Сайёҳон ва зиёратгарони дохилию берунӣ навъе ба Бухоро, Самарқанд, Хоразм, Шаҳрисабз барин шаҳрҳои қадимии мамлакатамон ҳусни таваҷҷӯҳ доранд, ба шаҳри Нурато, воқеъ дар вилояти Навоӣ, майл мекунанд.

Сайёҳон ва зиёратгарони дохилию берунӣ навъе ба Бухоро, Самарқанд, Хоразм, Шаҳрисабз барин шаҳрҳои қадимии мамлакатамон ҳусни таваҷҷӯҳ доранд, ба шаҳри Нурато, воқеъ дар вилояти Навоӣ, майл мекунанд.

Сайёҳон ва зиёратгарони дохилию берунӣ навъе ба Бухоро, Самарқанд, Хоразм, Шаҳрисабз барин шаҳрҳои қадимии мамлакатамон ҳусни таваҷҷӯҳ доранд, ба шаҳри Нурато, воқеъ дар вилояти Навоӣ, майл мекунанд. Аҳолии шаҳр чандон зиёд нест – ҳамагӣ 30 ҳазор нафар, вале даро-баро ҳамеша дар авҷ. Як пора табиати зебои 55 километр дуртар аз маркази маъмурии вилоят ҷойгиршударо «шаҳри нур» ё дурдонаи Шарқ мешуморанд, ки бесабаб нест. Фикр мекунем, Нурато воқеъ дар 524 метр баландтар аз сатҳи баҳр чун шаҳри муқаддас, таърихӣ ва тозаҷавон воқеан ба ҳар гуна таъриф ва суханони баланд арзанда аст. Баъзе қуллаҳо дар қаторкӯҳҳои Нурато бештар аз 2 ҳазор метр.
Масҷид дар бисёр ҷойҳо мавҷуд, вале ба Ҷумъа, Намозгоҳ барин масҷидҳои Нурато аҳолӣ бо чашми дигар менигарад. Диққати сайёҳонро низ ҷалб мекунанд ин ибодатгоҳҳо. Мақбараи Муҳаммад Нурато ва осорхонаи таърихӣ дар Нураторо, айни замон, ҳамеша серодам мебинед.
Вақте дар Нурато будем, маҷмӯи меъморӣ бо унвони «Чашмаи нур» эътиборамонро ба худ кашид. «Қалъаи нур», масҷиди гумбазноки «Панҷвақта», оромгоҳи Абулҳасани Нурӣ, чоҳи Нургулато, ҳуҷраҳои Мадраса, ки дар таркиби ин маҷмӯъанд, айни ҳол, маҷмӯи табиӣ-меъмории Нурато ба диққат сазовор.
Нурато мавзеи қадимӣ буда, дар ҷустуҷӯҳои академик Яҳё Ғуломов эътиборан аз давраи палеолит дар қисми шаҳристони атрофи чашмаи Нур умр ба сар бурдани аҷдоди мо баррасӣ шудааст.
Дар ин ҷо қабр ва қадамҷойҳои азизу авлиё хеле зиёд. Дар асрҳои IX-X иқомат кардани бузургвор бо номи Шайх Абулҳасани Нурӣ дар ин қаламрав ба ташаккул ёфтани топонимикаи шаҳр дар соҳили Чашмаи нур асос гардидааст.
Назар ба ҳикоятҳо, аз гунаи ҳазрати Абулҳасан нур мерехт, дили касе, ки аз суҳбати вай баҳра бардошт, равшан мегашт.
Дар чашмаи Нур низ хислат бисёр. Вақтҳои маълуми рӯз (тақрибан аз соати 7.00 то 10.00) ва фаслҳои маълуми сол (баҳор ва тобистон) дар буғи чашма мӯъҷизаи аҷиби табииро мушоҳида кардан мумкин: дар таҳи шуълаи заррин ва шаффофи офтоб аз об буғ не, гӯё нуре, ки ҳар гуна метобад, ба ҳаво мебарояд. Рангинкамони ба осмон баромадаистодаро мебинед мисле. Нурҳое, ки ҳаррангаанд, ба чашми бинанда нур, ба қалбаш равшанӣ мебахшанд.
Нури чун ханҷари ба гардун задашударо ба сурат мегиранд. Мӯъҷизотро аз наворҳо низ тамошо кардан мумкин. Олимон инро аз бисёрии микроэлементҳои таркиби оби чашма дониста ва ба реаксияи он нурҳо вобаста мешуморанд ин ҳолатро. Вале бисёриҳо гумон доранд дар ин ҷо мӯъҷиза ҳаст, дар рангорангии нур як сири илоҳист.
Дар асарҳои таърихнигорон чун Наршахӣ, Ҷувайнӣ, Истахрӣ ва ҳоказо Нурато бо номҳои «Нур» ва «Нури Бухоро» қаламдод шудааст. Навъе дар манбаъҳо зикр ёфта, Нуратои ҳозира ба таркиби давлати қадимии Суғд дохил мешудааст. Шаҳр ба истилои Искандари Зулқарнайн дучор гашт ва ба хароба табдил ёфт. Баъди ин ҷоро забт кардан (соли 329 то милодӣ) Искандар ба водии Сайҳун юриши худ давом намуд. Баъзе қабрҳои дар ин ҷо мавҷударо ба шахсони наздики сарлашкари мақдунӣ нисбат медиҳанд.
Тахмин карда мешавад, қалъаи Нурато, Девори Пероста ва харобаҳои қалъаи Пашшот ба асрҳои чаҳорум ва панҷуми милодӣ оиданд. Аз болотари Нурато як қисми Роҳи бузурги абрешим мегузашт, ки дар ин бора низ маълумотҳо мавҷуд.
Таърихнигор Абӯбакр Наршахӣ (899-959) дар «Таърихи Бухоро» ном асараш қайд кардааст: «Нур – ҷои калон. Дар он Масҷиди ҷомеъ мавҷуд. Дар ин мавзеъ работҳо зиёд. Одамҳо аз Бухоро ва ҷойҳои дигар ҳар сол ба ин ҷо баҳри зиёрат меоянд. Мегӯянд, касе, ки ба зиёрати Нур омад, ба фазилати ҳаҷ кардан соҳиб мешавад. Ин Нурро дар вилоятҳои дигар Нури Бухоро меноманд. Бисёре аз тобеинҳо дар ин ҷо дафн шудаанд».
Ҷуз аз Абулҳасани Нурӣ, ки зикр намудем, дар ин ҷо азизу авлиёи зиёд зиста ва вобаста ба номҳои мубораки Хоҷа Бурҳониддин Ҷариллоҳ, Аҳмад Замчӣ, Хоҷа Убайдуллоҳ, Нуриддин Қаттол, Боумар Нургулато, ҳазрати Шоҳимардон, Зангиато барин намояндагони барҷастаи олами ислом дар Нурато мақбара, зиёратгоҳу қадамҷойҳо мавҷуд. Шояд ин низ ба саҳифаҳои таърих чун шаҳри нур муҳрёбии маскани муборак сабаб шудааст.
Ҷуллобӣ ал-Ҳуҷвирӣ дар китобаш «Кашф-ул-маҷҳуб» навиштааст: «Қабри Бобо Хокии авлиё дар кӯҳи Нур мебошад».
Бале, азизу авлиёе, ки дар доманаҳои қаторкӯҳи Нурато ба хоби абад рафтаанд, хеле зиёд. Ин аст ҳар ваҷаб гӯшаи шаҳри Нур ё худ Нурато – гӯшаи муқаддас, зиёратгоҳи муборак.
Аснои юриши Хоразм як ҳафта дар Работи Малик нафас рост карда, аз оби Чашмаи нур нӯшида, қабри Шайх Абулҳасани Нуриро чӣ тавр тавоф сохтани Амир Темур дар «Зафарнома»-и Шарафиддин Алӣ Яздӣ қайд ёфтааст.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Нафаҳот-ул-унс мин ҳазорат ул-қудс» ном асараш номи Шайх Абулҳасанро зикр сохтааст. Шайхи бузург будани зикршударо Мирзо Улуғбек низ бо ихлос эътироф намудааст. Дар васфи Нуратои муътабар Бобораҳим Машраб ғазалҳо гуфта, аз пири маънавиаш Нур шафоат талабидааст. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ: «Дар дунё ду нур мавҷуд: яке нури офтоб, дувум – чашмаи Нур», гуфта буд дар асри Х.
Вақте Нураторо зиёрат мекардем, дар бораи шаҳри Нур ва чашмаи мӯъҷизаноки он ривояту гӯяҳои ҷолиб шунидем. Дар ҳар нақл ва ҳикоят муҳаббати бузурги халқ нисбати Нур ва чашмаи Нур муҷассам.
Дар атрофи чашмаи Нур боз чашмаҳое мавҷуд вобаста бо номҳои Қӯчқорато, Бузургато, Фозилмонато, Ҷӯшато, Кӯптӯнлиато барин азизу авлиё. Мегӯянд, моҳиҳои ҳаррангае, ки дар чашмаи Нур шиноваранд, дар рӯзҳои муайяни ҳафта дар ин чашмаҳо пайдо мешаванд. Тавассути роҳҳои обии зеризаминӣ чӣ тавр равуосозии «маринка»-ҳои зарринтоб низ як сири илоҳист. Нуратои куҳан ва таърихӣ дар рӯзҳои мо мавқеи пештараашро барқарор намуд. Ҳавои мусаффои ин маскан, табиати нотакрор, бунёдгариҳое, ки дар ин ҷо пеш бурда мешаванд, шароитҳое, ки ҳарҷониба мусоиданд, зиёратгар ва сайёҳонро ба худ мекашанд.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: