«САЛОМНОМА» – ТАҶАССУМГАРИ НИЯТҲОИ НЕК

Тоҷикон дар давоми ҳазорсолаҳо ончунон урфу одатҳои зиёдеро офаридаанд, ки дар ҳар маҳал бо тарзи амалу иҷро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

 Масалан, дар тӯйҳои арӯсии Бухоро маросими «Келинсалом» гузаронида мешавад, ки тарзи иҷрои он дар ҳар мавзеъ ҳар хел аст. 
Маросими «Домодсалом» ё «Келинсалом», ки дар он асосан «Саломнома»-ҳо хонда мешавад, дар ду маврид: вақте ки бори аввал домод ба хонаи падарарӯс меояд, пеш аз то ба хонае, ки дар он ҷо арӯс нишастааст, медарояд ва бори дуюм вақте ки арӯс дар хонаи домод то ба назди гушанга (чодар)-и хонаи ояндаи худ меравад, аз тарафи оямулло хонда мешавад. «Келинсалом», ки дар жанри мухаммас эҷод шудааст, баъди хондани ҳар як банди он ҳозирон «ҳазор алейк» гуён ба оямулло ҷавоб мегӯянд.
Солҳои 90-уми асри гузашта, ки чун вазифаи барандаи бахши гуфторҳои тоҷикиро дар ноҳияи Шофиркон адо мекардам, дар чандин деҳаи тоҷикнишин шуда, ҳангоми тӯйҳои арӯсӣ намудҳои гуногуни «Саломнома»-ро ба тасмаи магнитофон сабт карда будам, ки шаштои он шеърӣ буда, яктоаш дар наср гуфта шудааст. Баъдтар, ин «Саломнома»-ҳо ба китобҳоям дохил гардида, аз чоп баромад. Ҳоло намунае аз «Саломнома»-ро пешкаши хонандагони «Овози тоҷик» менамоем: 

Аввало ба Худои ҳаждаҳ ҳазор олам,
Пайғамбари вай — Расули акрам,
Бар Момоҳавою Ҳазрати Одам,
Ба тамоми аҳли ин давра салом мегӯем.
(Ҳама дар якҷоягӣ бо овози баланд:)
Ҳазор алейк.

Мисоли ду гули бехор  келину домод, 
Бар рӯйи ҷаҳон нашаванд зор келину домод, 
Кунанд шодии бисёр ин келину домод, 
Ба ҳамдигар нашаванд зор келину домод, 
Ба калонони хона салом мегӯем. 
(Ҳама дар якҷоягӣ бо овози баланд:) 
Ҳазор алейк.                       

Илоҳо келину домод сурхрӯ бошанд,
Мудом бо айш нишинанд, рӯ ба рӯ бошанд,
Миёни халқи ҷаҳон аз ҳама накӯ бошанд, 
Мудом бо хотири ҷамъ айшҷӯ бошанд,
Ба ин ду навгули хандон салом мегӯем.
(Ҳама дар якҷоягӣ бо овози баланд:) 
Ҳазор алейк.  

Чу  шаҳду шакар шаванд ин ҳар ду,
Чу ситораи вақти саҳар шаванд ин ҳар ду, 
Ҳамеша сабзу мунаввар шаванд ин ҳар ду, 
Даме аз висол ҷудо нашаванд ин ҳар ду, 
Ба ин ду гавҳари якто салом мегӯем. 
(Ҳама дар якҷоягӣ бо овози баланд:) 
Ҳазор алейк. 

Ниҳоли қомати домод баҳрабар бошад,
Талаб кунед, ки он шохи пурсамар бошад,
Ба назди халқ дилафрӯзу муьтабар бошад,
Ҳамеша аз иззату давлат наъшабар бошад, 
Ба аҳли байти ин ҷавон салом мегӯем. 
(Ҳама дар якҷоягӣ бо овози баланд:) 
Ҳазор алейк. 

Азизу муътабар бодо сари келин, 
Ҳазор шукур кунанд, хешу хоҳари келин, 
Ки ёру дӯст ҳастанд баробари келин, 
Либосҳои арӯсӣ дар бари келин,
Ба хешу ақрабои келин салом мегӯем. 
(Ҳама дар якҷоягӣ бо овози баланд:) 
Ҳазор алейк. 

Мудом келину домод ба даврон бод, 
Ки бахту давлату фарзанд фаровон бод, 
Қадам бар хок ниҳанд, замин гулистон бод, 
Миёни халқ ҳама чун гулшан намоён бод,
Ба  ин ду ситораи тобон салом мегӯем. 
(Ҳама дар якҷоягӣ бо овози баланд:) 
Ҳазор алейк.  

Талаб кунед, ба ҳаққи тамоми махлуқот, 
Мудом халқи ҷаҳон аз ситам шаванд озод,
Ки меҳмон ҳама бошанд хурраму дилшод, 
Шаванд чу ошиқу маъшуқ ин келину домод, 
Ба ҷумла ошиқони ҷаҳон салом мегӯем. 
(Ҳама дар якҷоягӣ бо овози баланд:) 
Ҳазор алейк.  

Ҳамеша келину домод амон-саломат кун,
Ки даври зиндагешон бо давомат кун,
Ҳамеша ҳар дуро дилхушу бофароғат кун,
Бо обрӯи хешу ақрабою ҷамоат кун, 
Ба ҳар ду ғунчаи бӯстон салом мегӯем.
(Ҳама дар якҷоягӣ бо овози баланд:) 
Ҳазор алейк.   

Ба муддаою ба матлаб расад ҳама олам, 
Ба фароғату иззат расад ҳама олам, 
Ба ин муроду давлат расад ҳама олам, 
Ба ин тӯю ба савлат расад ҳама олам, 
Ба ин ҷамоаи даврон салом мегӯем. 
(Ҳама дар якҷоягӣ бо овози баланд:) 
Ҳазор алейк.   
 
Алимурод ТЕМИРОВ.
Вилояти БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: