«САЛОМАТИАМ ХУБ НАШУД, ОНРО БОХТАМ»

Буду бош дар кишвари бегона ҳамеша хавфу хатаре дорад.

Агар шумо дур аз диёр бидуни ҳуҷҷат ва маблағ бошед, ин метавонад боиси оқибатҳои вазнин гардад. Чӣ гуна оқибатҳои вазнин мегӯед, аз ин хусус ҳамдиёри мо Гулнора Алиева (ном ва насаби вай мувофиқи хоҳишаш тағйир дода шудааст) дар гузоришаш ба Оҷонсии иттилоотии «Дунё» нақл мекунад.
– Ҳамааш тобистони соли гузашта сар шуд, – ба хотир меоварад Г. Алиева. – Ҳангоми аз назорати тиббӣ гузаштан шифокорон гуфтанд, ки дар гурдаҳоям санг ҳаст. Бо мақсади пешгирӣ намудани оқибатҳои беморӣ тавсия доданд, ки ҷарроҳӣ кунам. Ман ба ҷойи он ки ба шифокорони Ӯзбекистон муроҷиат кунам, хостам дар Маскав ҷарроҳӣ намоям. 
Бинобар ин аввали моҳи август бо ҷияни худ ба пойтахти Русия парвоз кардам. Он замон барои ҷарроҳӣ пул надоштам. Бинобар ин қарор додам, ки ба кор ҷойгир шуда, маблағ ҷамъ оварам ва пасон ҷарроҳӣ кунам. Мувофиқи тавсияи шиносон ба зане муроҷиат кардам, ӯ розӣ шуд ба ивази моҳе 200 доллар барои ман ва ҷиянам ҳуҷраи якхонагӣ диҳад. Сипас дар яке аз сехҳои оид ба истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории Маскав ба кор даромадам. 
Вале ба ҷойи пулҳои зиёди ваъдашуда мо ба шароитҳои душвори меҳнат рӯ ба рӯ гардидем: рӯзе 14-16 соат, бидуни рӯзи истироҳат, кор мекардем. Ба мо барои хӯроки нисфирӯзӣ танҳо 5-10 дақиқа ҷудо мекарданд, дар тамоми вақти боқимонда ман мебоист маҳсулоти истеҳсолшударо борбандӣ кунам. Дар ибтидо музди хуб ваъда доданд, вале мо тахминан нисфи пулеро, ки дар шартнома сабт шуда буд, мегирифтем. Ба мо сару либоси махсус, хӯрокворӣ намедоданд, ҳарчанд барои ҳамаи ин аз маоши бе ин ҳам ночизамон маблағеро меситонданд. Тамоми масъалаҳоро дар сех саркорамон бо номи Илёс ҳаллу фасл мекард. Вай барои ман патенти меҳнатӣ расмӣ намуд, тавре ки дар ҷараёни санҷишҳои политсия маълум шуд, он ҳам сохта будааст.
Тавре ки мегӯянд мусибат танҳо намеояд. Ҳуҷрае, ки мо дар он зиндагӣ мекардем, ба зане, ки онро пешниҳод карда буду иҷорапулиро мегирифт, тааллуқ надоштааст. Вай фиребгар будааст, худаш ҳуҷраро аз дигарон гирифта, пасон онро барои миҷозон пешниҳод мекардааст. Баъд аз он ки мо дар ин ҳуҷра чаҳор моҳ зиндагӣ кардем, соҳиби ҳақиқиаш омад ва моро бидуни шарҳу эзоҳ аз хона берун кард. Ҳамчунин тамоми ҳуҷҷатҳоямон, аз ҷумла шиноснома, харитаи муҳоҷират ва суғуртаи тиббӣ дар ҳуҷра монданд. Ба мо рухсат надоданд, ки ҳуҷҷатҳоямонро бо худ бигирем. Қариб як моҳ назди он зан рафта меомадем, вале ӯ моро хушку холӣ, бо ваъдаи хонаро ба мо  додан ва баргардондани ҳуҷҷатҳо бар мегардонд. Мо бо ҷиянам маҷбур шудем, ба ҳуҷраи дигар кӯчем. Бинобар маблағи зарурӣ надоштан лозим омад ҳуҷраи арзонтар ёбем, ки дар он ҳеҷ гуна мебел набуд ва инак ду моҳ боз дар фарш мехобем. 
Зиёда аз ин саркорамон Илёс, ки дар боло зикраш рафт, маошамонро саривақт намедод. Ҳамин тариқ як қисми маоши моҳи аввалро 25-26-уми моҳи  навбатӣ мегирифтем. Баъдан ба баҳонаи он, ки шиносномаам нест, ба ман умуман моҳона намедод. Тамоми хоҳиш ва муроҷиатҳоям ба роҳбарияти сех натиҷае намебахшид. Дар ин муддат тамоми пулҳои захиракардаам низ харҷ шуданд... Дар кишвари бегона аз ҳама чиз: маблағ, ҳуҷҷатҳое, ки шахси маро тасдиқ мекарданд, маҳрум гардидам... Барилова қариб ҳар ҳафта бо политсия рӯ ба рӯ мешудам, ки маро дар ибтидо барои набудани шиносномаам, сипас барои патенти сохтаи меҳнатӣ ҷарима мекард...
Баъди тамоми сарсониҳо, ки аз моҳи декабр то феврал давом карданд, пас аз кулли хоҳишу дархост, ваъда, мактуб ва муроҷиатҳо, таҳдиду дӯғу сиёсатҳо, илтиҷоҳову ашкрезиҳо барои кӯмак ба шӯъбаи консулгарии сафоратхонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Федератсияи Русия муроҷиат кардам. Шукр аз дипломатҳо, ки тамоми мушкилоти маро зуд ҳаллу фасл намуданд. Намояндагони сафорат ҳам бо коргузор ва ҳам бо соҳиби ҳақиқии ҳуҷра, ки ҳуҷҷатҳоям дар он ҷо монда буданд, гуфтушунид карданд. Дар натиҷа ман дар як рӯз ҳам музди меҳнат ва ҳам шиносномаву ҳуҷҷатҳоямро гирифтам... 
Ҳамаи ин воқеаҳоро ба шумо нақл мекунаму оби дидагонамро нигоҳ дошта наметавонам. Ман мехостам саломатии худро барқарор кунам, аммо ба ҷои он онро бохтам, тамоми маблағи худро барои буду бош, хӯрок ва нақлиёт харҷ кардам. Шумо ҳатто тасаввур карда наметавонед, ки дар кишвари бегона ҳар рӯз бо тарсу ҳарос зиндагӣ кардан чӣ қадар душвор аст. Талошҳои зиёд бо коргузор ва тарсу ҳароси мунтазам аз санҷишҳо асабҳои маро хеле хароб карданд... Агар ходимони шуъбаи консулгарии сафоратхона намебуданд, намедонам бо ман чӣ мешуд, ҳаётам чӣ ранг мегирифт. Аллакай ҳафтаи оянда ба Ӯзбекистон, ба назди хешон ва қарибон бармегардем...

ОИ «Дунё»,
 шаҳри МАСКАВ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: