Пири ҳакимони Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино дар китоби «Ал-қонун» дар бораи аҳамияти шири шутур маълумоти муфассал додааст.
Он аз қадим натанҳо бо тамъи хуш, балки ба сифати як нӯшокии серғизо байни мардуми Шарқ шуҳрат дорад. Дар вай микроэлементҳои оҳан мавҷуд буда, таркиби хунро тоза ва мубодилаи моддаҳоро дар организм ба танзим медарорад.
Шутур ё уштур ҷинси ҳайвоноти ҷуфтсум ва ба оилаи шутуриҳо мансуб буда, ду намуди он маъмул аст: шутури яккуҳона (дромедар) ва шутури дукуҳона (бухтӣ). Шутур одатан дар минтақаи биёбон ва даштҳои иқлимашон хушк маскун аст. Дар ҷойи иқлимаш намнок зиндагӣ карда наметавонад. Ин ҷонвар алафҳоеро мехӯрад, ки ҳайвоноти дигар онҳоро беиштиҳо мехӯранд ва ё умуман намехӯранд. Шутурҳо кам об мехӯранд ва дар хоки тафсон (то+70 дараҷа селсия) баҳузур хоб мекунанд.
Ҳомилаи шутури дромедар 13 моҳ, бухтӣ бошад, 14 моҳ давом мекунад. Шутур дар ду сол як бор бача мезояд. Шутурбачаи навзод хеле лоғару камқувват буда, нигоҳубинии ҷиддиро тақозо мекунад. Чун вақту соати зоидани шутурмодар наздик шуд, шутурбонон гӯшу ҳуш шуда, онро назорат карда меистанд, зеро вай чун модагов бачаашро худаш ӯҳда карда наметавонад. Барои он ки шутурбача аз модар осебе набинад, шутурбон бояд хеле эҳтиёткор бошад. Давраи ширхорагии шутурбача 18 моҳ давом мекунад.
Дашту биёбонҳои бепоёни ноҳияҳои Томдӣ, Конимех, Учқудуқ ва Нуратои вилояти Навоӣ, ки он ҷо гиёҳи шутурхор ва рустаниҳои дигари хордори шифобахш месабзанд, ба шутурпарварӣ мусоидат мекунанд. Дар ин минтақаҳо аз шутурҳои дукуҳона: шутурҳои қалмиқӣ, қазоқӣ ва муғулӣ, аз яккуҳона бошад, асосан арвонаро парвариш мекунанд. Аз шутур шир, гӯшт ва пашм мегиранд. Умуман шутурпарварӣ соҳаи фоидаовар аст. Аз шири шутур қумрон, равған, панир тайёр мекунанд. Дар як сол аз дромедар 2000 кг (аз зоти арвона зиёда аз 4000 кг) ва аз бухтӣ 750 кг шир медӯшанд. Пашми шутур то 85 % тибит дорад, ки аз он матоъҳои нафис мебофанд. Аз бухтӣ 5-10 кг, аз дромедар 2-4 кг пашм метарошанд.
Соҳибкорони минтақа, ки ба шутурпарварӣ машғул мебошанд, дар бошишгоҳҳои худ барои қабули сайёҳон хонаҳои сайёр бунёд кардаанд. Ба ин манзилҳо сайёҳони зиёди дохиливу хориҷӣ ташриф меоваранд. Ин ҷо натанҳо беморон, балки сайёҳон низ аз шири шутур истеъмол мекунанд. Шири шутур одатан фасли баҳор ва тобистон серғизо ва бештар шифобахш аст.
Илми тиб собит намудааст, ки шири шутур ба бемориҳои саратон, диабети қанд, гепатит, бемориҳои дил, фишор, баланд бардоштани иммунитет ва барои табобати якчанд намуди дигар бемориҳо муфид аст.
Шутурпарварӣ таърихи аҷиб дорад. Ҳанӯз ду ҳазор сол пеш одам хислати ин ҷонварро омӯхта, онро ба худ ром кард. Шутур ба хушксолию камобӣ тобовар аст, онро ба корвон ҳамроҳ намуда, ҳамчун воситаи боркашонӣ дар сафарҳои дур низ истифода мекарданд. Дар дашту биёбон шутурҳо асосан шутурхор ва гиёҳҳои хордори шифобахшро мехӯранд. Алафу гиёҳҳо дорои миқдори зиёди минералҳо ва моддаҳои биологиянд, ки ба таркиби шири шутур мегузаранд. Сабаби шифобахшии ширашон ҳам ҳамин аст. Аз шири шутур барои тайёр кардани ҳар гуна шириниҳо ва маводи хӯрокворӣ истифода мебаранд.
Мисолан, мувофиқи маълумот дар Швейтсария шири шутурро барои тайёр кардани шоколади болаззат истифода мебаранд. Дар Арабистон аз шири шутур какао ва дар Ҳиндустон яхмос тайёр мекунанд.
Шири шутур аз витаминҳои В1, В2, оҳан, фосфор ва калсий ғанӣ аст. Витаминҳои С ва D дар шири шутур нисбат ба шири гов се маротиба зиёданд.Иммунитети бемор паст бошад, бояд ҳар рӯз 0,5 литр шири навдӯшидаи шутур нӯшад.
Шири шутурро дар шиками гурусна нӯшидан лозим аст. Вақте ба мақсади табобат шири шутур менӯшанд, бояд аз хӯрокҳои талх, шӯр, дуддодашуда ва консервҳои гуногун, инчунин аз нӯшидани машрубот ва тамокукашӣ худдорӣ намоянд, зеро парҳез таъсири шифобахшии шири шутурро зиёдтар мегардонад.
Ин аст, ки соҳибкорони хоҷагиҳои шутурпарварии вилояти Навоӣ ба парвариш ва ривоҷи шутурпарварӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд, то талаботи мизоҷонро бо шири шутур таъмин намоянд.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.