САМАРАИ ЛОИҲАҲО

Ҳар сол аз ҷониби Бунёди ҷамъиятии назди Олий Маҷлис барои обод ва кабудизоркунии нуқтаҳои аҳолинишини деҳот, беҳтар намудани муҳити санитариву экологӣ мунтазам озмунҳои грантӣ эълон карда мешаванд.

Ҳар сол аз ҷониби Бунёди ҷамъиятии назди Олий Маҷлис барои обод ва кабудизоркунии нуқтаҳои аҳолинишини деҳот, беҳтар намудани муҳити санитариву экологӣ мунтазам озмунҳои грантӣ эълон карда мешаванд. 
Лоиҳаҳои грантии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва идораҳои дигари ҷамоатҳои шаҳрвандӣ, ки барои бо оби ошомиданӣ таъмин кардани аҳолии деҳоти дурдаст ва беҳтар намудани вазъи экологии маҳалҳо эълон мешаванд, аз ҷониби Комиссияи парлумонии назди Олий Маҷлис дидаву бо маблағ таъмин мегарданд. Чунончи, аз ҷониби созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии вилояти Фарғона корҳои зерин ба амал бароварда мешаванд. 
1. Гранти давлатии созмони ғайридавлативу ғайритиҷоратии «Оқжар чашмаси» («Чашмаи Оқҷар»)  ба номи «Бо усули инноватсионии бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Оқҷар ё худ ба ҳар як оила оби тоза» ғолиби озмун эълон гардида, бо 29,5 миллион сӯм маблағ мукофотонида шуд. 
Мақсади лоиҳа чунин аст: ба истифода супурдани чоҳи аз истифодамондаи деҳаи Оқҷар ва бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин кардани аҳолии деҳа, ҳамчунин беҳтар намудани муҳити санитариву гигиенӣ ва экологии он. 
Дар доираи лоиҳа корҳои зерин иҷро шудаанд:
Барои ба амал татбиқ намудани он 1362 метр ғулбаҳои гуногунандозаи полиэтиленӣ харид шуда, ба деҳаҳои Оқҷар, Эсанак, Ҷурган ва Ялтири ноҳияи Данғараи вилояти Фарғона оварда шуданд ва дар маҷмӯъ аз тариқи 1382 метр ғулба об кашида, 116 оила бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид. 
Эҳтиёҷоти 116 оила, 2 мактаб, поликлиникаи оилавии деҳа, МТТ ва дигар иншооти иҷтимоии ҳудуд ҳоло бо оби тоза мунтазам таъмин карда мешавад. Барои ин 1 насоси электрӣ ва ҳисобкунаки электрӣ гузошта шудааст. 
Дар мактабҳо бобати исроф накардани оби нӯшиданӣ ва эҳтиёт кардани табиат беш аз 10 чорабинӣ гузаронида шудааст. 
2. Лоиҳаи «Об – неъмати худовандиро эҳтиёт кунем!»-и созмони ғайридавлативу ғайритиҷоратии «Шоҳимардонободсув»-и вилояти номбурда ғолиби гранти давлатӣ дониста, бо 29,9 миллион сӯм маблағ таъмин гардидааст. 
Мақсади лоиҳа: аҳолии 1015 нафараи деҳаи Қалъача, яъне 200 оиларо бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин кардан. 
Дар доираи лоиҳа корҳои зерин иҷро шуданд:
Кор дар асоси нақшаи андешидашуда амалӣ гардидааст, 1015 нафар аҳолие, ки дар деҳаи Қалъача истиқомат мекунанд, бо оби тоза таъмин шудаанд. Дар деҳа инфрасохтор беҳтар гардид. Беш аз 200 ниҳоли дарахтони боровар кошта ва ба ҳар як  хонадони аҳолии камтаъмин оби нӯшиданӣ расонида шудааст. 

Девони иҷроияи 
Бунёди ҷамоатии назди Олий Маҷлис.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: