САМАРАИ ИСЛОҲОТРО ҲАР ЯК ИНСОН, ҲАР ЯК ОИЛА ДАР ҲАЁТИ ХУД БОЯД ЭҲСОС КУНАД

Чи хеле ки пештар хабар дода шуда буд, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба мақсади шинос шудан бо рафти ислоҳоте, ки дар маҳалҳо татбиқ мегарданд, лоиҳаҳои бузург ва мулоқот намудан бо халқ 12-13 март аз вилояти Хоразм боздид намуд.

Чи хеле ки пештар хабар дода шуда буд, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба мақсади шинос шудан бо рафти ислоҳоте, ки дар маҳалҳо татбиқ мегарданд, лоиҳаҳои бузург ва мулоқот намудан бо халқ 12-13 март аз вилояти Хоразм боздид намуд.
Дар рӯзи дувуми сафар раҳбари давлат дар шаҳри Урганҷ бо иштироки ҳокимони вилояти Хоразм ва ноҳияҳо, вакилони шӯроҳои маҳаллӣ, роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, соҳибкорон ва зиёиён ҷамъомад баргузор намуд.
Мо ислоҳотамонро бо мақсади беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум, дар асоси мулоқот ва машварат бо мардум татбиқ мекунем. Ман ба Хоразм омадам, то ки дар бораи мушкилоти мардуми маҳаллӣ сӯҳбат кунам. Аз ин рӯ, агар шумо масъалаҳои зиёдро ба миён гузоред, натиҷа  хоҳад шуд. Мо бо дурӯғ ва гапҳои баландпарвоз гуфтан ба ин ҳолат афтидем. Фиреб додани Президент ба хиёнат ба Ватан баробар аст,  гуфт Шавкат Мирзиёев.
Суръати пасти рушди минтақа зикр гардид. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 маротиба, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва хидматрасонӣ аз нишондиҳандаи миёнаи кишвар 2 маротиба кам аст. Дар минтақа 58 ҳазор оила вазъи молиявии паст дорад, аз онҳо 856 оила дар аҳволи ниҳоят танг зиндагӣ мекунад. Бисёриҳо барои кор ба хориҷа рафтаанд. Ҳамаи ин таъсиси 200 ҳазор ҷойи кориро дар Хоразм талаб мекунад.
Роҳбари давлат қайд кард, ки ҳадафи асосӣ ҷалби мардум ба соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва ҷойҳои нави корӣ мебошад, ки тавассути он якбора коҳиш додани камбизоатӣ ба даст меояд.
Зарурати рушди босуръати соҳибкорӣ дар ноҳия ва шаҳрҳо, ба «фабрикаи лоиҳаҳо» табдил додани бонкҳо зикр гардид. Дастурҳо оид ба ташкили иншооти истеҳсолӣ ва хидматрасонӣ дар заминаи 2,5 ҳазор бинои холӣ, татбиқи лоиҳаҳои нав дар минтақаи озоди иқтисодии Ҳазорасп дода шуданд.
Вазъи хидматрасонии пулакӣ дар деҳот низ мавриди тозиёнаи танқид гирифта шуд. Таъкид гардид, ки ҳаҷми хидматрасонӣ дар деҳот нисбат ба шаҳри Урганҷ 10-15 маротиба камтар аст ва бояд шумораи чунин иншоотҳоро ба таври назаррас афзоиш дод.
Дар ҷамъомад Президент Шавкат Мирзиёев самтҳои муҳими рушди вилояти Хоразмро муайян кард. Ҳамин тариқ, дар се соли оянда дар вилоят амалӣ сохтани 2 736 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 24 триллион сӯм ва ташкили беш аз 50 ҳазор ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар заводи автомобилсозии вилояти Ҳазорасп оид ба то 65 фоиз (айни замон мутаносибан 27 ва 14 фоиз)  баланд бардоштани дараҷаи маҳаллисозии истеҳсоли микроавтобусҳои «Дамас» ва «Лабо» лоиҳаҳои нав татбиқ хоҳанд шуд.
Лоиҳаҳои нав таҳия мешаванд, ки имкон медиҳанд сатҳи коркарди пахта дар соли оянда то 100 фоиз ва дар се соли оянда сатҳи коркарди калоба аз 35 фоизи  ҳозира то 70 фоиз расонида шавад.
Сохтмони корхонаи кимиёвӣ бо иқтидори солонаи 63 ҳазор тонна содаи каустикӣ ва хлор бо ҷалби 250 миллион доллар сармояи Малайзия ба нақша гирифта шудааст.
Оид ба истифодаи оқилонаи об, ташкили кластерҳои меваю сабзавот, таъсиси бренди харбузаи Хоразм ва тавсеаи парвариш ва содироти ин маҳсулот вазифаҳо гузошта шуданд.
Ба мақсади вусъат додани салоҳияти сайёҳӣ оид ба ташкили минтақаи сайёҳӣ дар ду канори канали Шовот, дар шаҳри Хева  «Шаҳраки хонҳои Хоразм» супориш дода шуд.
Бо мақсади тарғиби санъати миллӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ сарвари давлат пешниҳод кард, ки дар Хоразм Ҷашнвораи байналмилалии лазгӣ баргузор шавад. Иштирокчиён ин ташаббусро самимона дастгирӣ карданд.
Президент Шавкат Мирзиёев зимни сафари пешинаи худ ба вилояти Хоразм супориш дода буд, ки дар шаҳри Урганҷ боғи ёдгории Ҷалолиддин Мангубердӣ ташкил карда шавад. Дар ин асос, пешниҳоди лоиҳа омода карда шуда, дар рафти ташрифи кунунӣ намоиш дода шуд. 
Шавкат Мирзиёев нусхаи хомакии ҳайкалро синчакорона аз назар гузаронд. Таъкид намуд, ки ёдгории мазкур маҳобатнок бошад, то ки аз дур ҳам ба назар намоён гардад. 
Якҷоя бо шахсони масъул майдони барои ҳайкал пешбинишуда муҳокима шуд.
— Ҷалолиддин Мангубердӣ саркардаи бузург, ифтихори миллати мост. Ва майдони ӯ, мутаносибан, бояд калон, назаррас бошад. Дар саросари боғ бояд лавҳаҳои муборизаи Мангубердӣ барои озодӣ, набардҳои ӯ  насб карда шаванд. Бигзор бинандагон танҳо ҳайкалро надида, барои худ дониш, қувваву қудрат касб намоянд, сайёҳон таърихи моро омӯзанд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Барои аз нав дида баромадан ва бодиққат мулоҳиза кардан, ба назар гирфтани қулайӣ барои ҳаракати нақлиёт дастурамалҳо дода шуданд.
Сафари сарвари давлатамон ба вилояти Хоразм ба поён расид.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: