САМАРАИ ТАҶРИБА ВА МАҲОРАТ

Мактаби таълими миёнаи умумии рақами 17-уми шаҳри Ангрен яке аз муассисаҳои бонуфузи ҳудуд ба шумор рафта, дар он таълим пурра ба забони тоҷикӣ бурда мешавад.

Муаллимони ботаҷриба ва дорои дониши амиқ дар ин даргоҳи илм ба насли ҷавон таълиму тарбия медиҳанд. Имрӯз дар замоне зиндагӣ мекунем, ки пур аз навгонӣ, ислоҳот ва пешравиҳо аст. Солҳои охир барои гирифтани таълим беш аз пеш рағбату хоҳиш меафзояд, ки ин бешак, барои рушди иқтисодиёти кишвар, муносибатҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳусниддин Ҳасанов солҳои зиёдест, ки бо меҳнати машаққатнок, вале пуршарафи худ ба муаллимони ҷавон намунаи ибрат аст. Ӯ аз соли 1979 инҷониб дар ин даргоҳ фаъолият мебарад. «Дарахт дар як ҷо месабзад» гуфтагӣ барин, муаллим 40 сол боз дар як ҷо кор мекунад. Ӯ даставвал аз фанни тарбияи ҷисмонӣ дарс дод, бо серталабӣ ва ғайратнокии худ дар мактаб ангуштнамо мебошад. Шогирдони ӯ аз рӯйи баскетбол, футбол, шашка, шоҳмот ва дигар намудҳои варзиш дар озмунҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба ҷойҳои намоён сазовор гаштаанд.
Ҳ. Ҳасанов алҳол аз фанни география дарс медиҳад. Ӯ хонаи географияро бо асбобҳои аёнии замонавӣ ҷиҳозонидааст, ки ҳар як дарсаш барои хонанда шавқовар аст.  
Меҳнати самараноки устодро ба назар гирифта, ӯро соли 1992 ҷонишини директор оид ба корҳои маънавиву маърифатии мактаб таъин намуданд. Саъю ҳаракати ӯ буд, ки шогирдонаш дар озмунҳои «Ғунчаҳои санъат», «Туризм», «Табиатро ҳифз намо», «Марди майдон» иштирок карда, дар байни мактабҳои шаҳр ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
– Сарвари давлатамон ба соҳаи мактаб, таълиму тарбия эътибори ҷиддӣ медиҳад. Ояндаи мо, ояндаи Ватан дар дасти ҷавонон аст. Онҳоро бовиҷдон, боимон, ватандӯсту халқпарвар бояд тарбия намоем. Ба ғамхориҳои ҳукумат бояд сазовор бошем, – мегӯяд устоди фидоӣ Ҳ. Ҳасанов.
Одатан, бисёр шахсон аз ихтисоси худ берун намебароянд. Ҳ. Ҳасанов аз фанни география, тарбияи ҷисмонӣ, қоидаҳои ҳаракати роҳ, мусиқа ва санъат, умуман, кадом фаннеро пешниҳод кунанд, аз таҳти дил, бо маҳорати педагогӣ дарс мегузарад. 
Роҳи ҳаёт ва маҳорату таҷрибаи омӯзгории Ҳ. Ҳасанов барои мо, шогирдон ва омӯзгорони ҷавон намунаи ибрат мегардад.

Дилафрӯз ИСМОИЛОВА,
муаллимаи мактаби рақами 17-уми шаҳри Ангрен.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: