САМАРАИ ҚАДАМҲОИ МУҲИМ ДАР РОҲИ МАНФИАТИ ХАЛҚ ВА ФАРОВОНИИ ҲАЁТ

Президент 30 декабри соли 2019 бо роҳбарони палатаҳои парлумон, аъзои ҳукумат, мутасаддиёни вазорат ва идораҳо бахшида ба ҷамъбасти сол ва корҳои соли 2020 ҷамъомад баргузор карда, вазифаҳои муҳиме, ки дар тамоми соҳаҳо дар наздамон ҳаст, муайян намуд.

Дар ҷамъомад дар бобати сохтмони объектҳои инфрасохтори барномаи сармоягузорӣ ва дар роҳандозии он ҷорӣ намудани низоми нав, ташаккул додани муҳити рақобати озод, афзоиши имконоти содирот, таъмини иҷрои стратегияи рушди хоҷагии қишлоқ, ки барои солҳои 2020-2030 муқаррар гаштааст, барои кластер ба вуҷуд овардани шароити ногузир, инкишоф додани соҳаҳои кимё, энергетика, ба соҳаҳои мазкур фаъол ҷалб намудани сектори хусусӣ ва сармоя, афзоиши истихроҷи ашёи хом вазифаҳои зарурӣ гузошта шуд.
Бояд таъкид кард, ки аз рӯи самтҳои мазкур зимни ташрифи худ ба ҳудудҳо Президент пешниҳодоти алоҳида баён менамояд, ташаббус ва ғояҳои нав пешбарӣ мекунад. Ба шарофати ҳаёт татбиқ гардидани чунин ташаббусҳои хуби роҳбари давлат ҳаёти мардумамон рӯз то рӯз беҳтар гардида, рӯзгораш фаровонтар мегардад.
Дар зер дар бораи баъзе объектҳое, ки соли 2019 дар ҳудудҳо бо ташаббусҳои неки Президент корро шурӯъ намуда буданд ва сохтмонашон идома доранд, таваққуф менамоем.

Саноати кимё барои инкишоф хидмат менамояд

Дар ҷамъияти саҳҳомии «Навоиазот», ки аз шохаи бузурги саноати кимёи мамлакат ба ҳисоб меравад, солҳои охир ҷараёнҳои бузурги такомул, ба амал татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоявии истиқболнок идома дорад.
Хусусан дар ҷамъияти саҳҳомии «Навоиазот», ки беш аз 9 ҳазор нафар коргар меҳнат мекунад, се лоиҳаи бузурги сармоявӣ дар бобати истеҳсоли аммиак ва карбамид, кислотаи нитрат, поливинилхлорид (ПВХ), содаи каустик ва метанол таҳия гардида, дар асоси барномаҳои дақиқ корҳои муайян ба амал татбиқ мегардад. Ин лоиҳаҳои нав, ки аз ҳисоби Фонди эҳё ва тараққиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бонкҳои тиҷоратӣ, кредитҳои хориҷӣ ва маблағҳои корхона ба амал татбиқ мегарданд, дар равнақи саноати кимёи мамлакат саҳми муҳим мегузорад.
Маълум аст, ки корхонаи мазкур соли 1964 ба кор даромадааст. Бо мурури вақт дастгоҳҳои технологӣ фартут шудаанд. Дар айни ҳол онҳо ба ивази сарф намудани электроэнергияи зиёд ва дигар захираҳои табиӣ маҳсулот истеҳсол менамоянд. Хуллас, коэффисиенти кори фоидаовар ба талаби имрӯз муносиб нест.
Қимати умумии маҷмӯаи кимё имкон медиҳад, ки дар баробари 500 миллион доллар ПВХ, ба кор даромадани лоиҳаи истеҳсоли содаи каустик ва метанол беш аз 900 ҷойи нави корӣ ба вуҷуд ояд, соле 100 ҳазор тонна поливинилхлорид, 71,8 ҳазор тонна содаи каустик, 300 ҳазор тонна метанол истеҳсол гардад. Корҳои сохтмону насбкунӣ аз ҷониби ширкати «China CAMC Engineering CO., LTD»-и Чин ва ҳам мутахассисони маҳаллӣ ба итмом расид.
Ҳангоми ташрифи роҳбари давлат 28 декабри соли 2019 ба вилояти Навоӣ аз ин маҷмӯаи кимё низ боздид намуда, тугмаи рамзии ба кор андохтани лоиҳаро пахш кард.
Ҳамон рӯз расман корхонаи истеҳсоли поливинилхлорид, содаи каустик ва метанол ба кор даромад.
Инчунин дар баробари ба кор даромадани лоиҳаи нави истеҳсоли аммиак ва карбамид ба қимати умумии 897 миллион доллар соле 660 ҳазор тонна аммиак, 577,5 ҳазор тонна карбамид ба даст оварда, навъҳои поруи маъданиеро, ки аз онҳо ҳосил мегарданд, зиёд намудан мумкин аст. Неъмати табиие, ки барои ин харҷ мегардад, низ сарфа мегардад. Маҷмӯае, ки бо ҳамкорони Ҷопон (ширкатҳои «Mitsubishi Heavy Industries, Ltd», «Mitsubishi Corporation») барпо гаштааст, барои рушди саноати кимёи мамлакат хидмат мекунад.
Боз як лоиҳаи истиқболнок сохтмони маҷмӯаи кислотаи нитрат мебошад, ки бо суръати баланд идома дорад. Ин иқтидор ба қимати умумии 216,6 миллион доллар баробар буда, аз ҷониби ширкати «CASALE SA»-и Шведсария бунёд мегардад. Дар ин ҷо соле ба миқдори 500 ҳазор тонна ашёи хом истеҳсол намудан мумкин аст. Инчунин беш аз 120 ҷойи нави корӣ ба вуҷуд оварда мешавад.
Маҷмӯаҳои мазкур, ки бо таҷҳизоти технологияи замонавӣ муҷаҳҳазанд, ба кимёгарони Навоӣ имконият медиҳанд, ки ҳаҷми маҳсулот зиёд, нархи аслии он арзон гардида, рақобатбардории он таъмин карда шавад. Аз сабаби он ки дар арсаи байналхалқӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба моддаҳои кимёвӣ эҳтиёҷ зиёд мегардад, лоиҳаҳои мазкур дар бобати инкишофи саноати мамлакат аҳамияти муҳимро моликанд.
Воқеан маҳсулоте, ки дар ин корхонаи молики таърихи беш аз ним аср истеҳсол мегардад, дар соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ, саноати кимё ва маъдан васеъ корбурд мегарданд. Беш аз 70 навъи маҳсулоти кимёвӣ, ки имрӯз дар ин ҷо истеҳсол мегардад, қисми бештараш ба хориҷ содир мешавад. Асосан чунин маҳсулот мисли селитраи аммиак, маъданҳои азоту фосфор, метанол, хлор, унифлок, полиакриламид ба беш аз 20 давлат фурӯхта мешавад.
Дар корхона барои бо кор таъмин намудани аҳолии ҳудудҳои дурдаст низ эътибори алоҳида нигаронда мешавад. Бо мақсади таъмини иҷрои қарори роҳбари давлат аз 29 сентябри соли 2017 «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба рушди маҷмӯии ноҳияҳои Томдӣ, Учқудуқ, Конимех, Нурато ва шаҳри Зарафшони вилояти Навоӣ ва ҳам бо кор таъмин намудани аҳолӣ» аввали соли ҷорӣ дар ноҳияи Конимех қитъаи истеҳсоли халтаҳои пропилен ба кор даромад. Дар натиҷа қариб 130 нафар, асосан хатмкунандагони коллеҷҳои касбу ҳунар соҳиби кор гардиданд.

Дар фаъолияти НГЭ-и калон ба чӣ гуна муваффақият ноил мегарданд?

Ҷамъияти саҳҳомии «Нерӯгоҳи гармии электрикии Навоӣ» манбаи асосии таъминкунандаи корхонаҳои саноатӣ, воҳидҳои тиҷорати хурд ва миёна ва ҳам истеъмолгарони иҷтимоиву маишии минтақа бо электр ва нерӯи гармӣ ба шумор меравад.
Ба таркиби истеъмолгарони асосии нерӯгоҳи гармии электрикӣ корхонаҳои саноатии вилоят – Корхонаи маъдану филизоти Навоӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомии «Навоиазот» ва «Қизилқумсемент», инчунин истгоҳҳои насоси асосии хоҷагии қишлоқи минтақа ва дигарон дохиланд. Фаъолияти баҳрабардории нерӯгоҳ моҳҳои феврал-марти соли 1963 бо самарадории қуввати соате 220 тонна бухори ду дегхонаи ҳар яке бо қуввати 25 мегаватти ду турбоагрегат оғоз ёфтааст. 
Аз чоряки чоруми соли 2012 дастгоҳи замонавии буғу гази занҷирии дорои қуввати 478 МВт низ ба кор даромад. Дар баробари ба кор даромадани дастгоҳи буғу гази соҳиби иқтидори 478 МВт, нерӯи истгоҳ 1618 мегаватт, қуввати гармидиҳӣ бошад, соате 518 гигакалорияро ташкил намуд.
Бо такомули дастгоҳҳои фартути ҷисмонӣ ва маънавӣ барои барқарорсозии таъминоти энергия, коҳиш додани харҷи сӯзишворӣ шартан нисбат ба воҳиди маҳсулот ва ҳам ба мақсади кам намудани таъсири зарарноки ҷараёни истеҳсолии энергетика ба атроф соли 2012 ба кор даромадани дастгоҳи буғу гази занҷирии молики қуввати 478 мегаватт ба давраи якуми такомул ва таъмири нерӯгоҳ оғоз бахшид.
Ба муносибати ба кор даромадани дастгоҳи нав ба сабаби афзудани истеҳсоли электроэнергия афзоиши қувват ба 220 кВ нимстансияи дастгоҳҳои тақсимбандии кушод таъмир гардид.
Давраи дуюм аз ҳисоби васеъ намудани стансия афзоиши истеҳсоли қувват, ҷорӣ намудани технологияи замонавии сарфакор ва бо мақсади барқарор намудани таъмини истеъмолгарон бо энергия солҳои 2017-2019 бо ба амал татбиқ намудани лоиҳаи дастгоҳи буғу газ ба қуввати 450 мегаватт давом дода шуд. Дар тафовут аз дастгоҳи якум, дар ин лоиҳа истеҳсол намудани энергияи гармӣ ба миқдори 200 гигакалория дар назар дошта шуда, бо ин дар оянда нав намудани қуввати гармии нерӯгоҳ дар назар дошта шудааст.
Ба нақша гирифта шудааст, ки солҳои 2019-2023 лоиҳаи дастгоҳҳои навбатии сеюм ва чоруми буғу газ ба кор андохта шуда, васеъ гардонда мешавад. Ин ба давраи сеюми тараққиёти нерӯгоҳ оғоз мебахшад.
Ба ҳаёт татбиқ намудани лоиҳаҳои мазкур бо афзоиши қуввати истеҳсолии Корхонаи маъдану филизоти Навоӣ вобаста аст. Дар айни ҳол дар бобати таҳияи асосҳои техникиву иқтисодии лоиҳа, дақиқ намудани манбаъҳои таъмини молиявии сохтмон ва ба амал татбиқ намудани лоиҳаҳо ва бисёр масъалаҳои дигар кор бурда мешавад. 
Маҷмӯаи масъалаҳои таъсири лоиҳа ба муҳити атроф аз экспертизаи экологӣ гузаронда шуд. Аз ҷониби ҳокимиятҳои ноҳияҳои Кармана ва Навбаҳор барои ду дастгоҳ ва ҳам ба мақсади интиқоли қуввати ин энергоблокҳои навбатӣ барои 220/500 кВ барои сохтмони нимстансия ҷудо намудани замин ба таври мусбӣ ҳал гаштааст.
Дар дастгоҳҳои замонавӣ ба таври занҷири комбинатсия барои истеҳсоли 1 кВт соат электроэнергия ба таври шартӣ 220-235 грамм сӯзишворӣ харҷ мегардад (барои муқоиса: дар дастгоҳҳои технологияи анъанавӣ ин рақам қариб ба 400 грамм мерасад ва ҳатто эҳтимол бештар аз онро низ ташкил менамояд). Дар натиҷаи ба кор андохтани дастгоҳи аввалаи дорои қуввати 478 МВт миқдори гази табиие, ки соле дар нерӯгоҳ сарфа мегардад, 350-400 миллион метри мукааб, дар байни солҳои 2013-2014 2,3 миллиард метри мукааб газ сарфа гардида, 1 триллион сӯм маблағ сарфа мегардад.
Дар баробари ба кор даромадани дастгоҳи навбати дуюм бо қуввати 450 МВт дар доираи нерӯгоҳ барои истеъмолгарони дохилӣ ба таври илова соле 3 миллиарду 276 миллион кВт соат электроэнергия истеҳсол намудан имконпазир мегардад. Боз як шоистаи эътибори лоиҳа дар он аст, ки дар Ӯзбекистон бори нахуст ба ҷои оби техникӣ конденсатор насб гаштааст, ки бо ҳаво хунук карда мешавад.
Дар баробари ба кор даромадани дастгоҳи нав 112 ҷойи кор ба вуҷуд омада, сарфаи солонаи гази табиӣ 500 миллион метри мукаабро ташкил хоҳад кард.
Дар натиҷаи васеъ ҷорӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорие, ки ба технологияи замонавии энергетика асос меёбад, соли 2023 интизорӣ меравад, ки дар нерӯгоҳҳои гармии электрикӣ дастгоҳҳои турбинаи газ ва ҳам турбинаҳои дастгоҳҳои занҷирии буғу газ ба 21-то расад. Ин, дар навбати худ, барои дастгоҳҳое, ки дар ҳамин давр ҷорӣ мегардад, вазифа мегузорад, ки беш аз ҳазор нафар ходимони соҳибмалакаи соҳа тарбия карда шаванд. Дар пойгоҳи нерӯгоҳ барои эҳтиёҷи низоми энергетикии нерӯгоҳи гармии электрикӣ ташкил гардидани маркази таълимии ходимон барои ба таври мусбӣ ҳал гардидани масъалаи мазкур хидмат менамояд.
Марказ бевосита бо кӯмаки моддиву техникии Агентии ҳамкории байналхалқии Ҷопон (JICA) ташкил гардида, охири соли 2018 ба 14 нафар инструктор сертификате супурда шуд, ки онҳо аз ҷониби коршиносони JICA бо машғулоти амалӣ ва назарӣ омода карда шуда ва акнун худашон ҳамчунин ҳуқуқро моликанд. Моҳи июли соли 2019 ба маркази таълимӣ барои роҳандозии фаъолияти тиҷоратӣ расман иҷозат дода шуд.
Дар ҷамъияти саҳҳомии «НГЭ Навоӣ» ба амал татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории навбати сеюм ва чоруми ҳар яке дорои қуввати 650 МВт ба нақша гирифта шудааст. Дар минтақа инкишоф додани истеҳсоли қувваи энергетикӣ ва ҳам ба 500 кВ қувва афзудани шабакаи электрикӣ ба қонеъ намудани талаб ба электроэнергия, ки барои аз худ намудани қариб 30 га кон, ки аз ҷониби Корхонаи маъдану филизоти Навоӣ дар домани Қизилқум аниқ гаштааст, нигаронда шудааст.

Аз қуввати нерӯгоҳҳои барқии обӣ босамар бояд истифода бурд

Пӯшида нест, ки чандин сол пеш аз ин низ дар бисёр ҳудудҳои мамлакат, хусусан дар деҳот дар интиқоли электроэнергия зуд-зуд қатъ гардидан ба назар мерасид. Солҳои охир дар соҳаи таъминоти электрикӣ ба амал ҷорӣ намудани ислоҳот чунин ҳолатҳои манфӣ, маҳдудсозӣ дар таъмин бо электроэнергия барҳам ёфт.
Бояд қайд кард, ки дар ин бобат барои истифодаи муфид ва босамар аз имкониятҳои дохилӣ эътибори алоҳида дода мешавад. Аз он ҷумла дар ду соли охир таъмир намудани нерӯгоҳҳои барқии обии вилояти Андиҷон, афзоиши иқтидори истеҳсолии онҳо корҳои молики эътибор бурда шуданд.
Аз ҷониби корхонаи воҳиди «Шаҳрихон гидроэлектростансиялари каскади» дар доираи иҷрои қарори Президент аз 2 майи соли 2017 «Дар бораи барномаи чорабиниҳои боз ҳам ривоҷ додани гидроэнергетика дар солҳои 2017-2021» такмил додани нерӯгоҳи барқии обии «Ҷанубий Фарғона канали – 1» ба амал татбиқ гардид.
НБО «Ҷанубий Фарғона канали – 1», ки соли 1957 ба кор даромадааст, қуввати умумии агрегати мавҷуди он 2,1 МВт-ро ташкил намудааст. Аз сабаби интиқоли қуввати баланди хат дар нерӯгоҳ, ба муддати дароз истифода намудани дастгоҳҳои нимстансияи электрикӣ ва ҳам гидроагрегатҳо дар ҷараёни кори онҳо мушкилот пеш омада, дар натиҷа гидроагрегати нерӯгоҳ ба ҷойи 2,1 МВт энергияи электрикӣ, 1,5 МВт, яъне 0,6 МВт камтар электроэнергия истеҳсол менамуд.
Бинобар он нерӯгоҳи барқии обӣ таъмир карда шуд. Гидроагрегат ва дастгоҳҳои электрикии замонавии ҷавобгӯи имрӯз насб карда шуд. Корҳои мазкур аз ҷониби мутахассисони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Энергоресурс» анҷом дода шуд. Пас аз такмили он қуввати агрегати Г-1 ба 2,2 МВт расонда шуд. Барои ба амал татбиқ намудани лоиҳа 5,4 миллион доллар маблағ харҷ гардид.
Барои навсозии агрегатҳои нерӯгоҳи барқии обӣ ва ҳам таҷҳизоти электрикӣ корҳои ногузир тибқи нақша пеш бурда мешавад. Аз он ҷумла соли ҷорӣ дар нерӯгоҳи барқии обии «Жанубий Фарғона канали – 2» низ корҳои таъмир ба нақша гирифта шуда, дар айни ҳол кор дар он оғоз ёфтааст.

Аз тавлиди ашёи хом – то маҳсулоти тайёр

Нисбат ба он ки ашёи хом нимтайёр фурӯхта шавад, беҳтар аст, ки он бештар омода гардида, ба шакли маҳсулоти тайёр расонда шуда, ба фурӯш расад, барои иқтисодиёт 5-6 баробар, ҳатто бештар аз он фоидаовар аст, ки ин дар таҷрибаи ҷаҳонӣ собит гаштааст.
Дар мамлакатамон ислоҳоти иқтисодии тӯли солҳои охир татбиқшуда низ ба амиқ азнавкоркарди маҳсулоти истеҳсогардида имкон фароҳам меорад. Ин раванд маҳз дар саноати бофандагӣ ва дӯзандагиву трикотажӣ равшан эҳсос мегардад.  Дар соҳа ба роҳ монда шудани низоми кластер корҳои самти мазкурро ба зинаи нав бардошт.  Қарори роҳбари давлатамон «Дар бораи барномаи чорабиниҳо оид ба рушди минбаъдаи саноати бофандагӣ ва дӯзандагиву трикотажӣ дар солҳои 2017-2019» аз 21 декабри соли  2016 дар ин бобат дастуруламали муҳим мегардад. Дар доираи иҷрои қарори мазкур дар вилояти Қашқадарё низ оид ба ташкил кардани корхонаҳои замонавии ба истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук ихтисосонидашуда ва навсозии корхонаҳои мавҷуд як қатор корҳо амалӣ мегарданд.
Дар вилоят айни замон 7 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти калони бофандагӣ ва дӯзандагиву трикотажӣ фаъолият нишон медиҳад. Аз ба кор оғоз намудани корхонаи хусусии «Sulton tex group»-и шаҳри Қаршӣ вақти зиёд нагузаштааст. Аммо дар муддати кутоҳ ба натиҷаҳои самарабахш ноил гардид. Дар 10,5 гектар майдони истифоданамешудаи шаҳри  Қаршӣ дар доираи лоиҳаи зинаи якуми корхона фабрикаи ресмонресӣ ба кор даромад, ки соле 9 ҳазор тонна нахи пахтаро аз нав кор мекунад. Барои ҷараёни истеҳсолӣ технологияҳои замонавӣ васл гардид. Дар натиҷа қариб 300 ҷойи корӣ созмон дода шуд. Корхона дар тӯли се соли охир қариб 23 ҳазору 526 тонна ашёи хоми пахтаро аз нав кор карда, қариб 19 ҳазору 500 тонна калобаи ресмон истеҳсол кард. Маҳсулоти мазкур бо сифати баланд ва серхаридориаш ҷудо шуда меистад. Дар соли 2018 ба миқдори 12 миллион доллари ИМА маҳсулот содир шуда бошад, дар соли 2019 ин нишондиҳанда 14 миллион доллари ИМАро ташкил дод. Дар соли 2020-ум бошад, ба 20 миллион доллар расондани ҳаҷми содирот ба нақша гирифта шудааст.
Дар корхона зина ба зина баланд бардоштани истеҳсолот ба нақша гирифта шудааст. Бинобар он истеҳсол, ранг додан ва коркарди 9,6 миллион пагонометр матои бофта, истеҳсоли 8,8 миллион дона либоси тайёр пешбинӣ шудааст. Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳо оид ба ҷорӣ намудани шаклҳои замонавии ташкил кардани истеҳсоли пахтаву маҳсулоти бофандагӣ» аз 25 январи соли 2018 низ ба рушди соҳа аҳамияти муҳим касб менамояд. Дар асоси тамоюли аз ашёи хом то маҳсулоти тайёр низоми ба худ хоси самарабахш ба роҳ монда шуд. Аз ашёи хом калобаи ресмон, аз калобаи ресмон матоъ, аз матоъ маҳсулоти тайёр истеҳсол карда мешавад. Дар натиҷаи ба роҳ монда шудани зинаи дувуми лоиҳа, яъне фабрикаи дӯзандагӣ 90 нафар зану духтар бо кор таъмин гардид. Дар фабрикае, ки арзиши лоиҳа 2,5 миллион доллари ИМА мебошад, дар соли 2019 2 ҳазору 800 тонна матои трикотажӣ истеҳсол карда шуд. Баробари бо иқтидори пурра ба кор сар кардани корхона ин нишондиҳанда ба 4 ҳазор тонна хоҳад расид.
– Соли 2019 барои корхонаамон муваффақиятнок анҷом ёфт, – мегӯяд муовини директор оид ба содирот ва воридоти корхонаи мазкур Ғиёс Рӯзиев. – Зинаҳои муҳими кластери саноати пахта, ки ба воситаи рӯёндани пахта, амиқ азнавкоркарди он ҷараёни то истеҳсоли маҳсулотро фаро гирифтааст, – лоиҳаҳои фабрикаҳои истеҳсоли  ресмонресӣ, матои трикотажӣ ва либоси тайёр, инчунин заводҳои пахтатозакунӣ ва истеҳсоли равғанро амалӣ гардонд. Дар асоси ташаккул додани муносибатҳои бозори байни хоҷагиҳои фермерӣ ва корхонаҳои саноати бофандагӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои замонавии ташкил кардани истеҳсоли бофандагии пахта ба мақсади таъмин кардани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири дорои арзиши иловагии баланд дар соли 2019 бо имзо намудани шартнома бо хоҷагиҳои фермерии ноҳияи Қаршӣ рӯёндани ашёи хоми пахта ба роҳ монда шуд. Арзиши умумии лоиҳаҳои мазкур 34 миллион доллари ИМАро ташкил дода, қариб 1000 ҷойҳои корӣ созмон дода шуданд.
Дар моҳи июни соли 2019 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти тайёр ба кор сар кард. Иқтидори солонаи фабрикаи дӯзандагии арзиши лоиҳааш 3,3 миллион доллари ИМА истеҳсол намудани 8 миллион дона маҳсулоти тайёри трикотажӣ ва либосворӣ мебошад. Ба муносибати ба кор дароварда шудани корхона шуғли 300 нафар занону духтарон таъмин гардид. То имрӯз аз матои табииву соф 1 миллион дона ҳар гуна либосҳо тайёр карда шуда, ба бозори дохилӣ ва хориҷӣ бароварда шуд. Бо пурра ба кор сар кардани фабрикаи дӯзандагӣ боз 900 ҷойи нави корӣ созмон дода мешаванд. 
– Баъд аз хатми коллеҷи касбу ҳунар бо сабаби аз рӯи ихтисосам мавҷуд набудани кор дар хона менишастам, – мегӯяд оператори корхона Азиза Аҳмедова. – Соли 2018 шунидам, ки ин корхона кушода шудааст ва ҳуҷҷатҳоямро супурдам. Ба кор қабул шудам. Ду сол аст, ки дар ин корхона ба сифати оператор кор мекунам. Қарибки тамоми корҳо бо ёриии таҷҳизоти замонавӣ ба таври автоматӣ иҷро мегарданд. Мо танҳо дар ҷараёни назорати он иштирок мекунем. Ҳоло дар компютер кор карданро хуб азхуд намудам. Корам бароям маъқул аст. 
Лоиҳае, ки аз рӯёндани ашёи хоми пахта, азнавкоркард, калобаи ресмон, бофтан, ранг додан сар карда то истеҳсоли маҳсулоти тайёрро фаро гирифтааст, дар миқёси васеъ идома дорад.
Дар ноҳияи Қаршӣ дар 14 ҳазору 800 гектар майдон кластери саноати пахта ташкил карда шуд. Технологияҳои пешқадами корбарӣ, ба ҳаёт татбиқ карда шудани аз об оқилона истифода бурдан барин як қатор таҷрибаҳои сарфакору замонавӣ афзалият доштани низоми навро нишон дод.
Дар айни ҳол корҳои татбиқи боз як шакли лоиҳаи кластер оғоз ёфтанд. Дар 3 гектар майдони барои кластери саноати пахта ҷудошуда сохтмони заводи пахтатозакунӣ идома дорад. Завод соле метавонад 50 ҳазор тонна пахтаро аз тухмӣ ҷудо кунад. Ба ғайр аз ин, соле ба воситаи азнавкоркарди 36 ҳазор тонна тухмӣ заводи дорои иқтидори равғанҷудокунӣ сохта мешавад. Дар натиҷаи ба кор дароварда шудани лоиҳаҳои мазкур боз 160 ҷойи кори нав созмон дода мешаванд. 
Ҷамоаи корхона мақсад гузоштааст, ки дар соли 2020 иқтидори истеҳсолотро баланд бардошта, намуди фаъолиятро васеъ гадонад. Аз ҷумла, лоиҳаҳои ресмонресии дорои иқтидори ресидани 9 ҳазор тонна пахтаи арзишаш 20 миллион доллар, фабрикаҳои рангкунии матои арзиши лоиҳавиаш 12 миллион доллар, маҷмӯи чорвопарвари барои парвариши 1000 сар чорвои наслдор пешбинишудаи арзиши лоиҳавиаш 10 миллион доллар ба амал бароварда мешаванд. Ба ғайр аз ин, соли ҷорӣ татбиқи лоиҳаи тухмипарварии арзиши лоиҳавиаш 2 миллион доллар оғоз меёбад.
Ба воситаи бо усули кластер ташкил кардани истеҳсоли саноати пахта ҳаҷми самарабахш истифода бурдан аз захираҳои замин, об ва дигар, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, сари вақт ҷамъ овардани ашёи хоми пахта, инчунин, амиқ аз нав кор кардан ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловагӣ, дар бозори беруна серхаридор меафзояд. Ин бошад, ба рушди иқтисодиёти мамлакат ва фаровонии халқамон хидмат мекунад.

Н. РАҲИМОВ, 
Ф. УБАЙДУЛЛОЕВ, 
Ӯ. БАРОТОВ, 
мухбирони ӮзА.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: