САМАРАБАХШИИ ЧОРАБИНИҲО БИНОБАР ОЗОДГАРДОНИИ ИҚТИСОДИЁТ ВА БОЗОРИ АСЪОР БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 29 январ бахшида ба таҳлили самарабахшии чорабиниҳое, ки оид ба такмил додани сиёсати асъор ва фаъолияти савдои хориҷӣ дар мамлакатамон татбиқ мегарданд, ҷамъомад баргузор намуд.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки дар мамлакатамон маҳдудияту мушкилоти ба хариду фурӯши озодонаи асъор алоқаманд, ки барои пешрафти иқтисодиёт ва фаъолияти соҳибкорон монеаи ҷиддӣ маҳсуб меёфт, бартараф карда шуданд. Ҷиҳати эътиборнокаш дар он аст, ки агар пештар вақти амал кардани талаб бинобар фурӯши ҳатмии даромади содирот, ҳаҷми истифодаи фоидаи асъори аз содирот бадастомада дар бозори дохилӣ 30 фоизро ташкил дода бошад, баъди аз байн бардошта шудани ин гуна маҳдудияту талабҳо ин нишондиҳанда ба 61 фоиз расид.
Дар натиҷа ташкилотҳо имконияти харид намудани ашёи хом ва таҷҳизоти барояшон зарурӣ, таъмин кардани эҳтиёҷоти ҷорӣ ва сармоягузориро ба даст оварданд. Соли гузашта ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ 14,4 фоиз баланд гардида, фоидаи содиротӣ – 19 фоиз, ҳаҷми асъоре, ки содиркунандаҳо ба бонкҳо фурӯхтанд, 1,9 баробар афзуд.
Ин, дар навбати худ, ба ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакатамон, ташкил кардани истеҳсолоти рақобатпазир, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ хидмат мекунад.
Сарвари давлатамон дар Муроҷиатномааш ба Олий Маҷлис 28 декабри соли 2018 таъкид карда буд, ки пайваста идома додани сиёсати озодгардонии асъор, татбиқи сиёсати устувори монетарӣ аз вазифаҳои муҳими соҳаи иқтисодиёт ба ҳисоб меравад.
Дар ҷамъомад чорабиниҳо дар ин самт баррасӣ гардиданд. Бино бар истифодаи оқилонаи захираҳои асъор, коркарди стратегияи дақиқи идоракунии онҳо супоришот дода шуданд.
Зарурати муносибгардонии сохтори захираҳои тиллову асъор, истифода бурдан аз коғазҳои қиматнок, аз он ҷумла облигатсияҳои серхаридор дар асоси таҷрибаи байналхалқӣ ҳангоми нигоҳ доштани асъор таъкид гардид.
Роҳи аз ҳама мақбултарини зиёд гардондани фоидаи асъор ва захираҳои тиллову асъор баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ба ҳисоб меравад. Ба ин муносибат пешгӯӣ бино бар содирот барои соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта 1,3 баробар зиёд муайян шудааст.
Таъкид гардид, ки дар баъзе субъектҳои хоҷагидорӣ бино бар даромади асъор қарздории муҳлаташон гузашта вуҷуд доранд.
Ба Девони Вазирон, Бонки марказӣ, Вазорати иқтисодиёт ва саноат супурда шуд, ки иҷрои чораҳои дақиқро оид ба коҳиш додани қарздории муҳлаташ гузаштаи дебиторӣ дар қисмати ҳар як иттиҳодияи хоҷагидорӣ таҳия ва таъмин намоянд.
Бино бар фикру ақидаи корбастҳои байналхалқӣ тағйиротҳои муомилоти савдои хориҷӣ дар шароити озодгардонии иқтисодиёт ва фаъолнокии сармояҳо ҳолати табиӣ ба ҳисоб меравад.
Президент алоҳида қайд намуд, ки асъори озодхаридшуда бояд ба мақсадҳои рушди минбаъдаи иқтисодиёт хидмат кунад.
Зикр гардид, ки барои баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ бояд аз захираҳои асъори субъектҳои хоҷагидорӣ ва корхонаҳо ҳангоми хариди технология, таҷҳизот, ашёи хом ва масолеҳ, ки хусусияти сармоягузорӣ доранд, самарабахш истифода бурд. Зарурати муайян намудани чораҳо бинобар вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва маҳаллигардондашуда дар корхонаҳое, ки ҳиссаи давлатӣ доранд, таъкид гардид.
Вазифаи омӯхтани таъсири тарифҳои нави гумрукӣ ба истеҳсолоти ватанӣ ва минбаъд такмил додани тарифҳои дарамал гузошта шуд.
Дар ҷамъомад фоидаи содирот дар қисмати корхонаву ташкилотҳои бонуфуз аз нуқтаи назари танқидӣ таҳлил гардида, камбудиҳои соҳа нишон дода шуданд. Бинобар баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат, аз ҷумла зиёд гардондани фоидаи содиротии корхонаву содиргарони намоён вазифаҳо муайян шуданд. Таъкид гардид, ки дар ин бобат бояд соҳаҳоеро муайян намуд, ки нисбатан аҳамияти устувор доранд, инчунин бино бар рушди онҳо консепсия ва «харитаҳои роҳ»-ро таҳия кард.
Бино бар масъалаҳои дар ҷамъомад баррасигардида ахбори шахсони масъул шунида шуд.
 
ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: