САЛОМАТИИ АҲОЛӢ ВА ПОЙДОРИИ ИҚТИСОДИЁТ – ОМИЛИ МУҲИМИ ТАРАҚҚИЁТ

Мамлакат, халқи мо дар Соли илм, маърифат ва рушди иқтисодиёти рақамӣ назди худ мақсадҳои бузург гузошта буд.

Мамлакат, халқи мо дар Соли илм, маърифат ва рушди иқтисодиёти рақамӣ назди худ мақсадҳои бузург гузошта буд. Таҳдиди хатарноки коронавирус нақшаҳоямонро дигар кард. Ба давлат лозим омад, ки дар навбати аввал баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ чорабинӣ кунад. Дар муддати кӯтоҳ муолиҷагоҳҳои махсус сохта шуданд ва минтақаҳои карантин ба вуҷуд омаданд. Беморхонаҳо ба муассисаҳои карантин мувофиқ гардонда, бунгоҳҳои тиббӣ бо дорую дармон, воситаҳои ташхисию ҳимоя ба дараҷаи кофӣ таъмин карда шуданд. Бо ин мақсад аз буҷаи давлат маблағи зарурӣ ҷудо гардид. 
Дар давоми шаш моҳи пурташвиш вобаста ба пандемияи коронавирус қарору фармонҳои зиёди Президент қабул гардиданд. Дар натиҷа аҳолӣ, шабакаҳои иқтисодӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ ба дараҷаи имкон дастгирӣ карда шуданд. Дар шаҳри Бухоро низ бобати мубориза бар зидди COVID-19 ва ҳифзи аҳолӣ корҳои васеъмиқёс иҷро гаштанд. Бо мақсади қабули беморон бо аломати сирояти коронавирус се муолиҷагоҳ (ҳар кадом дорои 400 ҷой) тайёр гардид, вале афзоиши шумораи беморон водор намуд, ки дар маҷмӯи варзишии «Семурғ», хобгоҳҳои литсейҳои академии Институти муҳандисӣ-технологӣ ва Донишкадаи тиббӣ се муолиҷагоҳ (ҳар кадом дорои 550 ҷой) низ омода карда шавад. Баробари ин бо мақсади эҳтиёткорӣ боз тайёр кардани муолиҷагоҳи иловагӣ (дорои 1400 ҷой) ба нақша даромад. Ин муассисаҳои муолиҷавӣ ба тарзи илова бо 25-то ИВЛ, 100 дастгоҳи SPOP, 100 консентратори оксиген, 200-то баллони ҳаво (оксиген), 3 дастгоҳи рентгени портатив таъмин карда шуданд. Бо мақсади дастрасшавии консентраторҳои оксигенӣ ба муассисаҳои тиббии шаҳр аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 1 миллиард сӯм ҷудо гардид. Ҳоло барои муолиҷаи беморони коронавирус 49 намуд захираи дорую дармон барои 10 ҳазор нафар (қимати умумиаш 5 миллиарду 200 миллион сӯм) ташаккул ёфт. Бо мақсади фавран ҳал кардани масъалаҳои вобаста ба ҳолати эпидемиологии COVID-19 фаъолияти колл-марказ ба роҳ монда шуд. Аз сабаби камӣ кардани автомобилҳои махсуси Маркази ёрии таъҷилии шаҳр (онҳо 25-то буданд) ба онҳо боз 20-то автомобили «Дамас» илова гардид, инчунин бо мақсади харида гирифтани боз 10 воситаи нақлиёт шартнома таҳия ёфт. Барои сабуктар гардондани «бор»-и ёрии таъҷилии тиббӣ дар хона ба роҳ мондани муолиҷаи беморон дар поликлиникаҳои бисёршабака ва оилавӣ бештар аз 10 гурӯҳи сайёр созмон ёфта, ба онҳо 20 автомобили «Дамас» дода шуд. Дар шароити пандемия бо мақсади дар маркази осоиштагии санитарию эпидемиологии шаҳр муайян намудани беморони коронавирус 3 лабораторияи ПЦР фаъолият нишон дода, дар онҳо бештар аз 110 ҳазор санҷиш гузаронида шуд. Албатта, ин натиҷа қаноатбахш нест. Аз ин рӯ боз дар чор муассисаи хусусии тиббии шаҳр чунин санҷишҳо ба роҳ монда шуданд. Шуъбаҳои вазъиятҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳр якҷо бо маркази осоиштагии санитарию эпидемиологӣ дар бозорҳо, маҷмӯъҳои савдо ва кӯчаҳо мунтазам тадбирҳои дезинфексия мегузаронанд. Дар ин тадбирҳо 10 воситаи нақлиётии махсус ва 300 нафар корманд ҷалб гардида, рӯзе ба ҳисоби миёна дар бештар аз 300 иншоот ҷараёни безараркунӣ сурат мегиранд. Дар натиҷаи амалӣ гаштани чораю тадбирҳои зикрёфта, ҷасорат зоҳир намудани духтурон ва кормандони миёнаи тиббӣ бобати маҳвсозии манбаъҳои сироят, ҳаммаслакии онҳо бо шифокорон дар шаҳр рӯз то рӯз шумораи ба COVID-19 гирифторшудагон кам гардида, миқдори пурра шифоёфтагон меафзояд.  Дар шароити пандемия аз ҷиҳати иҷтимоӣ дастгирӣ намудани табақаҳои камтаъмини аҳолӣ аз ҷараёнҳои муҳимтарини фаъолияти ҳокимияти шаҳр ба шумор меравад. Дар ин бобат фаъолияти маркази танзими тақсимоти маводи «Саховат ва кӯмак» ҷолиби диққат аст. Дар асоси 1700 муроҷиат ба бештар аз 700 оила ёрдам расид. Дар давраи пандемия ба 10218 нафар аъзои 2785 оила, ки аз даромадашон маҳрум шудаанд, 4 дафъа – ҷамъ ба андозаи 2 миллиарду 510 миллион сӯм 13 намуд маҳсулоти хӯрокворӣ ва воситаҳои гигиенӣ расонда дода шуданд. Чораҳои пешгирӣ намудани ба тарзи сунъӣ болоравии нархи бозор дида мешавад. Департаменти мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ якҷо бо кормандони идораҳои андоз дар бозори деҳқон ва дар маҷмӯъҳои калони савдо тадбирҳои назоратӣ мегузаронанд. Дар давоми пандемияи COVID-19 ташкилоти саноатӣ, сохтмон ва нақлиёти шаҳр, субъектҳои хурди тадбиркорӣ бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ омада, дар фаъолияташон ақибмонӣ зоҳир гардид.
Аммо Фармони Президент аз 19 марти соли 2019 «Дар бораи чораю тадбирҳои аввалиндараҷа бобати нармтар гардондани таъсири манфии пандемияи коронавирус ва ҳолатҳои буҳрони ҷаҳонӣ ба шабакаҳои иқтисодиёт» бинобар беҳтаршавии вазъи молиявии онҳо омили муҳим гардид. Мувофиқи ин ҳуҷҷат ба соҳибкорон ва шаҳрвандон муҳлати пардохти вомҳояшон ба таваққуф гузошта шуд, бобати гирифтани таътилҳои андоз ёрии амалӣ расонда шуд. Бинобар 1569 шартномаи вом муддати пардохти 100 миллиард сӯм маблағ то 1 октябр дароз гардид. 
Ба 15 корхона андози қимати иловагӣ ба андозаи 1 триллиону 356,5 миллион сӯм баргардонда шуд. Ба 11 лоиҳа ва субъектҳои тадбиркорие, ки бо шарти даровардани сармоя бо қимати сифр соҳиби бино гаштаанд, муддати даровардани сармояҳо ба таъхир андохта шуданд. 17,5 миллиард сӯм андози қимати иловагии 16 корхонаи содиротӣ баргардонда дода шуд. Ба 253 субъекти соҳибкорӣ имконият дода шуд, ки ҷамъ 3,7 миллиард сӯмина андози молу мулк ва замин, инчунин андози истифодабарӣ аз захираи обро дар муддати шаш моҳ кам-кам супоранд. Ба 751 корхона бо мақсади ташаккулдиҳии маблағи муомила ба андозаи 500 миллиард сӯм вом ҷудо гардид. Нимаи аввали соли 2020 ба андозаи 17,7 миллион доллар маҳсулоти саноатӣ ва ба андозаи 600 ҳазор доллар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ содир шуд. Дар ин давра содироти маҳсулот ба бозорҳои Македония, Босния-Герсоговина ва Литва ба амал омад.То охири сол ҳаҷми содирот ба 36,2 миллион доллар расонда мешавад. Моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ аз ҷониби шуъбаҳои шаҳрии бонк ба субъектҳои тадбиркорӣ 1,0 триллион сӯм вом ҷудо гардид ва миқдори умумии онҳо ба 7,7 триллион сӯм расид. Бо мақсади амалӣ сохтани қарори Президент аз 24 октябри соли 2019 «Дар бораи чораю тадбирҳои иловагии кредитонидани лоиҳаҳо дар доираи барномаи давлатии рушди соҳибкории оилавӣ» аз ҷониби бонкҳо 35,0 миллиард сӯм захираи вом ҷудо гардида, 423 ҷойи корӣ арзи вуҷуд кард. Дар давоми шаш моҳи гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 966,2 миллиард сӯмро ташкил карда, нисбати то ҳамин давраи соли гузашта 8,4 фоиз афзуд. Бо мақсади ба гӯшаи обод ва зебои ҷумҳурӣ табдил додани Бухорои шариф мувофиқи барномаи солҳои 2019-2021 765 иншооти  қимати умумиаш 4 триллиону 500 миллион сӯм аз ҷумла 371  бинои бисёрошёна, 266 корхонаи савдо ва хидмати маишӣ, 52 меҳмонхона, 8 бозор ва маҷмӯи тиҷоратӣ, 68 бинои дигари инфрасохтор бунёд мегардад.Чораю тадбирҳои ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронӣ тайёркунии фонди хонаю манзили бисёрошёнаи шаҳр дида мешавад. Хуллас, ҳамдиёронамон дар шароити пандемия низ бо риояи қатъии талабҳои пешгузошташуда баҳри пойдорӣ ва рушди иқтисодиёт, фаровонию ободии диёр шуҷоатмандона меҳнат мекунанд.

Ӯткир ҶУМЪАЕВ,
иҷрокунандаи вазифаи 
ҳокими шаҳри Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: