САМАРАБАХШИИ ИСЛОҲОТ ОИД БА РУШДИ НИЗОМИ ТАЪЛИМИ ХАЛҚ ТАҲЛИЛ ГАРДИД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 ноябр бахшида ба масъалаҳои баланд бардоштани татбиқи самарабахши ислоҳоти оид ба рушди минбаъдаи низоми таълими халқ пешбинишуда ҷамъомад баргузор намуд.

Барои ба зинаи комилан нав баровардани низоми тарбия ва таълим аз ҷониби сарвари давлатамон Фармон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба такмил додани низоми идоракунии таълими халқ» аз 5 сентябр ва як қатор қарорҳо қабул шуданд.
Аз 1 сентябри соли ҷорӣ миқдори музди меҳнати беш аз 450 ҳазор нафар кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогӣ, ки дар мактабҳо фаъолият нишон медиҳанд, баланд бардошта шуд. Низоми ба кормандони таълими халқ ҷудо кардани вомҳои имтиёзнок барои хариди манзил, қитъаҳои замин, техникаи маишӣ, чорво ва нақлиёти автомобилӣ ҷорӣ карда шуд. Барои омӯзгорон мукофоти махсуси давлатӣ таъсис дода шуд. Ба амалиёти ба корҳои дигар ҷалб намудани омӯзгорон, гузарондани тафтишоти беасос дар мактабҳо хотима гузошта шуд.
Дар натиҷаи ин чорабиниҳо соли ҷорӣ низоми таълими халқ бо 16 ҳазор кадрҳои ҷавони маълумоти олидор ғанӣ гардонда шуд. Қариб 13 ҳазор омӯзгорони мард ба мактаб баргаштанд.
Дар ҷамъомад Президент таъкид намуд, ки дар назди соҳа вазифаҳои зиёд қарор доранд, дараҷаи таъмин кардани мактабҳо бо китобҳои дарсӣ, сифати барномаҳои таълим, кор бино бар баланд бардоштани дониш ва малакаи омӯзгорон, барҳам додани норасоии кадрҳо, васеъ гардондани имкониятҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба талабот ҷавоб намедиҳанд.
Дар ҷамъомад қайд гардид, ки кор бино бар автоматиконии ҷараёни таълим дар низоми таълими халқ, ҷорӣ кардани шаклҳои электронии хидмат бино бар қабул ба мактабҳо ва ба мактаби дигар гузарондани хонандагон, ташкил кардани мактабҳои хусусӣ дар асоси шарикии давлатию хусусӣ суст мебошад.
Дар ҷамъомад чорабиниҳое, ки дар ин самт бояд амалӣ гардонда шаванд, баррасӣ гардиданд.
Таъкид гардид, ки дар айни ҳол дараҷаи дониш ва малакаи омӯзгорони мактаб ба талабот ҷавоб намедиҳад. Аз беш аз 422 ҳазор педагогҳои соҳа 65 ҳазор нафарашон маълумоти миёнаи махсус доранд. Ҳамагӣ 11 ҳазор нафар омӯзгорон тоифаи олӣ доранд.
Эҳтиёҷи воқеӣ ба кадрҳои иловагии педагогӣ аз 3 ҳазор нафар зиёд мебошад. Аз ҷумла, омӯзгорони забони англисӣ, забон ва адабиёти рус, синфҳои ибтидоӣ, информатика, математика намерасанд.
Ба ин муносибат ба Вазорати таълими халқ, Маркази таълими миёнаи махсус, касбу ҳунар, Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ супурда шуд, ки бино бар пурра гардондани ҷойҳои холӣ, дастгирӣ намудан, рағбатноксозӣ ва такмили ихтисоси омӯзгороне, ки омодаанд дар ноҳияҳои дурдаст кор кунанд, маҷмӯи чорабиниҳо таҳия намоянд.
Масъалаи баланд бардоштани сифати адабиётҳои таълимиву услубӣ ва китобҳои дарсӣ аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Аз аввали соли таҳсил ду моҳ гузашта бошад ҳам, сарфи назар аз ин ба хонандагони синфҳои 3, 5, 8-уми мактабҳо 33 ҳазор китобҳои дарсӣ намерасанд. Мутаассифона дар китобҳои дарсӣ ба хатогиҳо роҳ медиҳанд.
Бо назардошти ин супурда шуд, ки ҳаллу фасли масъалаҳо таъмин карда шавад.
Дар ҷамъомад ба ҳолати бинои мактабҳо, пойгоҳи моддиву техникии онҳо эътибор дода шуд.
Баъд аз ба таълими ёздаҳсола гузаштани мактабҳо миқдори хонандагон ба 1 миллион афзуд. Дар айни ҳол 138 филиали мактабҳо бинои худро надоранд, дар 55 филиалҳо миқдори хонандагон аз меъёр зиёд аст.
Дар 35 мактаб корҳои сохтмониву таъмирии дар барномаи сармоягузорӣ пешбинишуда дар муҳлати кӯтоҳтарин бояд ба охир расонда шаванд. Ба мактабҳо беш аз 5 ҳазор адад таҷҳизоти таълимиву лабораторӣ оид ба фанни физика, кимиё ва биология, 43 ҳазор маҷмӯи мебелҳои таълимӣ расонда дода шаванд.
Президент зарурати зудтар ба охир расондани корҳои сохтмониву таъмириро дар мактабҳо, аз ҳисоби маблағи сармоягузории марказонидашуда муҷаҳҳаз гардондани онҳоро таъкид кард.
Бо назардошти эҳтиёҷоти минтақаҳо, бино бар ба ихтиёри Вазорати таълими халқ то охири соли ҷорӣ додани биноҳои коллеҷу литсейҳои холишуда, инчунин то 1 январи соли 2019 ба мактабҳои асосӣ табдил додани филиалҳои мактабҳо дар маҳалҳо, бо автобусҳо таъмин кардани мактабҳо супоришот дода шуд.
Дар ҷамъомад ба талаботи ҳозира мувофиқ набудани дараҷаи дарсдиҳӣ ва азхуд кардани дониш таҳти танқид гирифта шуд. Ҳолати ғайриқаноатбахши корҳо бино бар ташкил кардани маҷмӯъҳои таълимиву истеҳсолӣ, муҷаҳҳаз гардондани онҳо ба мақсади омӯзондани касбу ҳунар ба хонандагони синфҳои 10-11 зикр гардид.
Ба ҳисоби миёна дар мамлакат дар як синф  23 талаба, дар шаҳри Тошканд ва марказҳои вилоятӣ 40 нафар талаба таълим мегирад. Дар мо ба ҳар як омӯзгор 13 нафар хонанда рост меояд, дар мамлакатҳои мутараққӣ ин нишондиҳанда аз 10 нафар зиёд намебошад. Бояд миқдори хонандагонро дар як синф, инчунин сарбории ҳафтаинаи таълими онҳоро камаш ба 5-10 фоиз коҳиш дод, гуфт сарвари давлатамон.
Дараҷаи ҷорӣ кардани технологияҳои иттилоотиро дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ ба дараҷаи замон гуфтан мумкин нест. Инак, дар баъзеи онҳо фанни информатика то ҳол дар асоси забони куҳнаи барномасозӣ омӯзонда мешавад, як қатор техникаҳои компутерӣ ба ҳолати корношоямӣ омадааст.
Ба ин муносибат бино бар аз нуқтаи назари танқидӣ омӯхтани бо компутерҳо таъмин кардани мактабҳо, коркарди барномаҳои дақиқи мақсаднок бино бар ҷиҳозонидан, ҷорӣ кардани усулҳои замонавии омӯзондани информатика супориш дода шуд.
Вазифаи дар асоси омӯзиши таҷрибаи хориҷӣ ривоҷ додани низоми мактабҳои хусусӣ гузошта шуд.
Дар ҷамъомад рафти тайёрии мактабҳо ба мавсими тирамоҳиву зимистонӣ баррасӣ гардид. Таъкид гардид, ки вазоратҳои таълими халқ ва молия якҷоя бо ҳокимиятҳо дар маҳалҳо бояд дар муҳлати ду ҳафта бино бар пурра ба зимистон тайёр кардани мактабҳо чораҳо андешанд.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: