Сайри суманаки дурӯза

Инак, фасли зебои сол – баҳор фаро расид.

Инак, фасли зебои сол – баҳор фаро расид. Дар баҳорон, ки қариб ҳамаи набототу ҳашарот, ҳатто баъзе аз ҳайвоноти олам ба хоби ноз рафта буданд, аз сари нав бедор мешаванд. Ҳастӣ зебо мегардад. Баҳорон бо манзараҳои рангин ва дилфиреби худ дилҳоро тасхир месозад. Одамон дар ин лаҳзаҳои фараҳафзо ба омад-омади баҳор шукргузорӣ мекунанд. Ба гуфти шоир «Ба баҳори нав расидам, зи баҳор шукр гӯям».
Мардум аз рӯйи анъана ба амалҳои нек маҳз дар фасли баҳор даст мезананд. Модарон таомҳои баҳорӣ мепазанд. Монанди ҳамин дар ноҳияи Ғаллаарал, наздикии дарвозаи Амир Темур ва дараи Моргузари вилояти Ҷиззах сайри суманаки дурӯза, ки дар худ татбиқи лоиҳаи сайёҳиро ғунҷонидааст, баргузор гардид. Дар давоми қариб ду шабонарӯз дар ду деги калон таоми миллии суманак пухтанд.
Садои карнаю сурнай ба чор сӯ танин андохт. Дастаҳои фолклорӣ суруду таронаҳои халқиро ба иҷро расониданд.
Самти сайёҳӣ дар вилоят хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Маҷмӯаҳои дар соҳили кӯлҳо буда, хона-меҳмонхонаҳои деҳаҳои бағали кӯҳ, зиёратгоҳҳои зиёд аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Кормандони соҳаи сайёҳӣ низ ин ҳолро эътироф менамоянд ва барои боз ҳам инкишоф додани имкониятҳои соҳа кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Дар аснои сайри суманак намунаҳои маснуоти ҳунармандӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Бозии миллии арғамчин (ресмон)  ба вуқӯъ пайваст. Ба осмон бодбаракҳо сар доданд. Роҳгузарон даме таваққуф намуда, аз тамошои ин манзара баҳраманд гардиданд. Ба онҳо аз таоми лазизи суманак муроот карданд. Аз ин таом ба тарбиягирандагони хонаи меҳрубонии рақами 29-ум низ бурда доданд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: