Сайёҳии гастрономӣ: дар ҷашнвораи Истанбул ӯзбекистониён соҳиби ҷоиза шуданд

Дар Истанбул 18-умин Ҷашнвораи байналмилалии гастрономии ошпазӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони Ассотсиатсияи ошпазони Ӯзбекистон ширкат карда, соҳиби ду медали тилло ва ду нуқра гардиданд.

Дар ҷашнвора ошпазҳо аз саросари ҷаҳон ва доварони сатҳи ҷаҳонӣ аз манотиқи мухталифи ҷаҳон, аз қабили Ӯзбекистон, Эрон, Тунис, Қирғизистон, Олмон, Хорватия, Сербистон, Озарбойҷон, Туркия ва ғайра ширкат доштанд.

Иштироки фаъоли ӯзбекистониён дар озмуну чемпионатҳои ҷаҳонӣ ба оммавӣ гардондани сайёҳии гастрономӣ ва ҷалби бештари хӯрандаҳои хориҷӣ ба Ӯзбекистон, инчунин таъмин кардани даромади иловагӣ аз саноати сайёҳӣ мусоидат мекунад.

Дар худи рӯзи аввали чемпионати пазандагӣ дастаи Ассотсиатсияи ошпазони Ӯзбекистон ду медали тилло ва ду медали нуқра гирифт:

дар номинатсияи «Десерт» - «тилло» - Усмоналиев Абдулазиз;

дар номинатсияи «Моҳӣ» - «тилло» - Оразбоева Сарбиназ;

дар номинатсияи «Моҳӣ» - «нуқра» - Султанов Даврон;

дар номинатсияи «Моҳӣ» - «нуқра» - Ҳамидуллоев Саидазамхон.

Ҷойҳои ҷоизавии ӯзбекистониҳо дар асоси номинатсияҳои шадиди рақобатии ҳакамон, ки аз мутахассисони машҳури ошпази ҷаҳон иборатанд, аз дастовардҳои баланди ошхонаи ӯзбек, қобилиятҳои насли ҷавони кишвар, ки ба дараҷаи муносиб анъанаҳои Ӯзбекистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебароранд, шаҳодат медиҳанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Барои маълумот: Ассотсиатсияи ошпазҳои Ўзбекистон аз соли 2010 узви расмии Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии ҷомеаи сарошпазон ба ҳисоб меравад, ки созмони моҳирони касби худ буда, мақсади он нигоҳ доштан ва беҳтар гардондани андозаҳои пазандагии ошхонаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз давраи ташкилёбӣ Ассотсиатсияи ошпазони Ӯзбекистон тамоми ташкилотҳои хуроки умумиро оид ба масъалаҳои тайёркунӣ ва бозомӯзии кадрҳо, пешниҳоди хидмати иттилоотиву машваратӣ оиди пешбурди раванди технологии кори нуқтаҳои хуроки умумӣ дастгирии ҳамаҷониба мерасонад. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: