САЛОМАТИИ РЕПРОДУКТИВИИ ЗАНОН

Маҷлиси Кумитаи масъалаҳои фан, таълим ва нигаҳдории тандурустии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дар он бинобар ҳолати корҳо оиди мустаҳкам кардани саломатии занон, мониторинги саломатии репродуктивии онҳо, минбаъд баланд бардоштани маданияти тиббии оилаҳо ахбори ҷонишини  якуми вазири нигаҳдории тандурустӣ шунида шуд.
Дар маҷлис аъзои кумита, намояндагони вазоратҳои дахлдор, идораву созмонҳо ва кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ширкат варзиданд. 
Дар ҷумҳурии мо ба ҳаматарафа тарбияву нигоҳубини модару кӯдак эътибори алоҳида дода мешавад ва мустаҳкам кардани саломатии репродуктивии занон яке аз самтҳои устувори сиёсати давлатӣ ба шумор меояд. Зеро саломатии модару кӯдак омили муҳими нишондиҳандаи дараҷаи тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии ҳар як мамлакат мебошад. Ҳифз ва ривоҷ додани генофонди халқ низ айнан ба ҳамин ҷиҳат вобастагии қавӣ дорад. 
Солҳои охир дар доираи вазифаҳое, ки доир ба ин масъала дар қарору фармонҳои роҳбари давлат муайян гардидаанд, корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд, аммо бо вуҷуди он, масъалаҳои ҳалталаб ба назар мерасанд.   
Таъкид гардид, ки қисме аз кӯдакон бо нуқсони бемории дил таваллуд мешаванд ва ҳар сол миқдори чунин кӯдакон ба 5 ҳазор нафар мерасад. Аммо дар мо мутахассисони кардиохирургия намерасанд, ин ҷиҳати масъаларо омӯхта, бояд кадрҳои заруриро тайёр кард. Дар акси ҳол, кӯдакони дорои бемории модарзоди дил дар ҷомеа афзоиш меёбанд. 
Дар ҷойҳои дурдаст акушер-гинекологҳо намерасанд, барои рафъ кардани чунин ҳолат мутахассисони мақсаднокро тайёр карда, дар асоси шартнома ба ҷойҳо барои кор фиристодан мувофиқи мақсад аст. Аз ҷумла, дар Қароқалпоқистон, вилояти Тошканд акушер-гинекологҳо камӣ мекунанд, дар вилояти Сурхондарё бошад, норасоии духтурон, аз ҷумла, мутахассисони соҳаи мазкур бештар ба назар мерасад.
Ба сабаби он ки занони ҳомиладор пеш аз муҳлати таваллуд ба кормандони тиб муроҷиат намекунанд, ҳолатҳои ба марг рӯбарӯ шудани онҳо мушоҳида мегардад. Ҳатто ҳолатҳои кушодани парвандаҳои ҷиноӣ бинобар баъди таваллуди кӯдак вафот кардани бонувон, аз кор ронда шудани сардухтурон ба назар мерасанд. Барои он ки дар ҷомеа чунин нофаҳмиҳо рӯй надиҳанд, занони ҳомиладор бояд саривақт аз муоинаи тиббӣ гузашта, табобати лозимиро гиранд. 
Маълум мешавад, ки дар баъзе ҷойҳо маданияти тиббии аҳолӣ ҳанӯз дар сатҳи поён қарор дорад, барои тарбия кардани фарзанди солим нигоҳ доштани фосилаи таваллуди кӯдакон омили муҳим мебошад. Аммо афсӯс, ки то имрӯз ин фосила, ки ҳадди ақалл бояд се сол бошад, дар баъзе оилаҳо риоя карда намешавад. 
Таъкид шуд, ки маркази репродуктивӣ имрӯз дар сатҳи поён қарор дорад. Ба он аз ҳар ҷиҳат кӯмак кардан лозим меояд, зеро саломатии кӯдакон маҳз, ба саломатии модарони онҳо вобаста аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: