Самарабахшии имтиёзот таҳлил гардид

  • Самарабахшии имтиёзот таҳлил гардид
  • Самарабахшии имтиёзот таҳлил гардид
  • Самарабахшии имтиёзот таҳлил гардид
  • Самарабахшии имтиёзот таҳлил гардид
  • Самарабахшии имтиёзот таҳлил гардид
  • Самарабахшии имтиёзот таҳлил гардид

Дар ҳузури Президент Шавкат Мирзиёев ҷамъомад оид ба таҳлили самарабахшии имтиёзҳо таҳлил гардид, ки барои соҳаҳои иқтисодиёт вогузошта шудааст.

Баъзан ба одамон кумак лозим аст, то ки кори  тиҷоратии худро оғоз кунанд, барои корхонаҳо ва ё ноҳияҳои дурдаст барои инкишоф ва баромадан ба бозорҳои хориҷӣ захира зарур мебошад. Давлат бо расондани чунин кумак ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши даромади аҳолӣ мусоидат мекунад.

Дар солҳои охир бинобар ин мақсадҳо чандин имтиёз ҷорӣ карда шуда буд. Соли 2021 ҳаҷми умумии он 51 триллион сӯмро ташкил намуд. Дар натиҷа соли гузашта 170 ҳазор воҳидҳои нави хоҷагидорӣ кушода шуда, беш аз 500 ҳазор ҷойи кор фароҳам оварда шуд.

Дар шаш соли охир танҳо дар соҳаи андоз қариб 1,4 ҳазор имтиёз пешниҳод гаштааст.

Субсид барои  дастгирии содирот барои ба бозори хориҷӣ баромадани соҳибкорон кумак расонда, инчунин натиҷа мебахшад. Соли гузашта 280 миллиард сӯм чунин субсид ҷудо карда шуд, ки аз он 220 миллиард сӯм барои ҷуброни харҷи киро равон карда шуд. Дар натиҷа 2,8 ҳазор корхона бори аввал ба бозори хориҷӣ баромад.

Ҳамзамон ба корхонаҳои содиркунанда қисме аз харҷаш барои стандартизатсия ва сертификатсияи байналхалқӣ, бима ва ҳатто реклама ҷуброн карда мешавад. Дар натиҷа ба ҳар як сӯме, ки ба соҳаи электротехника вогузошта мешавад, 870 сӯмӣ содирот рост меояд, дар соҳаи бофандагӣ 555 сӯмӣ, дар соҳаи саноати масолеҳи сохтмон 273 сӯмӣ рост меояд.

Барои ҳамдастӣ ба соҳибкорон низоми ҷуброни фоиз ва кафолати кредит ба вуҷуд оварда шудааст. Барои кам кардани бори кредит аз ҷониби Фонди дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ уҳдадорӣ ба миқдори 6 триллиону 100 миллиард сӯм гирифта шудааст, танҳо соли ҷорӣ ҷубронпӯлӣ ба миқдори 2 триллиону 500 миллиард сӯм пардохта шудааст.

Аммо ҳолатҳои истифодаи бемақсад ва бенафъи имтиёзот ба назар мерасанд. Ҳамин тариқ, аз 127 намуди субсид, ки аз буҷаи давлатӣ пардохта шудааст, 15-тоаш дар амал истифода намегардад.

Самаранокии имтиёзот дар бахш ва соҳаҳои мухталиф якзайл нест. Масалан, ба ҳар як сӯми имтиёзоти соҳаи хоҷагии қишлоқ 33 сӯмӣ арзиши иловагӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Ин нишондод дар соҳаи тандурустӣ 30 сӯм, дар соҳаи маориф 22 сӯм, дар соҳаи технологияи иттилоотӣ 16-ро ташкил менамояд.

Дар ҷамъомад вазифаи баланд бардоштани самарабахшии имтиёзот супурда шуд.

– Дар солҳои охир, барои он ки ба рушди соҳаи иқтисодиёт рағбат бахшида шавад, мо водор гардидем, ки миқдори имтиёзоти беназирро ҷорӣ созем. Ҳоло вақте фаро расид, ки бифаҳмем, ки ин чӣ дод, чӣ гуна хулосаҳо карда шуд, чӣ навъ таҷриба ба даст омад. Зарур аст, ки ҳар як сӯме, ки аз ҳисоби буҷа ҷудо карда шудааст, ҷобаҷо гузошта шуда, натиҷабахшии имтиёзот боло бурда шавад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ба муовини Сарвазир ва вазири молия супурда шуд, ки маҳакҳои самарабахшии тамоми имтиёзот ва субсидро муайян намуда, низоми назорати ҷиддиро аз болои истифодаи муфиди он ҷорӣ намоянд.

Вазифа гузошта шуд, ки дар Палатаи ҳисобу китоб шӯъбаи мониторинг ташкил карда шуда, таҳлили доимии самаранокии имтиёзот роҳандозӣ гардад.

Ногузирии рӯйхатгирии имтиёзоти андоз ва гумрук таъкид гардида, бесамарҳояш бекор карда шуда, имтиёзҳо барои хориҷиён ва сармоягузорони ватанӣ яклухт гардонда шаванд.

Дар саросари ҷумҳурӣ 31 фоиз имтиёзоти андоз ба шаҳри Тошканд рост меояд. Саҳми Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Ҷиззах, Хоразм ва Сурхондарё аз 2 фоиз зиёд нест. Ҳамзамон талабот, андоз, имтиёзот, субсид, ҷубронсозӣ ва преференсия барои тамоми минтақаҳо якзайл буда, хоҳ вай, барои мисол, ноҳияи Олтинсойи вилояти Сурхондарё бошад, хоҳ ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканд.

Аз ин рӯ роҳбари давлат супориш дод, ки низоме ҷорӣ карда шавад ва бинобар он имтиёзоти андоз бинобар дараҷаи инкишофи минтақа вогузошта шавад.

– Ҳоло акнун ба маҳалҳо рафта, қарорҳои мақсаднок бояд қабул кард, дурдасттарин ноҳияҳоро ба роҳи рушд андохта, аз имтиёзот  дуруст истифода гардад, – гуфт Президент.

Таъкид шуд, ки хабардории аҳолӣ ва соҳибкорон дар бораи соҳа баланд бардошта шуда, домани истифодаи имтиёзот васеъ гардонда шавад. Пешниҳод шуд, ки портали ягона оид ба субсид ба вуҷуд оварда шуда, дар он хидматҳо доир ба пешниҳоди ҳамагуна имтиёзот давра ба давра татбиқ карда шавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: