САМАНДҲОИ БОДПО ДАР ПИСКЕНТ ҶАМЪ ОМАДАНД

Гузориш аз мусобиқаи бузкашӣ барои Ҷоми ҳокими вилояти Тошканд

Гузориш аз мусобиқаи бузкашӣ барои Ҷоми ҳокими вилояти Тошканд
Чунин манзараро тасаввур кардан ҳам амри муҳол буд, ки ба як канори ҳудуди вилоят, ки равуои нақлиёти ҷамъиятӣ ба роҳ гузошта нашудааст, ин қадар мардум барои тамошо ҷамъ меояд. Тавре ки ташкилотчиҳо гуфтанд, бинандагони бозиҳои миллӣ то 50 ҳазор нафарро ташкил менамуданд.
Ин манзараи ғароибро дар маҷмӯи варзишии «Автодром»-и ноҳияи Пискент мушоҳида кардем, ки дар он ҷо барои Ҷоми ҳокими вилояти Тошканд бозиҳои миллии гӯштии камарбандӣ, гӯштӣ, камонкашӣ ва намуди ҳарбии «Турон», инчунин тамошои дорбозону гурӯҳҳои фолклории маҳаллии рақсу суруд ба вуқӯъ пайваст. Аммо сартоҷи ин тамошоҳо талоши бузкашҳо буд, ки барои ғолибони он аз автомобил то телевизор ҳадяҳои гаронбаҳо гузошта шуд.
– Ҳоло ба ғайр аз ҳамдиёронамон дар талошҳо мо меҳмононро аз ҳамсоядавлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мебинем, ки дар сурати пирӯзӣ аз ҷоизаҳо, мисли аспу шутуру мошин баҳравар мегарданд, – мегӯяд муовини ҳокими вилояти Тошканд оид ба сайёҳӣ ва варзиш Ҷамшед Бобоҷонов.
Ҳамаи бинандагони бузкашӣ дар гирдогирди канъон, ки мисли девори ҳисор онро печонда буданду барои пойгаи мошин муқаррар гаштаанд, мисли арғамчин дароз кашида буданд ва тамоми ҳарбу зарби поён мисле дар даруни каф менамуд. Агарчи ин варзишгоҳ аз маҳалҳои аҳолинишин дур аст, бо вуҷуди ин тамошогарон мавҷ-мавҷ пиёдаву савора ба он тараф равон буданд. Аксарияти онҳо аспсавор буданд ва гӯё он рӯз сайри тамоми аспдорони ин минтақа бошад. Яке аз онҳоро ба суҳбат мекашем, ки худро Тулқин Иброҳимов шинос намуд.
– Муҳим нест, ки дар бузкашӣ иштирок мекунем ё не, чунин ҷамъ омадани аспсаворони бузкашӣ ва хусусан беҳтарин самандҳои имрӯз барои мо иди воқеӣ аст. Мо имкони доим дидани онҳоро надорем. Як тасаввур кунед, имрӯз ин ҷо аспҳое ба майдон мебароянд, ки дар бозор садҳо миллион сӯм нарх доранд, – мегӯяд бо фахру мамнуният мусоҳиби мо.
Воқиан аспҳое, ки дар ин ҷо дидем, аз нигоҳу шиаву ҷасту хезашон маълум буд, ки хеле бо эътибору ғамхорӣ парвариш ва нигоҳубин шудаанд. Гӯё онҳо ҳарчи чолоку заранг ва тундпо бошанд, саворагонаш ҳамон қадар сарбаланду мағрур менамуданд. Ростӣ, фақат дар ин фазо буда, аз он ҳаво нафас кашида, бо ҷони худ дарк кардан мумкин аст, ки ин ҷонзодҳо чӣ қадар зебову чолоку тасхиркунандаанд.
Дар саҳни калони беруни майдон ҷо-ҷо хаймаву юрта гузошта шуда, дар атрофи онҳо боз мизу курсиҳои зиёд гузошта шудааст, ки аз ҳар тараф дуди оташдонҳо баланд шуда, бӯйи кабобу ош ба димоғ мезад. Дар ҳар ҷои холӣ мошинҳои зиёд гузошта шудаанд.
– Инҳо соҳибкоронанд, – ба тарафи онҳо ишора карда мегӯяд мутахассиси хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Тошканд Асқар Исмоилов. – Даъват карда шудаанд, ки ба бинандагон ва паҳлавонҳои бузкашӣ хидмат расонанд, чунки бозиҳои миллӣ то дер давом мекунанд ва табиист, ки гурусна мешаванд.
Барало маълум буд, ки ҳама – чӣ паҳлавонҳо ва бузкашон ва чӣ тамошобинон ва ҳам ташкилотчиён аз ин як рӯзи ҷашни бозиҳои миллӣ мамнуну қонеъ буданд, ки барои худу барои мардум фароҳам оварда шуд.

Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
Вилояти ТОШКАНД.
Суратгирон: 
Р.ГАЛИЕВ, Т.ХОВАРӢ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: