САМАРАБАХШИИ ИҶРОИ ВАЗИФАҲОИ ОИД БА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ ПЕШБИНИШУДА БАРРАСӢ ГАРДИД

12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба масъалаҳои татбиқ намудани вазифаҳо доир ба зиёд кардани даромад ба Буҷаи давлатӣ, натиҷаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ бино бар ҷамъбасти 9 моҳи соли равон, тезондани ҷорикунии кластерҳо дар соҳаи пахтаву бофандагӣ машварат баргузор намуд.

Дар машварати имрӯза мо бояд аҳволи иҷрои вазифаҳои аввалиндараҷа ва мақсаднокро бино бар рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат муҳокима кунем, чораҳои муҳимтаринро бобати ба роҳ мондани захираҳои иловагӣ дар 3,5 моҳ, ки то охири соли равон боқӣ мондааст, муайян намоем, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Рушди иқтисодӣ ин пеш аз ҳама сохтмони корхонаҳои нав, пешбурди инфрасохтори роҳу нақлиёт, истеҳсолот ва ғайра, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, пешгирӣ кардани муфлисӣ ва  афзоиши нарх, бо шуғл фаро гирифтани одамон ба шумор меравад.
Тӯли ду соли охир мо ислоҳоти бузургро амалӣ менамоем, бисёр лоиҳаҳои азими сармоявӣ татбиқ мегарданд.
Барои бомуваффақият иҷро кардани ин вазифаҳои бартаринок ва ӯҳдадориҳои бино бар минбаъд беҳтар кардани ҳаёти шаҳрвандон ба зимма гирифташуда бояд даромадҳои иловагӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ ва буҷаҳои маҳаллӣ зиёд карда шаванд.
Бояд татбиқсозии барномаҳои сармоявӣ, ки барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва минтақаҳо қабул шудаанд, мустақимона идома ёбанд, баҳри бозсозӣ ва рушди устувори иқтисодиёт асъори зарурӣ ворид гардад, барои ин бошад, рақобатбардории маҳсулоти моро баланд бардоштан ва содироти онро зиёд кардан зарур аст. Бояд ба рушди кластерҳои пахтаву бофандагӣ бобати васеъ ҷорӣ намудани муносибатҳои замонавии бозаргонӣ дар хоҷагии қишлоқ эътибори махсус дода шавад, гуфт роҳбари давлат.
Дар машварат натиҷаи корҳое, ки дар ин самт амалӣ шуданд, таҳлил гардид, чораҳои зарурӣ муайян шуданд.
Мувофиқи супориши Президент дар ибтидои соли равон барои даромадҳои иловагӣ ба буҷа захираҳо ҷустуҷӯ гардида, бино бар сафарбар кардани онҳо чораҳо андешида шуданд. Дар натиҷа тӯли 8 моҳи соли равон ба буҷа нисбати то ҳамин давраи соли гузашта 21 фоиз бештар маблағ ворид гардид. Аз ҷумла, афзоиши буҷаҳои маҳаллӣ 22 фоизро ташкил дод.
Шавкат Мирзиёев мавҷуд будани имкониятҳоро барои зиёд кардани даромадҳо қайд намуда, ба шахсони масъул супориш дод, ки сарчашма ва чораҳои мушаххасро дар ин самт муайян намоянд.
Ба масъалаҳои харҷи самарабахшу мақсадноки даромадҳои иловагӣ, ки дар ихтиёри ҳокимиятҳои маҳаллӣ боқӣ мондаанд, эътибор дода шуд.
Дар машварат масъалаҳои  муваффақ гардидан ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ бино бар ҷамъбасти 9 моҳ ва то охири соли равон пешгирӣ намудани афзоиши нарх, азхуд намудани сармояҳо, вусъат додани содирот баррасӣ гардиданд.
Роҳбари давлат зарурати тезондани корҳоро дар соҳа ва ҷанбаҳое, ки дар онҳо барои муваффақ шудан ба параметрҳои мақсадноку андешидашуда, таъмин намудани натиҷаи нишондиҳандаҳои пешбинигардида мушкилот мавҷуданд, қайд кард.
Ҳолати ба истифода супурдани иншоот ва татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоявие, ки барои соли равон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ шуд.
Зарурати таҳлили такрории ҳар як лоиҳаи сармоявӣ, тезондани лоиҳаҳои истифоданашуда, ҳаллу фасл намудани мушкилоте, ки ба ин монеа мешаванд, ҳарчи зудтар ба истеҳсолот гузоштани онҳо таъкид шуд. Бобати роҳандозии лоиҳаи барномаи сармоявӣ барои соли 2019-ум супоришот дода шуданд.
Мувофиқи қарор дар бораи ба роҳ мондани татбиқи ҳарчи зудтари ташаббус ва лоиҳаҳои соҳибкорӣ, ки 11 сентябри соли 2018-ум қабул шуд, дар минтақаҳо мушкилоте, ки ба татбиқ шудани лоиҳаҳои сармоявӣ монеъ мешаванд, дар пояи муносибати комилан нав  ҳаллу фасл мегарданд. Ба ҳар як минтақа гурӯҳҳои корӣ вобаста мешаванд, ки бо сафар ба маҳал дар ҷараёни аз коркард то татбиқи лоиҳа ба ҳокимиятҳо ва ташаббускорон кӯмак мерасонанд.
Дар машварат супориш дода шуд, ки фаъолияти самарабахши ин гурӯҳҳои кории минтақавӣ ба роҳ монда шавад.
Ҳангоми баррасии масъалаҳои содирот зикр шуд, ки бино бар натиҷаи 9 моҳ нисбати то ҳамин давраи соли 2017-ум 19 фоиз афзудани он пешбинӣ мегардад.
Президент зарурати коркард ва таъмин сохтани иҷрои чораҳоро оиди кӯмак расондан ба ҳар як корхонаи содиротӣ, ҳар як намуди маҳсулоти содиротӣ  таъкид намуд.
Бино бар фурӯши  ҳосили зироати такрорӣ, ки дар ҳаҷми 607 ҳазор тонна пешбинӣ мегардад, ҳамчунин сабзавоте, ки дар гармхонаҳо моҳҳои сентябр-октябр омода карда мешаванд, чораҳо муайян гардиданд.
Роҳбари давлат дар бораи хоҷагии қишлоқ сухан гуфта, зарурати дар бозорҳо роҳ надодан ба афзоиши нархро зикр намуд. Супориш дод, ки зиёда аз 501 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда, дар моҳҳои зимистону баҳор бо назардошти талаботи аҳолӣ ба бозорҳои дохилӣ расонда шавад.
Дар машварат ба масъалаҳои вусъат додани фаъолияти кластерҳои пахтаву бофандагӣ эътибори махсус дода шуд.
Соли равон дар майдони 164 ҳазор гектари 20 ноҳия захираи кластерии пахта ба роҳ монда шуд, ин таҷриба натиҷаҳои аввалини худро медиҳад.
Корҳои мелиоратививу ирригатсионӣ, хариди техникаҳои кишоварзӣ ва чорабиниҳои дигар, ки пештар аз ҳисоби маблағҳои марказӣ иҷро мешуданд, акнун аз ҳисоби маблағҳои худии кластерҳо амалӣ мегарданд. Кластерҳо дар соҳаи ҷорӣ намудани обёрии қатравӣ ва обёрӣ бо истифода аз ғулбаҳои пластикӣ мақоми аввалро ишғол карданд.
Аз ҳама муҳимаш, тавре ки пешбинӣ мегардад, ҳосилнокии пахта дар кластерҳо нисбат ба хоҷагиҳои фермерӣ 5-10 сентнер зиёд мебошад.
Бо мақсади минбаъд инкишоф додани ин низом, ки худро сафед мекунад, бо назардошти таклифҳо, 44 нафар ташаббускоре, ки иқтидорҳои зарурии истеҳсолӣ ва имкониятҳои молиявӣ доранд, интихоб карда шуданд. Дар соли 2019-ум дар 61 кластер, ки 51 фоизи тамоми майдонҳои пахтаро дар бар мегирад, тайёр кардани пахта пешбинӣ карда мешавад.
Соли оянда аз 133 ноҳия 70-тояшон пурра ба низоми кластерӣ мегузаранд. Кластерҳои нав 41 корхона ташкил карда, тақрибан 23 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоваранд.
Дар натиҷаи ба роҳ мондани иқтидорҳои нав ва ташкили кори кластерҳо дар соли 2019-ум 78 фоизи нахи пахтаи тайёршуда дар мамлакат коркард мешавад, ки нисбат ба соли 2017-ум 2 баробар бештар мебошад. То соли 2020-ум коркарди пурраи нахи пахта куллан анҷом меёбад. Саҳми маҳсулоти тайёр аз 40 дастикам ба 60 фоиз расонида хоҳад шуд.
Бино бар ҳамин ҳам моро зарур аст, ки ба фаъолияти кластерҳо ҳамаҷониба кӯмак расонем. Ояндаи хоҷагии қишлоқ, самаранокии иқтисодии он аз онҳо вобаста мебошад. Кластерҳо бояд муҳаррики тезондани рушди соҳаи аграрӣ гарданд, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Зарурати ҷорӣ намудани тамоми имтиёзҳое, ки соли равон барои кластерҳои пахтаву бофандагӣ пешниҳод мегарданд, ба кластерҳое, ки солҳои минбаъда ташкил хоҳанд шуд, қайд шуд, минбаъд инкишоф додани фаъолияти онҳо таъкид гардид.
Бобати коркарди барномаи давра ба давраи дар хоҷагии қишлоқ ҷорӣ намудани обёрии қатравӣ барои солҳои 2019-2023, ба соҳа ҷалб намудани вомҳои имтиёзноки созмонҳои байналхалқии молиявӣ супоришҳо дода шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: