САМАРАИ КОРИ КОРМАНДОНИ ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ МЕАФЗОЯД

Ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандон аз беҳтарин амалҳои савоб маҳсуб мешавад. Хусусан, вақте ки орзуву ормонҳои он қишри ҷомеа, ки ба кумакҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ниёзи бештар дорад, бароварда шавад, боиси ризоияту қаноматмандиҳо мегардад.

Президент Шавкат Мирзиёев маҳз бо судури фармон ва қарор «Дар бораи чораҳои маҷмӯӣ оид ба расонидани хидмати сифатноки иҷтимоӣ ва кумак ба аҳолӣ ва ташкили низоми самараноки назорат» аз 1 июни соли 2023 ва «Дар бораи тадобири минбаъд такмил додани низоми хидматрасонии иҷтимоӣ ва кумак ба аҳолӣ», аз 28 сентябри соли 2023, расонидани кумакҳои иҷтимоӣ ба мардуми ниёзманд ва қобили ҳифзи иҷтимоиро дар радифи аввал қарор додааст.

Дарҳақиқат, имрӯзҳо мардуми зиёд аз чунин кумакҳои иҷтимоӣ бархурдор мешаванд, ки ниҳоди хоси давлатӣ – Агентии миллӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии назди Президент ва идораҳои вилоятиву минтақавии он  анҷом медиҳанд. Ҳар як ниҳод расонидани чунин кумакро беш аз пеш вусъат бахшидааст ва теъдоди зиёди шаҳрвандонро зери ҳимояи иҷтимоӣ қарор додааст.

Дар вилояти Фарғона бо мақсади дар сатҳи маҳалла ташкил намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, расонидани хидматҳои иҷтимоӣ, пешгирии афтодани аҳолӣ ба ҳолати вазнини иҷтимоӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини он дар байни аҳолӣ корҳои зиёд ба фарҷом мерасанд.

– Дар 19 шаҳру ноҳияи вилоят хидматрасонии иҷтимоӣ ва кумак аз ҷониби кормандони марказҳои хидматрасонии иҷтимоии «Инсон»-и агентӣ ба роҳ монда шудааст. Бояд ёдовар шуд, ки дар арафаи бузургтарин ва азизтарин ҷашн – 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бинои идораи бахши вилоятии агентӣ ба истифода дода шуд. Ин имконият барои боз беҳтар кор кардани ходимонамон мусоидат намуд. Онҳо сифати хидматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ, ҷорӣ намудани низоми комилан нави идоракунӣ дар асоси стандартҳои пешрафтаро хеле баланд мебардоранд, – мегӯяд иҷрокунандаи вазифаи сардори идораи вилоятии агентӣ Абдуназар Салимов.

Фармони Сарвари давлат ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, васеъ намудани ҳаҷму намудҳои хидматҳои иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ басо мусоидат менамояд. Дар ибтидо аз ҷониби агентӣ ва идораҳои минтақавии он 49 намуди хидматрасониҳои иҷтимоӣ ва кумак расонида шуда бошад, ҳоло шумораи он аз сад гузаштааст.

– Ба истифода супурдани биноҳои маркази хидматрасонии иҷтимоии «Инсон» дар ноҳия-ҳои Ӯзбекистон, Бағдод, Риштон, Қӯштеппа ва шаҳри Марғелон низ кори ходимони моро осон намуд. Онҳо барои пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва васеъ намудани ҳаҷму намудҳои хидматрасонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон бо ҷидду ҷаҳд фаъолият мекунанд, – мегӯяд Салимов.

Яке аз чорабиниҳои доманфарох дар Рӯзи байналмилалии маълӯлон роҳандозӣ гардид. 

Дар чорабинии шаҳри Фарғона зиёда аз 320 нафар аъзои ҷамъиятҳои маъюбон, карҳо, нобиноён, иттиҳодияҳои ҷанговарони байналмилалӣ ва чернобилчиён даъват карда шудаанд. Дар рафти чорабинӣ ба иштирокчиён туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шудааст. Пеш аз ин чорабинӣ ярмаркаи маҳсулоти истеҳсолкардаи ҳунармандон ва ҷавонони боистеъдод баргузор гардид.

Дар ярмаркаи савдои ғайрианъанавӣ 43 нафар ҳунармандони маълӯл бо зиёда аз 200 номгӯй маҳсулоти дастӣ иштирок намуданд.  Маҳсулот ва корҳои эҷодии ҳунармандоне, ки дар ин чорабинӣ ширкат доштаанд, аз рӯйи номинатсияҳои гуногун баҳогузорӣ шуда, ғолибону иштирокчиён бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ташкили барномаҳои идона барои маълӯлони зиёд хушҳоливу хурсандиҳо бахшидааст.

Маълум шуд, ки ҳадафи асосӣ ҳимояи ҳуқуқи маълӯлон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мушкилоти онҳо мебошад. Муҳимтар аз ҳама барои омӯзиш ва ҳалли мушкилоти маълӯлон аз ҷониби тамоми зинаҳои роҳбарону сардорони сохторҳои давлатӣ низоми доимии алоқа таъсис дода шудааст.

– Ин рӯз як фурсати муҳим барои таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба зиндагӣ, мушкилот ва имконоти маълӯлон, аз нав дида баромадани муносибати иҷтимоӣ ба онҳост. Ҳоло дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳимояи ҳуқуқи маълӯлон ва ҷалбу ҷазби онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ аз авлавияти вазифаҳои мо қарор гирифтааст. Зеро ҳар яки мо барои бунёди ҷомеаи фарогир масъулем, – қайд намуд Салимов.

Аз 1 январи соли 2024 кормандони идораи вилоятии агентӣ пардохтҳои зерини иҷтимоӣ, мисли  кумакпулиҳо барои синну сол,  барои саробон; барои намояндаи қонунӣ, ки кӯдакони маъюби то 18-соларо нигоҳубин мекунанд, барои маъюбони аз кӯдакӣ (гурӯҳҳои 1 ва 2, аз 18-сола боло), барои маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, барои оилаҳои камбизоат, пардохти кумаки молии якдафъаина ҳангоми таваллуди кӯдак, барои дафн («ҷанозапулӣ»)-ро анҷом додаанд.

Азбаски технологияҳои муосир барои осонтар кардани ҳаёти инсон хидмат мекунанд, идораи вилоятии агентӣ системаи нақлиётро низ аз ин раванд истисно намедонад. Таъсиси системаи қулай ва бехатари нақлиёт, бахусус барои шаҳрвандони эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, аз ҷумла маъюбон, пиронсолон ва онҳое, ки мушкилоти ҳаракат доранд, яке аз масъалаҳои мубрами имрӯз мебошад. Дар ин росто, дар ҳамкорӣ бо ширкати Yandex Go лоиҳаи «Таксии иҷтимоӣ»  қадами муҳим дар ин замина буда, ба ҳаёти ҷомеа тағйироти мусбат хоҳад овард. Нархи он арзон ва қобили пардохти чунин қишри ҷомеа мебошад.

Тавре маълум аст, 27 феврали соли равон Қарори Президент «Дар бораи чораҳо оид ба такмил додани низоми таъминоти шахсони ниёзманд бо асбобҳои протезӣ-ортопедӣ ва воситаҳои техникии тавонбахшӣ» тасдиқ карда шуд. Бо ҷорӣ намудани системаи нави рақамӣ раванди таъмини ниёзмандон бо асбобҳои зарурӣ хеле соддатар шуд. Ҳоло зарурат пеш омадааст, ки тавассути системаи иттилоотӣ дар як вақт маъюбон бо маводи лозимӣ таъмин карда шаванд. Шаҳрвандон барои харидани асбобҳои зарурӣ аз ваучери онлайн истифода хоҳанд бурд ва барояшон тавассути паёмак ва кормандони иҷтимоӣ хабар дода мешавад. Муҳлати таъмини протезҳо аз 67 рӯз ба 17 рӯз ва таҷҳизоти барқарорсозӣ аз 52 рӯз ба 11 рӯз кам карда шуд.

Мувофиқи қарори Президент аз 8 ноябри соли 2024 «Дар бораи чораҳои иловагии такмил додани системаи инкишофи ҷисмонии маълӯлон аз рӯйи ҷалби онҳо ба варзиш» барои дастгирии маъюбон «Хидматрасонии ҳамроҳӣ» тавассути ихтиёриён роҳандозӣ мешавад. Дар ин росто агентӣ барои кумак ба шахсони маъюб, ки аз бемориҳои чашм ва узвҳои ҳаракати ҷисмонӣ азият мекашанд, барои рафтан ба иншооти варзишӣ чунин хидмати ҳамроҳӣ ташкил мекунад.

Ин хидмат тавассути созмонҳои ғайридавлатӣ ва ихтиёриён дар асоси фармоиши иҷтимоии давлатӣ ба роҳ монда мешавад. Дар назди марказҳои «Инсон» дар минтақаҳо гурӯҳҳои ихтиёриён ташкил карда шудааст. Аввалан, ин хидмат тадриҷан танҳо дар минтақаҳое ҷорӣ карда мешавад, ки аҳолии зиёд доранд.

Овардани як мисол кифоят мекунад, ки фаъолияти ин ниҳод то чӣ андоза мувофиқи мақсад мебошад.

Раъно Ҷӯраева аз ҷамоати шаҳрвандони Наймани ноҳияи Қува ба унвони мақомоти идораи мазкур бо як паёми видеоӣ муроиҷат кардааст ва барои табобат кумаки молӣ хостааст. Дар асоси ин муроҷиат ба Ҷӯраева барои табобаташ аз хазинаи «Саховат ва дастгирӣ» 1 миллион сӯм ҷудо карда шудааст. Даҳҳо чунин мисолҳоро овардан мумкин аст, ки бо иқдоми бахши вилоятии агентӣ одамони зиёд аз кумакҳои иҷтимоӣ баҳраманд гардидаанд.

Ташкили маҳфилу чорабиниҳои гуногун барои фарзандони шахсони камбизоат ва ниёзманд, зиёфатҳои идона ва амсоли он низ дар доираи фаъолиятҳои бахши вилоятии агентӣ ба вуқӯъ мепайванданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: