«САЙРИ СЕБ» ДАР БОЙСУН

Бойсун яке аз гӯшаҳои зебоманзари диёри ҷаннатмаконамон мебошад.

Деҳқону боғбонҳои меҳнатиаш ҳар ваҷаб заминро бо меҳр парвариш намуда, ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд. Дар ноҳия мардум аз дарёи Дарбанд, рӯдҳои хурди Дуобаю Қӯрғонча ва чашмаҳои софу зулол самаранок истифода бурда, боғҳои ҷаннатӣ бунёд кардаанд. 

Меваҳои яке аз дигараш ширини Бойсун, алалхусус, баъзе навъҳои себҳояш аз ҷиҳати сифат, ширинӣ, серобӣ, хушбӯӣ ва аз сабаби серборишу мусоид будани обу ҳаво аз себҳои дигар минтақаҳо фарқ мекунад. Он навъҳо бо номи «себи Бойсун» ҳам машҳур шудаанд. 
Баргузории фестивали «Сайри себ» бори дигар собит намуд, ки боғбонҳои Бойсун дар боби парвариши себ таҷрибаи беҳад кофӣ доранд.
17 октябр «Боғи истироҳати ҷавонон»-и Бойсун намунаи идона дошт. Бемуҳобо боғ ҷаннатро мемонд. Дар фасли тирамоҳи заррин дар ин боғ аввалин бор фестивали «Сайри себ» гузаронида шуд. Дар он 114 хоҷагии фермерӣ ва зиёда аз 400 корхонаи хоҷагии қишлоқ бо маҳсулоти худ ширкат варзиданд. Дар оғози фестивал барои журналистон бо иштироки мутахассисон дар хоҷагиҳои боғпарварӣ пресс-тур ва семинар ташкил карда шуд.
Аз рӯи маълумот дар вилоят дар айни замон ба 10451 гектар замин боғҳои себ бунёд карда шудааст. Аз ҳамин 1800 гектараш ба  ноҳияи Бойсун рост меояд. Дар соли сипаришудаи 2021 дар вилоят аз себҳои парваришкардаи боғбонон 350 ҳазор тоннааш ёхуд ба миқдори 132 ҳазор доллар себҳои хушсифат қариб ба 10 мамлакати дунё экспорт карда шуд. Соли ҷорӣ барои боз ҳам ривоҷ додани соҳа 675 гектар боғҳои нави себ бунёд ёфт. 723-то хоҷагии деҳқонӣ қариб 92 ҳазор тонна себ парвариш намуда, ба дасторхони мардум пешкаш намуданд. Аз он зиёда аз 3 ҳазор тонна себҳои хушсифат ба хориҷ экспорт карда мешавад.
Мақсад аз гузаронидани ин фестивал ҳаҷми экспортро афзуда, имконоти экотуризм, агротуризми ноҳияро ба сайёҳони хориҷиву дохилӣ нишон дода, таҷрибаҳои нав ва охирини боғпарваронро намоиш кардан аст. Дар ҷараёни фестивал боғбонҳо харидорони нав пайдо намуда, бо тадбиркорон шартномаҳо ба имзо расониданд. Ҳоло дар Бойсуни қадимӣ Меҳргони бостонӣ ба ҳамин минвол ҷашн мегардад.
Дар ҷашнвора инчунин намоиши таомҳои миллӣ, маҳсулоти ҳунармандӣ, рассомӣ низ ташкил карда шуд ва барои пурмазмун гузаштани фестивал санъаткорон барномаҳои мусиқӣ тақдим намуданд. Аз рӯи номинатсияҳои «Маҳаллаи аз ҳама фаъол», «Ташкилоти аз ҳама фаъол» ва «Боғбони себи аз ҳама ширин» озмун эълон шуда, ба боғбонҳои ғолиб туҳфаҳои муносиб дода шуд.

Олим ПАНҶИЗОДА.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: