САЛОМ, МАКТАБИ МАҲБУБ, ДАРГОҲИ МУЪТАБАР

ё ки гузориш аз мактаб

4-уми сентябр даромадгоҳ ва саҳни ҳавлии мактаби рақами 17-и шаҳри Ангрен ба таври хос ороста буд. Ғайр аз омӯзгорону донишомӯзони мактаб  ба ин ҷо меҳмонон ва падару модарони зиёд низ ташриф оварда буданд. Дар як тарафи саҳни ҳавлии мактаб болои  мизи қатор чидашуда гулдастаҳои тару тоза гузошта буданд. Ҳувайдо буд, ки ба ин ҷо аз мақомоти шаҳр ва идораҳои дигар меҳмонҳо даъват шудаанд. 
Дастаи карнаю сурнай ва доиранавозон хомӯшии ин ҷоро барҳам зада, ба мардум аз маросими пуршукӯҳ ва хурсандибахш дарак медод. Теъдоди одамони саҳни ҳавлии мактаб лаҳза ба лаҳза меафзуд. Бо танин андохтани садои мусиқии ҷаззоб ва суруди дилпазир гулдухтарон  дар бар либосҳои гуногуну ранга мерақсиданду мехиромиданд ва табъи ҳамаро болида месохтанд.
– Имрӯз роҳандозии якчанд чорабинии муштарак барномарезӣ шудааст. Мактабамон аз тармими куллӣ баромад ва акнун мо соҳиби бино ва синфхонаҳои зебову барҳаво шудем. Сониян, дар мактабамон  занги аввал садо медиҳад,– мегӯяд бо хушҳолӣ директори мактаб Зебо Маҳкамова.
– Зебоапа, меҳмонҳо омаданд,– пайғом дод яке аз омӯзгорон ва директор ба самти даромадгоҳи мактаб шитофт. 
 Баъди лаҳзае вай дар иҳотаи се-чор нафар дубора ба саҳни мактаб баргашт. Меҳмонҳо ҷои худро ишғол карданд. Суруди давлатӣ садо дод. Ҳама баробар даст ба рӯи сина гузошта, суруди давлатиро замзама мекарданд.
– Ҳамаи шумо, меҳмонони азиз, падару модарон ва кулли омӯзгоронро ба муносибати ҷашни 28-умин солгарди истиқлоли Ватан муборакбод мегӯям. Дар ин рӯзҳои муборак омӯзгорон ва донишомӯзонамон соҳиби тӯҳфаи беназир гардиданд. Барои ин аз сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев сипосгузорем, зеро маҳз бо дастури он кас бинои мактабамон куллан тармим ёфт ва муҷаҳҳаз гардид. Мо ҷавобан ба ин ғамхориҳои Президент бо эҳсоси масъулият меҳнат мекунем ва сатҳи таълиму тарбияи наслҳои наврасро боз бештару беҳтар боло мебарем, – гуфт Зебо Маҳкамова.
Вай илова кард, ки дар соли хониши 2019-2020  мактаби онҳо дар чаҳор гурӯҳ фарзандони мардуми ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Наврӯз»-ро ба синфи якум пазируфт. Ба гуфтаи Зебо Маҳкамова шумораи донишомӯзони мактаби онҳо дар айни ҳол ба 1480 нафар  расидааст. Ҳамаи синфҳо аз чаҳор гурӯҳ иборатанд ва танҳо дар як синф панҷ гурӯҳи донишомӯзон таҳсил мекунанд.
Гурӯҳи донишомӯзон ба нишони эҳтироми меҳмонон ва падару модарон шеърҳое қироат карданд, ки Ватан, истиқлол ва устодонро тавсиф менамуд. 
– Имрӯз дар чаҳор мактаби шаҳрамон дар баробари занги аввал  маросими лентабурӣ баргузор мегардад. Яке аз ин маросимҳо дар мактаби шумо сурат мегирад. Ҳокимияти шаҳр аз миёни мактабҳои дигар маҳз ҳамин мактаби тоҷикиро ба шефигарӣ гирифтааст. Бубинед, ки намои мактаби шумо шабеҳи он аст, ки гӯё тоза сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Бовар дорам, ки шумо, омӯзгорону мураббиён тамоми донишу маҳорати худро барои пешбурди таълиму тарбия сарф мекунед. Донишомӯзон дар хулқу атвор ва донишу азхудкунии фанҳо аз ҳама пешсафу пешқадам мешаванд ва бо ширкати фаъол дар озмунҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ шаъну шӯҳрати мактабу шаҳри азизамонро боз ҳам боло мебаранд,– гуфт ҳокими шаҳри Ангрен Шукрулло Маҳмудов.
Чунин ба назар мерасид, ки донишомӯзон ва падару модарон ба ин санаи муҳим хеле тайёрӣ дидаанд. Рӯи мизҳои меҳмонон гулборон мешуд. Директор ва омӯзгорони мактаб дар оғӯши гулдастаҳои тару тозаи падару модарон ва шогирдони худ ҷавлон мезаданд.  
Баъд маросими лентабурӣ фаро расид. Ҳокими шаҳр, мудири шӯъбаи таълими халқ ва омӯзгорони собиқадор дастаҷамъона дар маросими лентабурӣ ширкат карданд ва зери кафкӯбиҳои пурмавҷ калиди рамзии мактабро ба Зебо Маҳкамова супурданд. 
Маросими идона ба поён расид ва баробари садо додани занги аввал донишомӯзони чаҳор гурӯҳи синфи якум сафкашон вориди бинои мактаб шуданд. Дар ҳамаи синфҳо дарсу машғулиятҳои соли таҳсили нав оғоз ёфт. Яке аз ин дарсҳо дар мавзӯи «Истиқлол ва дастовардҳои Ӯзбекистон»-ро ҳокими шаҳр Шукрулло Маҳмудов дар синфи 11-б гузашт.
Аз фурсат истифода намуда Зебо Маҳкамоваро ба суҳбат кашидам. Вай мегӯяд, ки барои тармими куллии мактаби онҳо аз буҷаи кишвар беш аз шаш миллиард сӯм ихтисос дода шуд. Ба таъкиди ӯ бо ин маблағ тамоми синфхонаҳо ва утоқҳои ҷудогона, толори варзишӣ ва толори ҷамъомадҳои мактаб хеле хушсифат аз тармим баромад. 
– Дар ин кор сохтмончиёни чирадасти шаҳрамон хеле меҳнат карданд ва то фаро расидани соли хониши нав онро бароямон армуғон намуданд. Ба таътилу рухсатии худ нигоҳ накарда теъдоди зиёди омӯзгорон низ барои зудтар ба анҷом расонидани корҳои тармим ва муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳо фаъолнокии беназир нишон доданд, — мегӯяд З. Маҳкамова.
Аксари синфхонаҳо бо мебели нав ҷиҳозонида шуданд. Синфҳое, ки бо компютерҳо муҷаҳҳазанд, низ дар ихтиёри омӯзгорону шогирдони мактаб қарор мегиранд. 
– Кишвари соҳибистиқлоламон таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Шавкат Мирзиёев сол аз сол нашъунамо меёбад ва тараққӣ мекунад. Фикр мекунам, ки дар вилояти Тошканд  ва берун аз ҳудуди он мактабамонро ҳамчун намунаи беҳтарини маскани нуру зиёву маърифат муаррифӣ карда метавонем,– иброз медорад Зебо Маҳкамова.
Акнун саҳни мактаб оҳиста холӣ мешуд. Меҳмонон ва падару модарон ба чаҳор тараф пароканда мешуданд. Онҳо бо ҳамон шодмонӣ ва кайфияти идона аз дарвозаи мактаб берун мебаромаданд ва зимни хайрухуш ба якдигар рӯзи хушу бобарор таманно мекарданд. 
Дар синфхонаҳои мактаб бошад, дубора симфонияи ҷӯшу хурӯши кор танин меандохт.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Шаҳри АНГРЕН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: