САЛОМАТИИ АҲОЛӢ – ҲУВВИЯТИ ОЛӢ

Мо дар даврони нави таърихи Ӯзбекистон зисту зиндагӣ дорем.

Мо дар даврони нави таърихи Ӯзбекистон зисту зиндагӣ дорем. Ин давр ҳамчун даврони ҷамъияти шаҳрвандӣ ва такмил додани давлати ҳуқуқбунёд ба таърих ворид мегардад. Даври мазкур, ки дар мамлакат ташаккул додани ҷомеаи пешқадами шаҳрвандӣ дар он ба сифати стратегия қабул шудааст, дар тамоми табақаҳои ҷамъият ва кулли соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ татбиқ сохтани дигаргуниҳои куллиро тақозо дорад.
Дар ин ҷараён мо шоҳиди он мешавем, ки дар соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавиву маърифатии мамлакат бинобар самараи ислоҳот фаровонҳолии аҳолӣ, камолоти рӯзафзуни фарзандонамон ва эҳтиёҷи ҳаётии ҳар кадом шаҳрванд таъмин  мегарданд, ки аз бунёди давлати мутараққӣ дарак медиҳад.
Дар ин маврид бояд зикр кард, соҳае, ки ба кайфияти аҳолӣ бештар таъсир мегузорад, ҳамчунин ба пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ таъсири зиёд дорад, ин тиббиёт мебошад. Зеро ҳифзи саломатии шаҳрванд ин маҷмӯи чораву тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маданӣ, илмӣ, тиббӣ ва санитариву эпидемиологӣ ба шумор меравад.
Хушоянд аст, ки тӯли чаҳор соли охир эътибор ба низоми ҳифзи нигаҳдории тандурустӣ куллан тағйир ёфт. Аз ҷумла, бинобар он ки роҳбари давлат соҳаи мазкурро шахсан таҳти назорат қарор додааст, дар тиббиёт низоми куллан нав офарида мешавад.
Дар ҷамъомади видеоие, ки ба қарибӣ таҳти роҳбарии Президент баргузор шуд, корҳое, ки дар соҳа татбиқ мегарданд ва масъалаҳое, ки бояд ҳаллу фасл шаванд, ҳамаҷониба баррасӣ шуданд. Тавре ки таъкид гардид, дар пояи консепсияи рушди низоми нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон соҳа зина ба зина такмил меёбад. Аз ҷумла, тайи як соли охир зиёда аз 20 фармон ва қарорҳо қабул гардиданд, ки ба беҳтар кардани сифати хидмати тиббӣ нигаронида шудаанд. Соли равон ба соҳа аз буҷа 21 триллион сӯм, яъне нисбати соли 2017-ум 3 баробар бештар маблағ ҷудо карда шуд. Барои таъмин сохтани иҷрои фармон ва қарорҳое, ки дар соҳаи тиб қабул шудаанд, аҳволи ҳар як хонавода ва сиҳҳатии ҳар кадом шаҳрванд омӯхта, мушкилоти муайяншуда мувофиқи нақша ҳаллу фасл мешаванд.
Бояд иқрор шуд, ки бо вуҷуди андешидани чораву тадбирҳо дар низом ҳанӯз муаммоҳои зиёд ҳастанд. Дар ҷамъомад Президент ба ин муаммоҳо таваққуф кард, барои мунтазам ҳаллу фасл кардани онҳо панҷ самти асосии зеринро муайян намуд:
Якум, бояд зинаи ибтидоии тиббиёт ба низоми сари вақт муайян кардани беморӣ ва табобати он табдил дода шавад.
Дуюм, дар маҳалҳо аз ҷониби марказҳои ихтисосонидашуда ҳаҷми хидматҳои доираи танги тиббӣ зиёд ва сифаташон куллан беҳтар гардад.
Сеюм, аз тариқи рақамикунонӣ дар соҳа коғазбозӣ, бюрократия ва таъмагарӣ қатъиян решакан карда шавад.
Чаҳорум, дар тамоми самтҳои тиббиёт рақобат инкишоф ва иштироки сектори хусусӣ вусъат дода шавад. 
Панҷум, бояд дониши кормандони тиббӣ зиёд, таълим ва илму фанни тиббӣ беҳтар карда шавад.
Бешубҳа, пешбурди соҳаи тиббиёт дар пояи самтҳои мазкур низоми ҳифзи саломатии аҳолӣ ва хидмати тиббиро аз нуқтаи назари сифат ба зинаи куллан нав мебардорад. Барои ба амал татбиқ сохтани ин мақсад тамоми чораву тадбирҳо андешида мешаванд. Аз ҷумла, тавре ки Президент дар ҷамъомад таъкид кард: «Ба низоми нигаҳдории тандурустӣ ҳар сол чандин триллион сӯм маблағ ҷудо карда мешавад,  вомҳои байналхалқӣ ҷалб мегарданд. Халқамон бояд самараи ин маблағҳои барои соҳа ҷудокардашударо эҳсос намояд».
Тамоми созмон ва иттиҳодияҳо, марказҳои илмӣ, муассисаҳои таълими олӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии соҳаи тиб барои ин мақсади нек бояд имкониятҳои худро сафарбар намоянд. Зеро дар кишвари мо саломатии халқ ба сифати ҳуввияти олӣ эътироф гардидааст.

Мақсуда ВАРИСОВА,
узви фраксияи Ҳизби халқиву демократии Ӯзбекистон дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: