САЛОМАТИИ МОДАРУ КӮДАК– ДАР МАДДИ НАЗАР

Ҳокими вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев бо як гурӯҳ мутахассисони соҳаи таҷҳизоти тиббӣ ва соҳибкорони Исроил ва Русия мулоқот намуд.

Ӯ меҳмононро ба вилоят хайрамақдам гуфт ва иброз дошт, ки ташрифи онҳо барои беҳбуд ёфтани корҳои соҳаи тандурустӣ, хоссатан, саломатии модару кӯдак нақши муассир хоҳад дошт.
Дар ин мулоқот  мустаҳкам намудани саломатии модару кӯдак ва таъмини таваллудхонаҳо бо дастгоҳҳои замонавӣ, ки барои солим ба дунё омадани тифлакон мусоидат хоҳанд кард, дар меҳвари гуфтугӯ қарор гирифт. Ҳамчунин, зимни мулоқот аз он ёдоварӣ карда шуд, ки дар маркази вилояти Фарғона Хазинаи иҷтимоии «Модар ва кӯдак» ифтитоҳ ёфтааст ва фаъолияти он бояд беш аз пеш тавсеа бахшида шавад.
– Бори аввал аст, ки ба Ӯзбекистон ва Фарғонаи шумо меоям. Аз ин сафар хеле хушҳолам. Дар баробари овардани дастгоҳҳои замонавии тиббӣ, ки барои зоишгоҳ ва саломатии модару кӯдак заруранд, мо ба такмили касби мутахассисони тиббӣ низ машғул хоҳем шуд, – гуфт директори генералии ширкати «MVI medical centre» (Исроил) Наталя Мелек.
Хонум Мелек афзуд, ки дар кишвари ӯ ба роҳ мондани хизмати тиббӣ хеле хуб ташкил шудааст ва умедвор аст, ки ҳамин корро дар Фарғона низ ба роҳ монад. 
– Дар қарне, ки тамоми соҳаҳоро технологияҳои наву замонавӣ фаро гирифтаанд, истифодаи таҷҳизоти наву замонавии тиббӣ дар вилояти шумо низ ба роҳ монда мешавад. Худи мо ба ҳамин кор машғулем ва ҳамтоёни худро дар Фарғона ба ин кор ҷалб хоҳем кард,– мегӯяд директори генералии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Хизмати дастгоҳҳои тиббӣ»-и Русия Сергей Артёмов.
Тибқи гуфтаҳои директори генералии Хазинаи байналмилалии «Salus» (Исроил) Егор Иванков ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мутахассисони фарғонагӣ самараи хуб хоҳад дод. 
Меҳмонон дар бораи иҷрои нақшаҳое низ табодули назар намуданд, ки дастандаркорони Хазинаи иҷтимоии «Модар ва кӯдак»-и вилоят зимни мулоқот муаррифӣ намуданд. 

Файзулло ИБРОҲИМОВ.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: