Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ҳамкории Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи суди назди Вазорати адлия нишасти матбуотӣ доир гардид.
Имрӯзҳо нақши экспертизаи суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, пешгирӣ ва фош намудани ҷиноят хеде муҳим аст. Аз ҷумла, натиҷаи тадқиқотии экспертизаи суд дар таъмини ҳимояи кафолатноки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мо, ки дар Конститутсия пещбинӣ шудааст, аҳамияти калон дорад.
Аз ҷониби Маркази экпертизаи судӣ ва шуъбаҳои ҳудудии он дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ корҳои назаррас амалӣ шудаанд.
Марказ соли ҷорӣ дар асоси муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар 3 млн. 96 ҳазору 80 объект тадқиқот гузаронида, 26 ҳазору 28 хулоса ва маслиҳатҳои экспертӣ додааст.
Дар самти эҷодии меъёрҳо ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ диққати махсус дода, лоиҳаҳои нави қонун «Дар бораи экспертизаи судӣ» таҳия ва ба Девони Вазирон пешниҳод гардид. Марказ ба тарғиби имкониятҳои муосири экспертизаи судӣ барои судяҳо, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Соли равон аз ҷониби Марказ ва шуъбаҳои минтақавии он оид ба фаъолияти экспертӣ ва баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ 1470 чорабинии таблиғотӣ гузаронида шудааст.
Имрӯзҳо дар Марказ дар ҳамкорӣ бо шуъбаю лабораторияҳои экспертӣ, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии экспертизаи судӣ, ташкилотҳои экспертизаи судии давлатӣ ва ғайридавлатӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва машваратӣ амалӣ мешаванд.
Бо мақсади баланд бардоштани малака ва дониши ҳуқуқии коршиносони судӣ фаъолияти Маркази таълим ба роҳ монда щуда, тартиби нави бозомӯзии кадрҳои экспертии суд дар асоси принсипи таълими дуалӣ дар соҳа муқаррар гардидааст.
Базаи моддию техникии шуъбаҳои ҳудудии марказ мустаҳкам ва як қатор тадқиқотҳои экспертизаи муосир ҷорӣ мешаванд. Аз ҷумла, дар вилояти Фарғона экспертизаҳои суд-лингвистика, суд-филология, техникаи компутерӣ, дар вилояти Самарқанд суд-фонография ва компутер, дар шуъбаи Қароқалпоқистон экспертизаҳои техникаи сӯхтор ва электротехника, дар вилоятҳои Ҷиззах ва Қашқадарё экспертизаи суд-хатшиносӣ, ҳуҷҷатҳои техникаи судӣ.
Илова бар ин, дар Марказ маҷаллаи илмии «Экпертизаи судии Ӯзбекистон» дар шакли чопӣ ва электронӣ чоп мегардад. Марказ ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо як қатор муассисаҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мондааст.
Солҳои охир дар марказ бо мақсади зуд расонидани маълумот ба аҳолӣ «Системаи ҳисобҳои коршиносони судӣ» ва «Платформаи таълими электронӣ» дар асоси технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ ҷорӣ карда шуданд. Дар натиҷаи ба даст овардани ин сохтори электронӣ дар муомилоти ҳуҷҷатҳои мутақобилаи ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, муассисаҳои экспертизаи судӣ ва таъмини амнияти судҳо дастовардҳои назаррас ба даст оварда мешаванд.
Махфират МАМАҶОНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».