Бо ташаббуси сарвари давлатамон гаҳвораи тамаддуни Шарқ – Самарқанд барҳақ ба маркази сайёҳӣ табдил ёфт.
Танҳо дар 6 моҳи соли равон ба вилояти мо 1 миллиону 253 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ва 742 ҳазор дохилӣ ташриф фармуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,5 маротиба зиёд мебошанд.
Дар шаш моҳи охир дар минтақаи мо 6 меҳмонхона, 11 истиқоматгоҳ, 40 ҳавлӣ барои меҳмонон ва 45 ширкатҳои хизматрасонӣ ба сайёҳон ташкил гардид, ки нисбати соли гузашта ду баробар афзоиш ёфтааст.
Боиси хушнудист, ки дар Венгрия, Испания, Бритониёи Кабир, Чин, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон чорабинии «Самарқанд – дарвозаи Ӯзбекистони Нав» баргузор гардид, ки дар натиҷа ҷараёни вориди сайёҳони хориҷӣ афзуд.
– Солҳои охир шаҳри Самарқанд ҳамчун маркази баргузоршавии анҷуманҳои гуногуни байналхалқии фарҳангӣ, варзишӣ, сиёсӣ ва ғайра диққату эътибори оламро ба худ мекашад, – иброз дошт ҷонишини сардори Садорати сайёҳии вилояти Самарқанд Дилшод Нарзиқулов, – дар муддати кӯтоҳ чанд тадбирҳои пуршукӯҳи хотирнишон чун «Таронаҳои Шарқ», варзиши байналхалқии оиди триатлон, анҷумани муштараки ду ташкилоти бузурги ҷаҳонӣ оид ба нассоҷӣ (бофандагӣ) ва федератсияи байналмилалии либос баргузор гардид, ки ба ҳамин муносибат хеле меҳмонону мезбонон ташриф фармуданд.
Саркотиби Созмони Ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили аз фаъолияти академияи байналмилалии сайёҳии Самарқанд дидан карда, бо аввалин донишҷӯён сӯҳбат орост.
– Дилшодҷон, нақшҳои оянда аз чиҳо иборатанд?
– Дар рӯзҳои наздик боз чанд анҷуманҳои гуногуни байналхалқӣ хоҳад гузашт. Инчунин мо дар тадбирҳои бонуфузи давлати Чин дар шаҳри Гуанжоу ва Маями дар Амрико ширкат варзида, доир ба салоҳияти сайёҳии вилояти Самарқанд маълумоти пурра медиҳем.
Бояд таъкид намуд, ки дар ноҳияҳои Самарқанд ва Нуробод, саҳеҳтар гӯем, дар дараи хушҳавои Оқсой, ки бо зиёратгоҳи Ҳазрати Довуд пайғамбар маълуму машҳур аст, деҳаи сайёҳӣ ташкил меёбад. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар авҷ мебошанд.
То охири сол ташрифи беш аз 1 миллион сайёҳони хориҷӣ ва воридшавии 500 миллион доллар пешбинӣ шудааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар Самарқанд салоҳияти сайёҳӣ хоҳад афзуд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.