САЛОҲИЯТИ САЙЁҲИИ ӮЗБЕКИСТОН НАМОИШ ДОДА МЕШАВАД

Аз моҳи август то моҳи ноябри соли равон дар бисту чор ҳавопаймои Boeing, ки ба ширкати ҳавонавардии «Air Europe» тааллуқ доранд, сабтҳои аудио-рекламаҳо намоиш дода мешаванд, ки муҳтавои он ба Ӯзбекистон бахшида шудааст.

Бино ба хабари дафтари матбуоти Кумитаи туризми Вазорати экология, ҳифзи муҳит ва тағйирёбии иқлими ҷумҳурӣ маҳз аз ҷониби кумитаи сайёҳӣ ва дар ҳамкорӣ бо ширкати байналмилалии  «Digital IFE Services» ба хотири огоҳӣ аз имкониятҳои сайёҳии кишвари мо ташкил шудааст, ки тавассути намоиши филмҳои истисноии Ӯзбекистон дар парвозҳои байналмилалии ширкати  «Air Europe» сурат мегирад.
Дар тӯли се моҳ дар мониторҳои панелӣ ҳангоми парвоз ва фуруди хатсайрҳои кӯтоҳмуддат, ки шаҳрҳои бузурги Аврупо ва Испанияро фаро мегиранд, инчунин дар экранҳои паси курсӣ пеш аз ҳар як парвоз наворҳои видеоӣ намоиш дода мешаванд. Инчунин аз моҳи сентябр, дар муддати се моҳ ҳангоми парвозҳои дарозмуддат ба Америкаи Лотинӣ ва ИМА қабл аз намоишҳои телевизионӣ наворҳои видеоӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири  «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: