Дар Донишгоҳи байналмилалии туризм ва мероси фарҳангии “Роҳи абрешим” бахшида ба ҷамъбасти соли якуми лоиҳаи “Рушди захираҳои мероси фарҳангӣ ва афзунсозии салоҳияти сайёҳии Самарқанд”, ки аз ҷониби Институти археологияи Самарқанд ба номи Яҳё Ғуломов ва Хазинаи мероси фарҳангии Куриёи Ҷанубӣ амалӣ мегардад, тадбир гузаронида шуд.
Профессор-устодони Институти археологияи Самарқанд, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, Донишгоҳи байналмилалии туризм ва мероси фарҳангии “Роҳи абрешим” ва мутахассису коршиносони осорхонаҳои таркиби Агентии мероси фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирокдорони он буданд.
Ба сухан баромадагон таъкид карданд, ки лоиҳа барои солҳои 2022-2026 пешбинӣ шуда, дар доираи он ташкил кардани Маркази консерватсияи мероси фарҳангии тобеи Донишгоҳи байналмилалии туризм ва мероси фарҳангии “Роҳи абрешим”, истифодаи усулҳои муосир дар кофтуковҳои бостоншиносӣ, ба даст овардани андозаҳои 3D объектҳои археологӣ, созмон додани пойгоҳи маълумот доир ба мероси фарҳангии Самарқанд ва афзунсозии таҷрибаи мутахассисони ҷавон дар назар аст.
Зикр гашт, ки дар асоси ин вазифаҳо соли ҷорӣ дар мавзӯъҳои «Таҳлили артефактҳои археологӣ дар таҷҳизоти XRF», «Идоракунии бозёфтҳо ва бақайдгирии артефактҳо», «Консерватсияи бозёфтҳои археологӣ дар шароити саҳро», «Тадқиқоти геофизикӣ дар археология» ва «Истифодаи тадқиқоти замонавӣ дар археология» машварат-тренингҳо гузаронида шуданд.
Дар рафти машварат-тренинг аз ҷониби Хазинаи мероси фарҳангии Куриё дар доираи лоиҳа ба Институти археологияи Самарқанд таҷҳизоти замонавӣ тақдим гардид.
– Чанде пеш миёни Вазорати туризм ва мероси фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ меморандуми ҳамкорӣ имзо гардида буд, — иброз дошт директори институт Мӯъминхон Саидов. – Мувофиқи созишнома лоиҳа дар ду зина амалӣ мегардад. Зинаи аввали ин лоиҳа ба баланд бардоштани салоҳияти осорхонаҳои Ӯзбекистон ва такмил додани пойгоҳи моддию техникии онҳо нигаронида шудааст, ки солҳои 2020-2021 дар Музей-мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд амалӣ гардидаанд. Татбиқсозии зинаи дувуми лоиҳа барои солҳои 2022-2026 пешбинӣ шуда, арзиши умумии он 3 миллиону 800 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳоло бобати татбиқсозии лоиҳа корҳо амалӣ мешаванд ва имрӯз натиҷаҳои солонаи он баррасӣ шуд.
Дар анҷом ба иштирокчиёне, ки дар машварат-тренинг фаъолона иштирок намуданд, сертификатҳо супорида шуданд. Ҳамзамон, корҳое, ки дар доираи лоиҳа бояд соли 2023 амалӣ шаванд, муайян гардиданд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.