САЛОҲИЯТИ ТУРИСТИИ ӮЗБЕКИСТОН СОЛ АЗ СОЛ МЕАФЗОЯД,

— мегӯянд иштирокчиёни Ярмаркаи байналмилалии туризми Тошканд

Тӯли се рӯз павилёнҳои маҷмааи миллии намоишгоҳҳои “UzExpoCenter” Ярмаркаи 27-уми байналмилалии сайёҳии Тошканд таҳти унвони “Туризм дар Роҳи бузурги абрешим”-ро мизбонӣ намуд. Вазорати туризм ва мероси фарҳангӣ, Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази миллии PR” ва ширкати намоишгоҳи SAYS ба ҳайси таъсисгарони он муаррифӣ шуданд. 
Дар ярмарка намояндагони бахшҳои туристии  30 кишвари ҷаҳон ширкат намуд. 
Вазири туризм ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов онро бо сухани муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид. 
– Бо ифтихор метавон гуфт, ки Ӯзбекистон имрӯз дар маркази таваҷҷӯҳи тамоми ҷаҳон қарор дорад. Интизор меравад, ки тирамоҳи соли 2023 иҷлосияи 25-уми Ассамблеяи Генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ нахустин бор дар таърихи UNWTO баргузор шавад. Соли гузашта дар чаҳорчӯби иҷлосияи 24-умин дар Испания тасмим гирифта шуд, ки маросими ҷашни ин чорабинӣ дар Самарқанд баргузор шавад, – гуфт Абдуҳакимов.
Вай афзуд, ки иҷлосияи солонаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар Самарқанди бостон беш аз ҳазор нафар меҳмонони хориҷиро ба худ ҷалб хоҳад кард ва он ба рушди иқтисоди миллии мо дар баробари афзоиши даромади мардуми маҳаллӣ таъсири мусбат хоҳад расонд. 
– Ҳамаи дастовардҳои мо аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ӯзбекистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт бештар эътироф мегардад, ҳамзамон кишвари мо мавқеи худро дар Роҳи бузурги абрешим беш аз пеш мустаҳкам мекунад, – гуфт Абдуҳакимов.
Дар давоми се рӯз дар чаҳорчӯби ярмарка баргузории форуму ҷаласаҳо, дарсҳои маҳорат, намоишгоҳҳо бо иштироки мутахассисони соҳа, инчунин намоиши муд бо иштироки дизайнерҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ ва амсоли он аз ҳодисаҳое муаррифӣ шуд, ки гуфта мешавад, дар таърихи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Тошканд бори аввал сурат гирифт. 
Ғайр аз он ки дар павилёнҳои 1 ва 2-юм иштирокчиёну меҳмонони ярмарка бо салоҳияти сайёҳии шаҳру вилоятҳои Ӯзбекистон ошно шуданд, инчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандон дар павилёни 3-юм боздид карданд. Дар он ҳунармандони 10 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон, Покистон, Русия ва Ҳиндустон бо маҳсулоти худ ширкат карданд. Инчунин фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ дар беш аз 20 самт, аз қабили гулдӯзӣ, кулолӣ, мисгарӣ, чӯбкорӣ, қолинбофӣ, матоъи миллӣ, миниётура ва ғайра ташкил карда шуд. Дар саҳни ҳавлии павилён дарси маҳорати хӯрокпазӣ низ баргузор гардид, ки боиси таваҷҷӯҳи зиёди иштирокчиён қарор гирифт.
Ҷойи ёдоварист, ки дар айни ҳол рӯйихати шаҳрҳо ва ташкилотҳои сайёҳии хориҷии барои созмон додани Ярмаркаи байналмилалии сайёҳии Тошканд аз наздик ҳамкоринамуда беш аз пеш рӯ ба афзоиш овардааст. Аз ҷумла, ҷониби Ӯзбекистон бо шаҳрдории Санкт-Петербург ба тавофуқ расидааст, ки ин шаҳр ба ҳайси пойтахти шимолии Русия дар таъсиси 27-умин Ярмаркаи байналмилалии сайёҳии Тошканд ширкат намояд.  
Дар ярмарка наздик 20 нафар тоҷирони самарқандӣ дар соҳаи сайёҳӣ аз вилояти Самарқанд барои рушди минбаъдаи робитаҳои ҳамкорӣ стенди ягонаи Самарқанд таъсис доданд. Дар рӯзи аввали ярмарка аз ҷониби соҳибкорони Самарқанд ва Сарраёсати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии вилояти Самарқанд ҳудуди 400 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ногуфта намонад, ки ба ярмарка аз минтақаҳои Тоҷикистон низ як гурӯҳ ташриф овард. Аъзои ин гурӯҳ аз созмонҳои давлативу хусусии сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳои фароғативу табобатӣ ва амсоли он намояндагӣ мекарданд. Дар ҷараёни ярмарка онҳо муваффақ шуданд, ки ҳамкорони нав пайдо кунанд ва чанд шартнома ба имзо расонанд. 
Дар як тарафи толори барҳавои “UzExpoCenter” ҳунармандони тоҷик маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд, ки мавриди таваҷҷӯҳи тамошобинону харидорони зиёд қарор гирифт. Ин маҳсулот аз матоъи гуногуни пахтагину шоҳӣ, қолин, зару зевари занона, зоча, зарфҳои сафолин, инчунин либосҳои хушдӯхт иборат буд.
Ярмарка имкон фароҳам овард, ки иштирокчиёни он дар бораи осоишгоҳҳои мухталифи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон маълумоти муфассал  пайдо кунанд. Иштирокчии ярмарка Моҳсанам Раҷабова, зимни суҳбат гуфт, ки ба сифати намояндаи осоишгоҳи “Хоҷа Оби Гарм”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ба ин ярмарка ташриф овардааст.
– Бори аввал аст, ки дар чунин ярмаркаи бонуфуз ширкат мекунам. Барои ташкилу роҳандозии он, ки ҳатман домани ҳамкориҳоро дар соҳаи туризм хеле фарохтар месозад, хоссатан ба Вазорати туризм ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон ва “Маркази миллии PR” ибрози сипос мекунам. Осоишгоҳи “Хоҷа Оби Гарм”-и мо дар минтақаи хеле зебову афсункор ва обу ҳавояш тоза ҷойгир шудааст. Атрофи онро чашмасорони мусаффо ва дарахтони гуногун иҳота намудаанд, ки  тамошои он барои ҳар як фард завқу шавқи беандоза мебахшад, – изҳор намуд М. Раҷабова.
Дар чаҳорӯби ярмарка Азиз Абдуҳакимов бо раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода дидору мулоқот анҷом дод.  Дар ин мулоқот Ҷӯразода қайд кард, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бахши сайёҳӣ беш аз пеш рӯ ба рушд овардааст.
Т.Ҷӯразода баргузории иҷлосияи 5-уми Ассамблеяи генералии СТҶ-ро дар Самарқанд хеле муҳим арзёбӣ кард.
Ярмарка се рӯз давом кард. Маросими пӯшиши он шоми 2 декабр бо тантанаи хос баргузор шуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: