супорида шуд.
7 нафар беморе, ки ба маризии нисбатан вазнинтар гирифтор гаштаанд, дар шуъбаҳои реаниматсия, ҷарроҳӣ ва бемориҳои дарунӣ  хобонда шуданд.
Дар ҷараёни «Сайри саломатӣ» мардум аз тадбирҳои тарғиботӣ низ баҳраманд гардиданд.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
 «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: