САМАРАИ ҶУСТУҶӮЙҲО

Имрӯзҳо ҳудуди Сабзазори ноҳияи Чусти вилояти Намангон манзараи дигарро гирифтааст.

Аз сабаби замини нокораму регзор доштан, он бекор мехобид.
Бо қарори ҳокими ноҳия 404 гектар майдони ин ҳудуд ба минтақаи саноати хурд ҷудо карда шуд. Ҳоло ин ҷо корхонаҳои истеҳсолии оҳану бетон, хишти сементӣ, маҳсулоти текстил, маводи сохтмон, азнавкоркарди санг, паррандапарварӣ ва якчанд корхонаи хусусӣ фаъолият мебаранд.
Корхонаи «Chust textile», ки бо маҳсулоти хушсифати худ на танҳо дар миқёси ҷумҳурӣ, балки берун аз кишвар шинохта шудааст, 16 гектар майдони ҳудуди номбурдаро дар бар гирифтааст.
ҶММ «Chust textile» зиёда аз 20 намуди маҳсулоти  либосвории занона, мардона ва бачагона истеҳсол мекунад. Маҳсулоти корхонаи мазкур ба Русия ва дар асоси шартнома ба  кишварҳои Аврупо низ содир мегарданд. 
Роҳбари  он Дилшод Исматуллоев доимо дар роҳи ҷустуҷӯйи васеъ намудани иқтидори корхона мебошад. 
Аз Италия, Туркия технологияи замонавиро оварда, сифат ва ҳаҷми маҳсулотро боло баровард. Махсусан, шурӯъ намудани фаъолияти сехи бофандагӣ барои фароҳам овардани  ҷойи кор ба занону духтарони ҳудуд айни муддаост. Барои коргарон шароит фароҳам оварда шудааст. Онҳо аз саривақт гирифтани маош, таъмин будан бо хӯроки гарм ва аз ҷудо кардани микроавтобусе, ки то манзил мебаранд, хеле мамнунанд. 

Ш. ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: