САМАРАИ НИЗОМИ НАВ ДАР КОР БО МУШКИЛОТИ АҲОЛӢ

Яке аз ҷолибтарин навигариҳо, ки ба муроди дили аҳолии кишвар, хусусан, одамони оддианд, ташкил карда шудани қабулхонаҳои халқианд.

Кор бо муроҷиатҳо мазмуни тоза пайдо кард, низоми куллан нави мулоқот бо халқ дар Ӯзбекистон дар миқёси байналхалқӣ чун сохтори нодир эътироф гардид. Муҳимаш, одамони оддӣ низ имкон пайдо карданд, тавассути дастгирии Қабулгоҳи виртуалӣ, қабулгоҳҳои халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз банди душворӣ ва мушкилиҳо раҳо ёбанд.
То ин рӯзҳо тақрибан 2,6 миллион нафар аҳолии ҷумҳуриамон аз хидмати қабулхонаҳо баҳраёб шуда ва ба бисёр саволҳое, ки онҳоро ноором месохтанд, ҷавоб гирифтанд.
Бо мақсади фароҳам овардани қулаиҳои нав ба аҳолӣ дар масъалаи муроҷиатҳо 17 январи соли ҷорӣ Фармони сарвари давлати мо «Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани низоми кор бо мушкилоти аҳолӣ» ба имзо расид. 
Татбиқи амалии нукта ва ғояҳое, ки дар ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ ниҳонанд, бешак, дар роҳи боз ҳам наздиктар гардондани мақомоти давлатӣ ва халқ хидмат менамоянд.
Президентамон Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатномааш ба Олий Маҷлис аз 28 декабри соли 2018 зарурати ҳаётии ҷоринамоии низоми куллан нав дар қабулгоҳҳои халқиро таъкид намуда буд. Гап дар он ки мушкилоти мухталифе, ки дар маҳалҳо ҳаллу фасли худро интизоранд, хеле зиёд. Қисми муайяни масъалаҳои мардумро азиятдиҳанда дар сатҳи зинаҳои миёна ва поёнӣ бояд ҳал шаванд, вале аз бемасъулиятии баъзеҳо мактуб ва муроҷиатҳои аҳолӣ сарам-дилам омӯхта ва аз рӯйи расмият ҷавобҳо гардонда мешаванд, ки онҳо аризадодаро қонеъ намесозанд.
Дар ин гуна вазъ маҷбур аст вай дубора ба мақомоти болоӣ муроҷиат намояд. Дигар, вазъи ночор дошта бошанд ҳам, баъзе одамон аз муроҷиат худдорӣ месозанд. Бинобар ҳамин аз соли 2018 лоиҳаи «Хона-ба хона» ҷорӣ гардид ва он имрӯз кӯпрукест байни идораҳои давлатӣ ва халқ. Аз ҷумла, вакилони як қатор ҳизбҳои сиёсӣ дар ин ҷараён фаъолона ширкат ҷуста, дар ҳалли бисёр муаммоҳои иҷтимоии аҳолӣ ҳисса гузоштанд. Назар ба таъкиди мутахассиси пешбари шӯрои вилояти Тошканди Ҳизби демократии Ӯзбекистон Миллий тикланиш Б. Шодмонов, дар доираи лоиҳаи «Хона ба хона»-и шуъбаи вилоятии ҳизби номбурда ба 1 ҳазору 523 хонадон вакилон даромаданд ва суҳбат гузаронданд. 1 ҳазору  234 муроҷиати аҳолӣ омӯхта шуд. Аксарияти муроҷиатҳо ба масъалаҳои бекорӣ, хидмати тиббӣ, оби нӯшокӣ, таъминоти газ ва барқ тааллуқ доштанд. Аксарияти арзу ниёзҳо қонеъ гардонда шуданд. Дар ин қатор ба шаҳрвандоне, ки нияти соҳибкор шудан доранд, баробари маслиҳатдиҳӣ дар гирифтани 776 миллиону 975 ҳазор сӯм кӯмак расонда шуд. Дар доираи лоиҳаи «Хона ба хона», қабл аз ҳама, шахсони ногиро ва табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ мавриди эътибор қарор гирифт. Масалан, шавҳари Д. Худойназарова ба муолиҷаи ҷиддӣ ниёз дошт. Маблағ нест. Бо давутози депутат Д. Мирзохалилов ҳомӣ ёфт шуд ва барои амалиёти ҷарроҳии бемор дар хориҷ имконият фароҳам омад. Соли 2019 низ роҳбарони ташкилотҳои маҳаллӣ ва вакилони шуъбаҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии депутатҳои халқӣ дар доираи ваколатҳои худ дар ҳалли мушкилоти аҳолӣ фаъолнокиро давом медиҳанд. Ба маҳалҳо баромада, бевосита ҳавлӣ ба ҳавлӣ гашта, аз ҳоли аҳолӣ хабар гирифтани депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ ва узви Сенати Олий Маҷлисро низ зиёд мушоҳида мекунем. 
Вале, бинобар ҳанӯз вуҷуд доштани баъзе камбудиҳо дар ин самт, ҳаёт тақозо намуд, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва қабл аз ҳама, қабулхонаҳои давлатӣ дар давраи нав ба сатҳи сифатан беҳтар бардошта шавад.
Дар асоси Фармони нави Президент, аз 1 феврали соли равон баробари кори мунтазами қабулгоҳҳои халқӣ низоми тозаи хона ба хона давр зада, омӯхтани мушкилоти аҳолӣ ҷорӣ гардид ва мақоми расмӣ гирифт. Инак, «санҷиши ҳавлӣ»-гии қабулгоҳҳои халқӣ дар ҳалли масъалаҳои мардумро ранҷдиҳанда ва ошкор гардондани норасоиҳое, ки ба пешравии кор дар соҳоти гуногун халал мерасонанд, натиҷаи дилхоҳи худ мебахшад. Корҳое, ки дар  ин самт дар вилояти Фарғона пеш бурда мешаванд, қобили таваҷҷӯҳанд. Дар аниқ гардондани мушкилот ва саривақт қонеъсозии ниёзи аҳолӣ фаъолияти секторҳое, ки ба ҳудудҳои муайян тақсим карда шудаанд, ҷоннок мегардад. Вакилони ҳокимият, прокуратура, корҳои дохилӣ ва андоз хона ба хона гашта ва мушкилоти аҳолиро меомӯзанд. Ҳавлиҳо дар 81 ҷамоати шаҳрвандии маҳаллаҳо хабар гирифта шуданд. Тӯли моҳи феврали соли равон мушкилоти 77 ҳазор хонадон омӯхта шуд.
Маълум шуд, ки аҳолиро асосан масъалаҳои таъмин бо шуғл, манзил, тандурустӣ, мушкили гази табиӣ ва барқ, ба муассисаҳои таълими томактабӣ фаро гирифта нашудани кӯдакон, гирифтани вом ва шуғл ба соҳибкорӣ азият медиҳанд. Бисёр масъалаҳо дар ҷойи худ ҳаллу фасл меёбанд.
Ошкор ва ҳаллу фасл намудани мушкилот аз тариқи «санҷиши ҳавлӣ»-гии қабулгоҳҳои халқӣ дар ноҳияҳои дурдаст низ қобили қайд аст. Назар ба таъкиди мутахассиси пешбари Қабулхонаи Президент дар ноҳияи Сӯх Д. Ҷӯраев, аз 4 феврал то 7 марти соли равон мутасаддиён  ҷамъ дар 5475 хонадон шуда, мавҷуд будани 403 мушкилоти аҳолиро муайян намуданд. Аз онҳо 271-тояшон дар ҷойи худ ҳал ва муроҷиаткардагон қонеъ гардонда шуданд. Масъалаҳое, ки дар сатҳҳои вилоятию ҷумҳурӣ бояд дида баромада шаванд, саривақт ба ҷойҳои даркорӣ ирсол гаштанд. Мушкилоте, ки ба зинаҳои болоӣ мутааллиқанд, асосан аз мушкилоти сарҳад ё худ кушодашавии  роҳи автомобилгарди Сӯх – Риштон, гирифтани шиносномаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии  Ӯзбекистон, кушодан ва обёрӣ намудани майдонҳои кишт дар мавзеъҳои Қайроқ ва Ҷавпая иборатанд. 
Қабулхонаи халқии Президент дар ноҳия бо мошини хидматӣ таъмин гашт, ки ин имкон медиҳад дар ҳолатҳои зарурӣ масъулон таъҷилан ба ҷойи лозимӣ рафта, мушкилоти мардумро омӯзанд.

М. ШОДИЕВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: