Роҳбари шуъбаи санитарию эпидемиологӣ ва саломативу осоиши ҷомеаи шаҳри Тирмиз Дилфуза Муҳаммадиева гуфт, ки дар байни аҳолии шаҳр паҳн шудани бемории гурӯҳи А-и зардпарвин (гепатит А) кормандони тибро ба ташвиш овардааст.
Бино ба маълумоти мутахассисони соҳа, ин маризӣ хеле хавфнок аст. Саҳлангорӣ дар табобати он ҷигари касро корношоям мекунад, ки оқибати нохуш дорад. Инро ба инобат гирифта, табибони соҳаи санитарию эпидемиологӣ аз аввалинҳо шуда бонги изтироб заданд.
Бемории мазкур ҳар сол охири тирамоҳу аввали зимистон ривоҷ ёфта, ба ҷони мардум таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, ходимони муассиса ҳамарӯза корҳои тарғиботӣ мебаранд ва ҷамъомадҳо ороста, ба падару модарон мефаҳмонанд, ки ваксина бихаранд ва ҷони худу пайвандонашонро ҳифз кунанд. Онҳо ба хонаҳои мардум мераванд ва амалиёти ташвиқотӣ мегузаронанд. Ҳамзамон бо ҳолати санитарӣ ва гигиении аҳолӣ шинос шуда, маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
– Як дона ваксинаи зидди зардпарвини гурӯҳи “А” 230 ҳазор сӯм арзиш дорад, – мегӯяд Дилфуза Муҳаммадиева. – На ҳама метавонанд ин маблағро барои хариди он сарф кунанд, зеро оилаҳои мо сернуфус ҳастанд. Аммо ин набояд мардумро аз харидану истифодаи дору боздорад. Охир, Худо накарда он сироят кунад, барои табобаташ даҳҳо баробар зиёдтар маблағ сарф мегардад ва боз оқибати нохуш таҳдид мекунад.
Мутаассифона, шароити носозгори иқтисодӣ аксари волидонро маҷбур мекунад, ки аз хариди ваксинаи зидди “гепатит А” худдорӣ кунанд. Аз ин рӯ, ҳокимияти вилояти Сурхондарё пас аз муроҷиати кормандони ҳифзи тандурустӣ барои қишри нодори аҳолӣ 1359 адад ваксинаро аз ҳисоби буҷаи давлат маблағгузорӣ намуд. Тақсимоти он қатъӣ назорат мешавад.
Имрӯз шуъбаи санитарию эпидемиологӣ ва саломативу осоиши ҷомеаи шаҳри Тирмиз 87 корманд дорад. Онҳо дар 9 самт кор мебаранд ва барои ҳифзи ҷони аҳолии қаламрав аз таҳдиди эҳтимолии ангезаи маризиҳои гуногуни сироятӣ мекӯшанд. Се лабораторияи муҷаҳҳаз бо афзори ташхиси тиббӣ амал мекунанд. Табибони соҳиби тоифаи олӣ Холмамат Пирматов, Маматназар Хӯҷаназаров ва Раъно Ҷовлиева дар пешбурди кори ташхис ва табобати мизоҷон саҳми арзанда мегузоранд.
Кормандони шуъбаи мазкур дар маҷмӯъ ҳолати санитарии 1661 адад муассисаи давлативу хусусии шаҳрро омӯхта, баъзеи онҳоро барои иҷро накардани талаботи беҳдошт ва ё дар шакли дағал хароб намудани қоидаҳои мавҷуда водор сохтаанд, ки зиёни расондаи худро ҷуброн кунанд. Дар натиҷа, пас аз чораҳои маъмурӣ ҳудуди 68 миллиону 190 ҳазор сӯм ҷарима карда, аз ин миқдор 44 миллиону 544 ҳазор сӯм ситонида шудааст.
Имсол барои фаъолияти хубу мунтазами шуъба аз буҷаи ҳокимият 3 миллиарду 286 миллиону 293 ҳазор сӯм маблағ ҷудо шудааст.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.