«МАН БА ДАРАҶАИ БАЛАНДИ ИНСОНПАРВАРӢ ҚОИЛ ШУДАМ»
Дар Бухоро дар арафаи 27-умин солгарди истиқлолияти Ватани мо ба 193 шаҳрванди маъюб, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад,
калиди хонаҳои нав супурда шуданд.
Вобаста ба ин воқеа дар ҳудуди маҷмӯи Лаби ҳавзи шаҳри Бухоро чорабинии мутантан баргузор шуд. Дар он намояндагони як қатор муассисаҳои масъули пойтахт, ҷомеаҳои вилоят, оилаҳои эҳтиёҷманде, ки орзуи чандинсолаашон ҷомаи амал пӯшид, иштирок карданд.
Зикр шуд, ки дар мамлакати мо ҳифзи иҷтимоӣ ба яке аз самтҳои бартариноки сиёсати давлат табдил ёфтааст. Соли равон дар вилояти Бухоро 1156 чунин оилаҳо бо имтиёз соҳиби манзил шуданд.
– То ҳол дар як ҳавлӣ чаҳор оила, аз ҷумла оилаи мо зисту зиндагӣ дошт, – мегӯяд Раъно Рафиқова аз ноҳияи Пешкӯ. – Танҳо онҳое, ки дар чунин шароит зисту зиндагӣ кардаанд, мефаҳманд, ки ин чӣ қадар душвор аст. Мо панҷ фарзанд дорем, яке аз онҳо маъюб аст. Ман бо тарбияи онҳо машғулам. Танҳо ҳамсарам кор мекунад, музди меҳнати ӯ фақат барои озуқаворӣ мерасад. Дар чунин вазъият ман, ҳатто аз алоҳида зиндагӣ кардан умедамро канда будам. Ба шарофати низоми наве, ки бо ташаббуси Президенти мамлакатамон фароҳам оварда шуд, мо соҳиби манзил гардидем. Имрӯз ба мо аз хонаи сеҳуҷра, ки дар ду сотих замини деҳаи Янгиобод бунёд шудааст, калид ва сертификати пардохти аъзобадали аввалинро супурданд. Аъзобадали нахустин аз ҷониби давлат пардохта шуд, 130 миллион сӯми боқимондаи арзиши хонаро, ки аз ҷониби бонк ба сифати вом ҷудо карда шудааст, мо ба муҳлати 15 сол месупорем. Ин моро беҳад хурсанд кард. Бигӯед, боз дар кадом гӯшаи дунё нисбат ба мардум чунин ғамхорӣ мекунанд?
Чорабинӣ ба ҷашни бузург табдил ёфт. Дар он як гурӯҳ сайёҳони хориҷӣ, ки ба Бухоро омадаанд, низ иштирок карданд. Баъзеи онҳо дар зери мусиқии шавқовар якҷо бо соҳибони хушбахти манзилҳои нав ба рақс даромаданд.
– Ман аввал пурсон шудам, ки дар ин ҷо чӣ воқеа рӯй медиҳад, – гуфт сайёҳ аз Англия хонум Азиза Рават. – Ба ман гуфтанд, ки дар кишвари шумо аз ҷониби давлат ба оилаҳои камтаъмин ва шаҳрвандони ногиро бо имтиёз манзилҳо пешниҳод мегарданд. Калиди хонаҳои нав дар вазъи мутантан бо иштироки ҷамоаҳо супурда мешаванд. Ман дар бисёр кишварҳои ҷаҳон будам, вале чунин ҳодисаро дар ҳеҷ кадоми аз онҳо надидаам. Дар ягон давлат доир ба чунин меҳру мурувват нашунидаам. Он чиз, ки дар Ӯзбекистон дидам – ёдгориҳои нотакрор, самимият, чеҳраҳои кушод, инсонпарварии олӣ – ҳама маро ба ҳайрат гузоштанд. Шумо аз он ҳайрон мешавед, ки бонуи хориҷӣ мерақсад? Ҳайрон нашавед, ман бисёр мехостам ба шодиву хурсандии мардуми ин кишвар, ки маро моту мабҳут кард, шарик бошам. Зеро маълум нест, ки ман чунин воқеаи хурсандибахшро боз дар куҷо мебинам.
Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Бухоро У.Барноев баромад кард.
Эркин ЁДГОРОВ,
хабарнигори ӮзА.